Тавре манбаъҳои мӯътамади СССР хабар медиҳанд, дар байни 20 нафар ҳамлагарон ба дидбонгоҳи марзии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди «Султонобод»-и н.Рӯдакӣ, ки дар сарҳади байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дошта, шаби 5 ба 6 ноябри соли ҷорӣ мавриди ҳуҷуми мусаллаҳона қарор гирифт, 5 нафарашон занҳо буда, дар пайи ин амалиёт 2 нафари онҳо кушта шуданд. Аз 5 нафаре, ки аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар дастгир гардидаанд, 3 нафар зан ва 2 нафар мард мебошанд. Ин занҳо моҳҳои тӯлонӣ омодагии ҷангиро дар лагерҳои ҷангиёни ДОИШ дар Афғонистон тамрин намуда, ба ҳайси маргталаб-«смертник» омода шуда буданд. Ҳамаи ин занҳо зодаи ш. Истаравшани вил. Суғд будаанд.
Бояд гуфт, ки ин гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ санаи 3.11.2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус-ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» будаанд, бо истифода аз торикии шаб, хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди н.Қубодиён гузашта, ба гурӯҳҳо тақсим шуда, 3 рӯз тавассути мошинҳои гуногуни роҳ ва баъдан мошинҳои сабукрави тамғаи «Опел», ки рақамҳои давлатиаш марбут ба пойтахт-01 буд, савораву пиёда 120 км вориди хоки Тоҷикистон мешаванд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона омодагӣ мебинанд.
Ҳарбиёни тоҷик, ки дар ин шабу рӯз пешопеши Рӯзи Конститутсияи ҶТ дар ҳолати «омодабош» қарор доштанд, чусту чолокӣ нишон дода, ҳамлаи мусаллаҳонаро ба таври оҷилӣ гардониданд. Дар хабарҳои қаблӣ гуфта мешуд, ки занҳо исфарагианд, лек ҳоло дар мақомот дақиқ карданд, ки онҳо истаравшанӣ будаанд.
СССР