ХАБАРИ ДОҒ


Баҳори с.1917 барои Императории Русия бояд марҳалаи ҳалкунанда дар ғалабааш бар Олмону Австро-Венгрия дар Ҷанги ҷаҳонии 1 мешуд. Николайи 2 аз вазъияти бисёр сахти кишвар огоҳ буд, аммо мехост ба ҳар роҳ кишварашро аз ин ҷанг пируз берун орад. Ӯ ба хубӣ дарк мекард, ки дар сурати ғайр кишвараш барои солҳои тӯлонӣ аз арсаи абарқудратӣ хориҷ хоҳад шуд.

Аммо рӯйдодҳои моҳи феврал на танҳо тамоми нақшаҳои ҷангии Николайро барбод доданд, балки ба куллӣ низоми салтанатиро аз миён бардоштанд. Баҳонаи асосии баромадҳои инқилобӣ камбуди нон шуд. Дар Петроград мардум дар назди дӯконҳои нон навбатҳои тӯлонӣ истода, ахир, косаи сабрашон лабрез шуд. Рӯзи 21 феврал одамони зиёде бо шиорҳои «Нон диҳед, Нон диҳед» ба майдонҳои пойтахт рехтанд. Николай бо вуҷуди бетартибиҳо 22 феврал пойтахтро ба қасди Могилев тарк карда, ба вазири умури дохила Александр Протопопов дастур медиҳад, ки вазъро ба эътидол орад. Аммо вазир, ки сентябри с.1916 ба вазифаи ВКД таъин шуда буд, натавонист амри подшоҳро иҷро кунад. Вазир танҳо дастур дод, чанд тан аз фаъолони фраксияи болшевикиро ҳабс кунанду халос. Ба андешаи шоири рус Александр Блок, маҳз бефаъолиятии Протопопов сабаби асосии Инқилоби февралӣ шуд. 22 феврал занони хонашини пойтахт ба майдонҳо баромаданд. 1 рӯз баъд, 23 феврал теъдоди ошӯбгарон дар Петроград ба 100.000 коргар расид. Акнун коргарон на фақат нон ва анҷоми ҷангро мехостанд, балки шиори асосиашон-сарнагунии сохти салтанатӣ шуд. Николай низ аз бесалоҳиятии вазир огоҳ шуд ва 24 феврал барои саркӯбии инқилоб тамоми қудрати ҳукуматиро дар пойтахт ба фармондеҳи нерӯҳои округи ҳарбии Петроград, генерал-лейтенант Хабалов вогузошт. Ӯ ба Хабалов телеграммае ирсол намуд, ки дар он омада буд: «Амр мекунам, худи пагоҳ ҳамаи ошӯбҳоро дар пойтахт, ки дар шароити душвори ҷанг бо Олмон ва Австрия ғайриқобили таҳаммуланд, хомӯш кунед». Аммо Хабалов низ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳояш барнаёмад. Бештари Артиш ба фармони ӯ итоат накард. Хабалов, ки бештари умрашро дар ситодҳо гузаронида буд, миёни аскарони қаторӣ обрӯ надошт. 27 феврал гузаштани оммавии аскарон ба тарафи мардум сар шуд ва баъди чанде теъдоди аскарони ба тарафи инқилоб гузашта, аллакай 127.000 нафарро ташкил медод. Аввалин шуда, субҳи 27 феврал фелтфебели калон Тимофей Кирпичников аскарони зертобеъи худро мусаллаҳ намуда, аскарони шӯришгар штабс капитан Лашкевичро ба қатл расониданд. Баъди пирӯзии инқилоби февралӣ Кирпичниковро чун аввалин аскаре, ки зидди низоми салтанатӣ силоҳ бардошт, бо салиби Георгий қадр карданд. Аммо аввалин аскари инқилоб замони ҷанги гражданӣ бо фармони полковник Кутепов, ки тарафдори ашаддии низоми подшоҳӣ буд, ба қатл расид. 28 феврал аскарони шӯришӣ Хабаловро дошта, дар қалъаи Петропавловск зиндонӣ карданд. Баъд аз Петроград инқилоб шаҳри 2-уми кишвар Маскавро низ фаро гирифт. Ҳукумат 27 феврал Маскавро дар ҳолати муҳосира эълон ва тамоми гирдиҳамоиҳоро манъ кард. Аммо ҳукуматдорон дар Маскав низ натавонистанд вазъиятро ба эътидол оранд ва шӯришгарон то 2 март, аллакай истгоҳҳои роҳи оҳан, арсеналҳо ва Кремлро ба тасарруфи худ дароварданд. 


Зокирҷон Бобоев,
таърихшинос, н.Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter