Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13 сола, сокини деҳаи Чоряккорони н.Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6 сола нақши асосӣ дошта, номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст. Дар айни замон Очилдиев Сунатулло, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳои ӯ безарар гардонида шуданд.
Тавре қаблан хабар дода будем ноболиғ Осия Зулфоноваи 6 сола рӯзи 19.06.2019, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар н.Синои ш.Душанбе бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан дар Беморхонаи шаҳрии №3 бистарӣ гардида буд. Бо дастури Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия) ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ҷиҳати дидан намудан аз вазъи саломатии ноболиғ Зулфонова Осия ба Душанбе ташриф овард. Баъд аз муоина профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро мӯътадили вазнини миёна арзёбӣ карда, мавсуф аз рӯи таърихи бемории Зулфонова О. пешакӣ омӯхтааш, бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст. Лозим ба таъкид аст, ки ин табиб тариқи ройгон ба ноболиғ Зулфонова Осия кӯмак мерасонад.