ХАБАРИ ДОҒ


5.03.1953 Иосиф Сталин даргузашт. Ӯро метавон яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар асри 20 муаррифӣ кард. Беш аз 30 сол зимоми қудрати сиёсии СССРро дар даст дошт.

Тарафдоронаш ӯро пешвои бузург, ки ҳамеша дар ғами халқ буд ва барои кишвар корҳои зиёде анҷом дод, муаррифӣ мекунанд. Душманонаш бошад аз ӯ диктатори бераҳм ном мебаранд. Сталин аз хурдӣ ба хондан иштиёқи зиёд дошт ва кутуби зиёдеро мутолиа мекард. Аз ҳама бештар таваҷҷӯҳи ӯро “Падаркуш”-китоби нависандаи гурҷӣ-А.Казбегӣ ба худ ҷалб карда буд. Казбегӣ дар ин китоб муборизаи деҳқонони кӯҳистонии гурҷиро барои озодӣ ва истиқлолияти хеш ба тасвир кашида буд. Хоса, яке аз қаҳрамонони ин асар Кобаи нотарс барои Иосиф идеал қарор гирифт ва худро пас аз ин Коба муаррифӣ мекард. Ӯ одатан 300 саҳифаро дар 1 рӯз мехонд. Савияи дониши ӯро низ мешавад бо теъдоди кутуби хондааш баҳо гузошт. Танҳо дар китобхонаи манзили Кремлии Сталин беш аз 40.000 нусха китоб мавҷуд буд. Бо ҳамин, ӯ дар тамоми бӯстонсароҳояш китобхона дошт ва теъдоди китобҳои хондаашро касе наметавонад дақиқ ҳисоб намояд. Тибқи меъёрҳои имрӯзаи касби дастовардҳои илмӣ, Сталин ҳанӯз с.1920 доктори фалсафа буд. Комилан бо забонҳои гурҷӣ, русӣ ва забони славянии қадим ошноӣ дошт. Инчунин муаррихоне, ки зиндагии ӯро таҳқиқ кардаанд, мегӯянд, ки забонҳои англисӣ, немисӣ, венгерӣ ва фаронсавиро медонист, забонҳои арманию осетиниро низ мефаҳмид. Сталин с.1903 шомили ҳизби болшевикӣ шуд ва солҳои 1906-07 дар Қафқоз ба ҷамъоварии маблағ барои ҳизби болшевикӣ машғул буд. Соли 1907 кумитаи РСДРПро дар Боку таъсис дода, яке аз роҳбарони кумита будӣ. Ҳамеша аз Ленин тарафдорӣ мекард ва Илич с.1912 ӯро ба КМ ва бюрои русии КМ РСДРП пешбарӣ намуд. Баъди чанде Сталинро боз ҳабс карданд. Ин бор ӯро инқилоби февралии Русия озод кард. Баҳори с.1917 ба Петроград омада, узви Бюрои сиёсии КМ ва Кумитаи ҳарбӣ-инқилобӣ шуд. Инчунин дар нашру паҳни “Правда”-газетаи болшевикон низ фаъолона ширкат варзид. Баъди пирӯзии инқилоб шомили аввалин ҳукумати болшевикон ва Комиссари халқӣ оид ба корҳои миллатҳо таъин карда шуд. Аммо тулӯи ситораи Сталин с.1922, вақте ӯро ба вазифаи ГенСеки КМ Ҳизб интихоб намуданд, рост омад. Маҳз дар ин вазифа тавонист ҷойгузини воқеии Ленин шавад ва зимоми комили қудратро дар императории собиқи рус ба даст гирад. Ин деҳқонбачаи гурҷӣ ҳама мухолифони сиёсиашро канор зад ва Русияро ба яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ табдил дод. Дар 10 соли аввали қарор доштанаш дар зинаҳои болоии ҳизб, 3 маротиба тақозои истеъфо карда буд, аммо ҳаммаслаконаш хоҳиши ӯро қонеъ накарданд. Ӯ 2 бор, солҳои 1945 ва 1948 ба гирифтани ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шуда буд. Инчунин маҷаллаи амрикоии «Taims» Сталинро 2 дафъа одами сол муаррифӣ намуд. Бори аввал 1.01.1940 барои имзои созишномаи ҳуҷум накардан бо Гитлер. Ба пиндори «Taims» ин кори ӯ тавозуни қувваҳоро дар ҷаҳон тағйир дод. Бори 2-ум январи с.1943. Дар рафти ҷанг ӯро 12 маротиба барои гирифтани рутбаи генералӣ пешбарӣ карданд, аммо ӯ ҳар бор ин қарорро бекор мекард. Сталин то с.2004 шаҳрванди фахрии Будапешт ва то с.2007 шаҳрванди фахрии шаҳри Кошитсаи Словакия буд ва то ҳанӯз шаҳрванди фахрии шаҳри Чешке-Будеевитсеи ҷумҳурии Чех аст. Баъд аз маргаш аён шуд, ки ӯ солҳои тӯлонӣ аз бемории атеросклерози рагҳои мағзи сар азият мекашид. Марги Сталин 5 март, соати 21:50 дақиқа ба вуқуъ пайваст. 6 март, соати 6-и субҳ марги ӯро эълон карданд. Тибқи гузориши расмии табибон марги Сталин дар натиҷаи хунравӣ сар задааст. Баъди маргаш дар Иттиҳоди Шӯравӣ мотами 3-рӯза эълон шуд. Мегӯянд, с.1943 дар 1 сӯҳбаташ бо Молотов ва А.Голованов, Сталин гуфта: «Ман медонам, ки баъди маргам ба сари қабрам тӯдаи ахлот мерезанд, аммо боди таърих бераҳмона ин ахлотро пароканда мекунад».


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter