ХАБАРИ ДОҒ

Делои ҷиноӣ зидди заминсози Қубодиён

  • Ҷумъа, Апр 22 2016

Аз суди н.Қубодиён имрӯз 20 апрел гуфтанд, ки зидди заминсози ноҳия Собир Нозиров тибқи 2 моддаи Кодекси Ҷиноии 247 ва 247 зербанди 1, қисми 2 делои ҷиноӣ, бо ҷурми қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр ва қаллобие, ки такроран аз ҷониби гурӯҳ ё ашхос бо маслиҳати пешакӣ аз суи додситони кулл боз шуда ба додситони н.Қубодиён расидааст.

Парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 338, яъне худсарона ишғол намудани қитъаи замин аз ҷониби Оҷонсии зидди фасоди молии вил.Хатлон боз шуда ба суд расидааст.Тибқи ин 2 модда ҷарима аз 200 то 500 маоши ҳадди ақал ва маҳрумият аз озодӣ, аз 8 то 12 солро пешбини мекунад. Гуфта мешавад, боздошти заминсози ноҳия дар асоси шикояти сокинон ба миён омадааст. Тибқи иттилои расмӣ Собир ба мардум заминҳоро, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар бояд барои сохтмони манзил дода мешуд, фурӯхта, аз онҳо пул меситонидааст. Зафар Абдураҳмонов, вакили Собир, аз қавли зерҳимояаш гуфт, ки ӯ қаллобӣ накардааст. Чанд соли пеш дар н.Қубодиён корманди заминсози кумитаи замин худро ба дор овехта кушта буд, ки гуфта мешавад, баъди худкушии ӯ сару садое дар мавриди ришваситонияш садо дод. Тибқи иттилои расмӣ дар 2 соли ахир дар Хатлон наздики 10 нафар корманди идораи замин, ҷамоатҳо ва масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ боздошт ва равонаи зиндон шудаанд.

Баҳодур Уроқов СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter