Муноқишаи 2 ҷавон, ки ҳарду донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон буданд, бо куштори 1 нафари онҳо анҷомид.
Субҳи 8.10.2019 тахминан соатҳои 07.30 дақиқа дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути н.Сино ҳангоми ба донишгоҳ рафтан байни 2 нафар донишҷӯёни донишгоҳи мазкур - Қурбонов Убайдулло Бежанович соли таваллудаш 21.03.2001, сокини н.Сино, кӯчаи Шерализода ва Фозилов Дилмурод Сироҷович соли таваллудаш 23.02.2002, истиқоматкунандаи н.Сино, кӯчаи Ҳаёти Нав муноқиша сар мезанад, ки дар натиҷа дастпарварони донишгоҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро дар назди дигар рафиқони дигарашон: Ғафурзода Абдухолиқ Аброр соли таваллудаш 19.09.2001, сокини н.Сино, кӯчаи Шерализода, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Шарипов Кабир Орифҷонович соли таваллудаш 28.05.2002, сокини н.Сино, кӯчаи Шерализода, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Ғайбуллоев Давлат Абдусатторович соли таваллудаш 02.07.2001, истиқоматкунандаи н. Сино, кӯчаи Ҳаёти Нав, донишҷӯи бахши 1-уми Литсейи касбӣ-техникии Тоҷикистон латукӯб мекунанд.
Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар медиҳад, дар ин ҳолат, донишҷӯ Қурбонов Убайдулло Бежанович аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди бо худ доштааш 1 маротиба ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Фозилов Дилмурод Сироҷович мезанад, ки дар натиҷа бо бардошти ҷароҳати вазнин охирон ба ҳалокат расида, гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Кормандони милитсияи пойтахт зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар дар ҷинояти одамкушӣ шаҳрванд Қурбонов Убайдулло Бежановичро худи ҳамон рӯз аз ҳудуди н.Муъминободи в.Хатлон дастгир намуданд, ки айни ҳол нисбати охирон бо моддаҳои 237 (авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард) ва 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршуда Убайдулло Қурбонов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Илова бар ин гуфта мешавад, ки дар ҷараёни тафтиши пешакӣ даст доштан ва ё надоштани дигар рафиқонашон, ки зимни сар задани муноқиша дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, муайян карда мешавад.
Далелҳои аввалини тафтишотӣ муайян намуд, ки ҳарду донишҷӯён хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60-и н.Сино дар соли ҷорӣ буда, хусумати даврони мактабӣ ва бетарафии дӯстону наздиконашон оқибат ба ҷинояти вазнини одамкушӣ оварда расонид.