"Тамоми кор оид ба баргузории исёни мусаллаҳона зери роҳбарии бевоситаи раиси Шӯрои Петроград рафиқ Тротский амалӣ шуда буд". Лев дар пирӯзии болшевикон дар ҷанги гражданӣ ҳам нақши вежа бозид. Артиши Сурх маҳз зери роҳбарии Тротский таъсис ёфт ва дар ҷанг пирӯз шуд. Аммо баъди вафоти Ленин дар дохили ҳизби болшевикӣ муборизаи шадид миёни ӯ аз 1 сӯ ва Сталин аз сӯи дигар сар зад, ки саранҷом бо шикасти Лев дучор гардид. Январи с.1925 пленуми КМ ӯро аз вазифаҳои ишғолкардааш (комиссари халқии ҳарбӣ-баҳрӣ ва раиси Шӯрои ҳарбӣ-инқилобӣ буд) сабукдӯш кард ва октябри с.1926 бошад аз Бюрои сиёсӣ низ бароварда шуд. Ахир, 7.11.1927 дар рӯзи инқилоб, ҳаммаслакони собиқаш ӯро аз ҳайъати ВКП(б) ҳам хориҷ намуданд. Лев январи с.1928 ба Алма-Ато бадарға шуд, лек дар Қазоқистон низ ором нагирифт ва охир 18.01.1929 бо қарори ҷаласаи махсуси ОГПУ аз ҳудуди СССР бадарға карда шуд. Тротский дар фаъолияти зиддиинқилобӣ ва тайёрии шӯриши мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Шӯравӣ айбдор карда мешуд.
Аз Туркия то Мехико
Шӯҳрати Лев дар олам чунон паҳн гашта буд, ки кам кишваре мехост ӯро дар ҳудудаш паноҳ диҳад. Танҳо Туркия розӣ шуд "гурезаи сурх"-ро пазирад ва барояш паноҳгоҳ диҳад. Худи ӯ бисёр мехост вайро ба ватани Марксу Энгелс интиқол диҳанд, аммо ҳукумати олмонӣ ин тақозоро қотеъона рад кард. Ҳукумати Туркия ӯро дар яке аз ҷазираҳои Принтс ҷойгир кард. Лев дар ин ҷазира китоби "Зиндагии ман"-ро навишт. Мутахассисон бар инанд, ки Сталин дар ин марҳила ҳанӯз қасди аз миён бардоштани ӯро надошт. Ҳадафи асосии Иосифро аз ҳама беш архиви Тротский ҷалб намуда буд. Лев бе ҳеҷ мамониат тавонист архивашро ба хориҷ барорад, ки чекистон аввал ба ин аҳамият надоданд. Ӯ ҳини сари қудрат будан, тамоми ҳуҷҷатҳои аз наздаш мегузашта (аз мукотиботи маҳрамонаи Ленин то қарорҳои махфии Бюрои сиёсӣ)-ро нусха карда, дар бойгониаш нигоҳ медошт. Ҳамаи инро метавонист зидди Сталин истифода барад ва истифода ҳам мебурд. Январи с.1931 ашхоси номаълум хонаеро, ки дар он оилаи Лев истиқомат доштанд, ба оташ кашиданд. Қисмате аз бойгонӣ дар натиҷаи оташсӯзӣ аз миён рафт, аммо қисмати аъзами он ҳанӯз боқӣ буд. Аммо дар Туркия ӯро хатари дигаре ҳам таҳдид мекард. Бо амри тақдир иддаи зиёде аз ҷанговарони собиқи артиши сафед маҳз дар ин кишвар паноҳ ёфта буданд ва Левро камтар аз Сталин шум намедиданд. Соли 1933 Фаронса розӣ шуд ба ӯ паноҳгоҳ диҳад. Аммо баъди чанде бо исрори Маскав Порис ҳам ба Тротский ба таъбире "хуш омадед" гуфт. Ин бор ҳеҷ кишвари аврупоӣ розӣ нашуд ӯро дар қаламраваш паноҳ диҳад. Ҳокимони ғарбӣ Левро мубаллиғ ва роҳандози аслии "террори сурх" медонистанд ва намехостанд дар кишварашон инқилоби нави сотсиалистӣ рух диҳад. Баҳори с.1935 ӯ барои дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ ба ҳукумати Норвегия муроҷиат кард. Дар ин кишвар Ҳизби коргарӣ ҳам акнун ба қудрат расида, он то с.1923 шомили Коминтерн буд. Ҳукумати Норвегия дархосташро пазируфт ва Лев ҳамроҳи завҷааш ба ин кишвар омад. Аммо дар Маскав низ ором наменишастанд. СССР Норвегияро таҳдид кард, ки агар Тротский аз кишвар наравад дигар моҳии яхкардаашро намехарад. Лев дигар наметавонист дар Аврупо бимонад ва ҳеҷ кишваре ҳам ӯро қабул намекард. Ахир, танҳо Мексика ягона кишвар дар дунё розӣ шуд, ки "гурезаи сурх"-ро паноҳ диҳад. Дар ин кишвар низ ҳизби коммунистӣ бо сарварии Диего Ривера ба қудрати сиёсӣ расида буд. Ривера ба Лев хонаи алоҳидае дар 1 канори Мехико ҷудо кард ва ӯ он ҷо ба заргӯшпарварию мурғпарварӣ машғул гашт.
Амалиёти "мурғобӣ"
Мегӯянд, Сталин с.1937 қарор дод ӯро ҷисман нобуд кунад. Генерал Судоплатов, ки он шабу рӯз ба ниҳодҳои амнияти кишвар сарварӣ мекард, дар ёддоштҳояш менависад: "Бори аввал ин супориш с.1937 ба С.Шпигелгас вогузор шуд, лек ӯ аз ӯҳдаи кор набаромад". Худи Судоплатов супоришро сентянбри с.1938 шахсан аз Сталин ва Берия гирифт. Ӯ дар ёддоштҳояш ин воқеаро чунин тавсиф мекунад: "Ба ақидаи Берия ҳаракати чапгароён аз дасти Тротский 2 тақсим шуд. Берия гуфт, ки Лев ва тарафдоронаш мекӯшанд нақши роҳбарии СССРро дар ҳаракати ҷаҳонии коммунистӣ зери суол баранд". Судоплатов мегӯяд: "Баъди каме сукут Сталин гуфтугӯро идома дод ва гуфт: "Ҳаракати тротскийчиён ҳеҷ чеҳраи сиёсие ҷуз Тротский надорад. Агар ӯ аз миён бардошта шавад, Коминтернро дигар хатаре таҳдид намекунад. Тротский, ё ҳамон "мӯсафед"-е, ки мегӯедаш, бояд дар муддати 1 сол, то оғози ҷанги ногузир аз миён бардошта шавад. Бо вуҷуди Тротский, ҳамонгуна ки таҷрибаи испанӣ инро ба хубӣ собит намуд, наметавонем ба садоқати иттифоқчиёни худ, дар сурати ҳуҷуми империалистӣ ба кишварамон умедвор шавем".
Амалиёти оянда "мурғобӣ" номида шуда шуд. Дар оғози с.1937-38 чекистон наздиктарин одамони Тротскийро ҳадаф қарор доданд. Дар ин солҳо 2 котиби Тротский Эрвин Волф ва Рудолф Клемент ба қатл расиданд. Феврали с.1938 дар Фаронса, дар шароити мармуз Лев Седов-писари Тротский ба ҳалокат расид. Бо пешниҳоди Судоплатов амалиёти оянда ба зимаи Н.Эйтингон ё "рафиқ Пабло" вогузор карда шуд. Эйтингон барои пиёда сохтани амалиёт 2 гурӯҳи мустақил ташкил дод, ки аз вуҷуди ҳамдигар бехабар буданд. Ҳар 2 гурӯҳ аз коммунистони испанитабори сталингаро таркиб ёфта буданд. Ба гурӯҳи "Модар" Меркадер ва ба гурӯҳи "Асп" Сикайрос сарвари мекарданд. Нахуст кӯшиши қатли Тротскийро гурӯҳи рассоми мексиканӣ Сикейрос амалӣ карданд. 27.05.1940 20 ҷангии коммунист ба ҳавлии хонаи Лев ворид шуданд ва хонаро зери оташи шадид қарор доданд. Аммо ӯ ва завҷааш Наталия аз ин суиқасд низ зинда монданд. Дар натиҷаи ин ҳуҷум танҳо набераи 14-солаи ӯ Всеволод Волков пӯсти пояш каме захм шуду халос. Ба фикри Судоплатов, сабаби асосии ноком қарор гирифтани ин суиқасд, тайрии нокифояи гурӯҳи "Асп" шуд. Аъзои ин гурӯҳ таҷрибаи ҷанги Испанияро доштанд, аммо аз таҷрибаи кофтукоб ва азназаргузаронии манзилҳои истиқоматӣ огаҳ набуданд. Касе дохили хона нарафт ва хонаро тафтиш накард. Лек Эйтингон ҳини ширкат дар ҷанги граждании Испания бо коммунистзани сталинчӣ-Мария Каридад наздикӣ пайдо кард ва ин занро бо ҳамроҳии писараш Рамон барои кор дар НКВД ҷалб намуд. Меркадер ҳанӯз с.1938 дар Порис ба атрофи Лев ворид карда шуд ва дар ин шаҳр бо номи мустаори Жак Морнар пайдо шуд. Баъди чанде Меркадер метавонист озодона ба хонаи Лев рафтуомад пайдо кунад. Маҳз ӯ тавонист фармони Маскавро иҷро кунад. 20.08.1940 ӯ бо баҳонае, ки мақолае навиштаасту мехоҳад Лев онро бубинад, вориди утоқи кориаш шуд ва бо яхшикан ба Лев, ки саргарми хондани мақола буд, дарафтод. Тротский тавонист муқобила кунад, ҳатто яхшиканро ҳам аз дасти қотил рабояд, аммо дар натиҷаи зарбаҳои воридшуда, рӯзи дигар дар бемористони ш.Кайокан мурд. Лев акнун 60-сола шуда буд. Дар СССР бошад ба таъбире "тӯй доштанд" ва баъди чанд рӯз тамоми нашрияҳои шӯравӣ бо сарлавҳаи "Яҳудак ба қатл расид!" ба чоп расиданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР