ХАБАРИ ДОҒ

Гумрук: Содироти мол афзуд

  • Панҷшанбе, Апр 28 2016

Дар семоҳаи аввали соли равон аз тарафи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон 959 адад декларатсияҳои барасмиятдарории гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 118 адад зиёд аст.

Дар қаламрави вилоят гардиши умумии молӣ дар ин давра ба миқдори 94 609 тонна ва бо арзиши гумрукии 102 594 577 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба семоҳаи аввали соли гузашта ба миқдори 18 937 тонна кам ва бо маблағи 38 342 394 доллари амрикоӣ зиёд гардидааст. Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, гардиши умумии содироти молӣ дар давраи ҳисоботӣ 42 801 тонна (бо арзиши гумрукии 32 550 209 доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта ба миқдори 29 364 тонна (бо маблағи 9 321 070 доллари амрикоӣ) зиёд аст. Дар маҷмӯъ воридоти мол дар ин давра 51 808 тонна ( ба маблағи 70 044 368 доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли қаблӣ 48 301 тонна кам ва ба маблағи 29 021 324 доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter