ХАБАРИ ДОҒ

Милитсияи моро Амрико ислоҳ мекунад?

  • Панҷшанбе, Апр 28 2016

(Кӯмаки Амрико ва Аврупо ба ислоҳоти милитсия)

 Ҳамоиши навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо намояндагони сафорати Амрико дар Тоҷикистону ширкатҳои ҳамкор аз Аврупо дар мавзӯи кӯмак ва ёрии амалӣ ба ҷараёни чорабиниҳои пешбинишудаи ислоҳот дар соҳаи милитсия бахшида шуд. Дар ҳамоиш аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди вазорат ва дигар сохторҳои шаҳрию минтақавии ВКД, Ҷеймс Берг-директори барномаи INL (Амрико), Александр Круг-менеҷери Лоиҳаи байналмилалии “Ҷаҳони бехатар” (Saferworld) дар Осиёи Марказӣ (Британияи Кабир), Хирад Каргасов-менеҷери Лоиҳаи байналмилалии “Ҷаҳони бехатар” дар Тоҷикистон, Қузратулло Ғуломов-мушовири калони Вазири корҳои дохилии ҶТ ва Алӣ Бобоназарзода-Ҳамоҳангсози миллии Барномаи ислоҳоти милитсия, ширкат карданд. Иштирокдорон дар ҳамоиш бори дигар вазъи иҷрои чорабиниҳо оид ба ислоҳот дар соҳаи милитсияро баррасӣ карда, ба фаъолият ва чорабиниҳои дар ин муддат аз тарафи Шӯроҳои ҷамъиятӣ гузаронида баҳо доданд. Ҳамчунин ширкаткунандагон аз камбудию норасоӣ ва монеъаҳои фаъолият сухан карда, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани чорабиниҳо пешниҳодҳо намуданд. Яке аз мавзӯҳои асосии ҳамоиш ин кӯмаки навбатии донорҳо, хоса, сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати чорабиниҳо оид ба ислоҳот дар соҳаи милитсия қарор дошт. Ҳамчунин А.Круг аз оғози барномаи нави ин Лоиҳа ҷиҳати самаранок кардани фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар тамоми манотиқи кишвар, хабар дод. Лоиҳаи мазкур тасмим гирифтааст маҷмӯи чорабиниҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш, иттилоотонӣ ва табодули таҷриба оид ба ислоҳот амалӣ намуда, дар ташкил ва таъмиру тармими ҳуҷраҳои кории шӯроҳои ҷамъиятӣ кӯмак расонад. Ҳамчунин тибқи барномаи Лоиҳа 1 зумра семинару конфронс ва ҳамоишҳои омӯзишӣ бо аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ҳайатҳои шахсии сохторҳои ВКД низ баргузор мешавад. Дар охир Кузратулло Ғуломов оид ба дастовардҳои вазорат ва соҳа баъди қабули Барномаи ислоҳот (рушд)-и милитсия барои солҳои 2014-2020, ки бо Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №296 аз 3.05.2014 тасдиқ шудааст, сухан карда, ҷиҳати мусоидати ҳамаҷонибаи ВКД ҶТ ба фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ ва махсусан таваҷҷуҳи бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода ба самаранокии ислоҳот дар соҳаи милитсия, ибрози ақида намуд.

Одинашо Муродов,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter