Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ гуфт, ки омода аст барои бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони ВМКБ мусоидат намуда, ВКД барои қабули хоҳишмандон барои кор ба сохторҳои худ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Рашту ноҳияҳои тобеи марказ тайёр аст. Ӯ ин нуқтаро рӯзи 3.08.2020 зимни нишасти матбуотӣ зикр намуда, инчунин гуфт, ки дигар сохторҳои мақомотҳои ҳифзи ҳукуқи кишвар, аз ҷумла Қушунҳои сарҳадӣ ҳам тайёр аст ҷавонони балаёқати ин минтақаро барои ҳифзи Ватан ба кор гирад.
-Соле қабл мо дар ин бора суҳбат карда, ҳатто дар НБО “Роғун” чанд нафар аз сокинони вилоятро ба ҷои кор таъмин намуда будем. Инчунин ман гуфта будам, ки мо омода ҳастем, ки ҷавонони Бадахшонро дар сохторҳои ВКД дар вилоятҳои Хатлон,Суғд ноҳия ва минтақаи Рашт ба кор гирем. Мутаассифона дар ин муддат ягон нафар муроҷиат накард ва ин ҷойҳо холӣ монданд. Мавриди қайд аст, ки дар ВМКБ 20 ё 30 иншоотҳои сохтмонӣ рафта истодааст, ки дар онҳо 1500 нафар ҷавонон аз дигар минтақаҳои кишвар рафта кор мекунанд. Ин иншоотҳо дар назди хонаҳояшон аст ва агар хоҳиши кор кардан медоштанд сокинини вилоятҳои Суғду Хатлон рафта дар онҷо кор намекарданд. Барои ҳамин пурсида мешавад, оё онҳо хоҳиши кор кардан доранд ё не?- афзуд вазир.
Ин иқдоми вазири корҳои дохилӣ ба хотири коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар ВМКБ роҳандозӣ шуда, илова бар ин соли гузашта бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар ВМКБ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил намуда буд, вале мутаассифона чанд нафар ҳамагӣ муроҷиат карданду тамом.
Бояд гуфт, ки Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки тибқи омори расмӣ дар вилоят 4000 нафар бекор ба қайд гирифта шуда бошад, дар асл ин шумора ба маротиб зиёд буда, то ба 16 000 нафар мерасад.
СССР