ХАБАРИ ДОҒ

Душанбе: боздошти 11 ронандаи маст дар 1 ҳафта

  • Панҷшанбе, Фев 21 2019


   Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди ш.Душанбе 5827 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар ин бора ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар доданд.
   Аз ҷумла: бе рақами қайди давлатӣ-58 адад, идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ-6 адад, баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда-231 адад, истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт-151 адад, итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо-20 адад, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт-20 адад, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ-155 адад, худсарона баромадан аз хати сайр-132 адад, азназаргузаронии воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ-107 адад ба қайд гирифта шудааст.
   Инчунин, ҳолатҳои вазъияти хавфнок-18 адад, аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон-376 адад, риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон-390 адад, ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд-35 адад, дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо-4513 адад.
   Дар баробари ин аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди ш.Душанбе 11 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати қонуншиканон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter