Рӯзи 17 .07.2019 дар бинои прокуратураи вилояти Хатлон нишасти хабарӣ баргузор гардид. Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло зимни нишаст ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят нисбати ҳамин давраи соли гузашта тамоили пастшавӣ дошта, ҷамъан 3158 (3482) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра 444 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зарари он маблағи 80.000.000 сомониро ташкил медиҳад.
Абдусаломзода Баҳодур, СССР, Хатлон