ХАБАРИ ДОҒ


Тибқи маълумоти оморӣ дар 3 моҳи аввали соли 2019, дар ВМКБ 196 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ошкоркунии он 90 фоизро ташкил додааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад.
 Бино ба иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, ҳафтаи сипаригардида дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсат ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 3 моҳи аввали соли 2019 баргузор гардид. Ҷаласаро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. оғоз намуда, оид ба натиҷаи фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар ВМКБ, дар 3 моҳи сипаригардидаи соли равон ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, риоя намудани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди вилоят, махсусан ш.Хоруғ, инчунин вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мусодираи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз ҷинояткорон ва шахсони алоҳида, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ҷиноятӣ, посдории волоияти қонун, боз ҳам қавӣ гардонидани ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ суханронӣ намуд.
   Инчунин таъкид карда шуд, ки то ба имрӯз Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ дар баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона, шинонидани дарахту ниҳолҳо, гулу бутаҳои ороишӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани азизамон нақши назаррас гузошта истодаанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter