Салом СССР! Ин қадар аз мушкили роҳу наклиёт мегӯем, чаро то ҳол назорат нест? Ронандаҳои дағалу пулчинҳояшон аз вай бадтар. Бошад, мегуем вақти «часпик» маъмулан аз ҳад зиёд одам мегиранд. Вале чанде пеш дар нисфирӯзӣ ба микроавтобуси хатсайри №25, рақами давлатиаш 2525 нишастам. Чунон аз меъёр зиёд одам гирифт, то ҳатто аз дари пасу пеш дутарафа одам пур карда, мусофиронро аз дари пушташ мефаровард. Боз пулчини дағалашон чунон ба мусофирон дод мезад, «кудаконатонро гиреду ҷафстар истед», мисле, ки мегуӣ одам нею гӯсфанд бор дорад ва ба эътирозкунандаҳо бо дағалӣ мегуфт: маъқул нест бароед пиёда равед. Гӯё дар роҳи Душанбе танҳо нақлиёт худаш дораду халос. Хоҳишмандам ингуна ронандагони баднафс ва пулчинҳои дағалро ба кори мусофиркашонӣ роҳ надиҳед, муҳтарам раҳбарияти «Душанбенақлиётхадамотрасон».
Санами Абдураҳим,
ш.Душанбе,
Тел: 98 776 87 28