Дар соли 2019 аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар 249 ҷинояти характери коррупсионӣ дошта ба қайд гирифта шуда, дар соҳаҳои маориф ва илм-122 ҷиноят ва тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ-135 ҷиноят ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зимни мулоқоти хеш бо хабарнигорон иброз дошт.
Рӯйхати баъдиро бино ба иттилои мавсуф бахши кишоварзӣ-32, соҳаи нақлиёти мамлакат-17 ҷиноят, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ-64 ҷиноят, саноат ва технологияҳои нав-8, молия-7, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ-87, андоз-19, меъморӣ ва сохтмон-8, ШСХК «Барқи тоҷик»-359, соҳибкорони инфиродӣ-403, соҳаи бонкӣ-273 ва дигар идораву корхонаҳо 339 ҷиноят идома медиҳанд.
СССР