. Тоҷикон низ дар қатори дигар халқҳои собиқ Иттиҳод, дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон ширкат варзида, аз худ ҷоннисориву қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Яке аз чунин ҷавонон Сарихов (Солеҳов) Тағойбек будӣ. Ӯ иштирокчии ҶБВ, собиқадори меҳнат, маҷрӯҳи гурӯҳи II, дар деҳаи Қалъаи дашти н.Файзобод таваллуд шудааст. Ин пири барнодил имрӯз дар Душанбе, дар кӯч.Панҷрӯд, ҳавлии №201 истиқомат мекунад. Бобо с.1943 ба Артиши шӯравӣ даъват шуда, то анҷоми ҶБВ ҷангид. Ӯ он сол нав 18-сола шуда буд. Дар деҳаи Қалъаи дашт мардон қариб ба пуррагӣ ба ҷанг рафта, бештари коргарони колхозро занон ташкил медоданд. Тағойбеки ҷавон, ки аз ҳушу заковати вежа бархурдор буд, дар деҳа ба таъбире "дасти рости" табелчӣ Файзи Гулшоҳ ба шумор мерафт. Бобо мегӯяд: "Рӯзе, ки маро ба Артиш гирифтанд, табелчӣ дар деҳа набуд ва бо коре ба маркази ноҳия рафта буд. Агар Файз дар деҳа мебуд, яқин маро аз рафтан муоф мекард". Ӯро бо чандин ҷавони дигар ба ш.Самарқанд бурда, он ҷо 3 моҳ машқи ҷанг доданд. Баъди 3 моҳ Тағойбек шомили дивизияи 6-и гвардиягӣ шуд ва дар ҳайъати Фронти 2-уми Украина, ба озодсозии Украина оғоз намуд. Баъди ҷангҳои шадид нерӯҳои Артиши сурх билохира хоки Шӯравиро озод карданд ва ҷанг ба Полша интиқол ёфт. Мавсуф дар озодсозии Полша низ саҳм гузошт ва зимистони с.1944 захмӣ ҳам шуд. Апрели с.1945 Артиши Сурх ба пойтахти Рейхи 3-ум наздик шуд. Ӯ дар остонаи Берлин қарор гирифта буд. Бобо муҳорибаи Берлинро яке хунинтарин даргириҳо меномад. Немисҳо барои ҳифзи пойтахташон девонавор меҷангиданд, аммо аскарони сурхро, ки Тағойбеки тоҷик низ миёнашон қарор дошт, эҳсоси ғалабаи наздик ба пеш тела медод. Муқовимати душман билохира шикаста шуд. 10 май дар Берлин паради Артиши сурх доир шуд ва Тағойбек дар ин парад ширкат варзид. Аммо бо гирифтани Берлин ҷанг барои Тағоймуроди ҷавон ба охир нарасид. Қисми низомии Тағоймуродро ба Прага фиристоданд. Дар Чехословакия нерӯҳои немисии Фронти Марказӣ қарор гирифта буданд, ки беш аз 40.000 нафарро ташкил медоданд. 5.05.1945 мардуми Прага зидди немисҳо қиём карданд. Аз даст додани Прага роҳи немисҳоро ба ғарб мебаст ва фармондеҳи немисҳо фелдмаршал Шернер нерӯҳои тонкии худро ба Прага равона кард. Шӯришгарон дар вазъи баде қарор гирифтанд ва Артиши Сурх ба ёрии шӯришгарон шитофт. Тағойбек 3 моҳ дар Прага монд ва моҳи август СССР ворид ҷанг бо Япония шуд. Баъди чанде дивизияи 6-и гвардиягиро, ки ӯ дар сафи он хидмат мекард, равонаи ҷанги Япония карданд. Бобо мегӯяд: "Моро савори поезд карданд. Ҷониби шарқ ҳаракат кардем. Аммо танҳо то Украина расидем". Ғалабаи Артиши сурх дар шарқ дигар шубҳа надошт ва Сталин аз фиристодани нерӯи иловагӣ ба фронти японӣ даст кашид. Ӯ ва ҳамсангаронаш дар Украина ба хизмати худ идома доданд. Ӯ охирҳои с.1949 ба Ватан баргашт. Баъди баргаштан бобо ба Раёсати сохтмони Ҳукумати ш.Душанбе ба ҳайси сардори бригадаи роҳсозон ба кор даромад ва то с.1993 содиқона дар ин даргоҳ кор кард. Бобои Тағойбек мегӯяд: "Ман хушбахтам, ки дар сояи фарзандон ва дар кишвари ором давлати пирӣ меронам. Мо, ки ҷангро дидаем ҳеҷ гоҳ онро барои фарзандонамон намехоҳем."
Меҳрубон Салимшо,
Муаррихи СССР