ХАБАРИ ДОҒ


Синфи деҳқонони бой дар Русия замони ислоҳоти Столипин пайдо шуду рушд кард. Дар натиҷаи ислоҳоти ӯ деҳқононе, ки бо роҳҳои гуногун соҳиби замини зиёд шуда буданд, онро ба деҳқонони дигар иҷора медоданд. Иҷорапулӣ ба деҳқонон имкон фароҳам намуд, ки заминҳои зиёдеро аз ҳамдеҳагонашон харида, ба заминдори калон табдил ёбанд.  Деҳқонони пулдор инчунин ғалларо бо нархи арзон аз деҳқонони дигар харида, зимистон ҳини қаҳтӣ онро бо нархи қиматтар ба ҳамдеҳагон мефурӯхтанд. Ин синфи навро дар Русия кулак номиданд.

Оммаи деҳқонон дар Русия ҳамеша бар ин бовар буданд, ки боигарии ҳалол бояд тариқи меҳнати сангини ҷисмонӣ ба даст оварда шавад. Пули аз роҳи судхӯрӣ ва ҷаллобӣ ёфтаро бошад ҳаром медонистанд, лиҳозо, ба кулакҳо аз оғоз бо чашми бад нигоҳ мекарданд. Муҳаққиқи рус А.Энгелгардт ҳанӯз с.1870 навишта буд: "Кулаки ҳақиқӣ на замин, на хоҷагӣ ва на меҳнатро дар он дӯст намедорад. Ин афрод танҳо пулро дӯст медоранд. Ҳама чизи кулак дар пуле, ки бо он савдо мекунад, устувор шудааст". Петр Столипин бошад с.1904 дар бораи ин синф чунин гуфта буд: "Дар шароити феълӣ деҳқони бойтар ба кулак табдил ёфта истодааст, ки ҳамдеҳагони худро истисмор мекунад". Аммо кулакҳои тоинқилобӣ ба кулакҳои давраи Шӯравӣ ҳеҷ рабт надоштанд. Ба диди муаррихон синфи кулакҳои тоинқилобӣ дар солҳои 1917-21 қариб ба пуррагӣ аз байн рафт. Баъди инқилоби февралии с.1917 деҳот дар амал аз итоати ҳукумати марказӣ берун рафт ва деҳқонони рус ба "тақсимоти сиёҳ"-и замин пардохтанд. Ин деҳқонон қарнҳо дар орзуи чунин фурсат буданд. Аввал ҷамъиятҳои деҳқонӣ 44 млн га заминҳои помещиконро аз худ карданд. Дар баробари ин соҳибони замин ва аъзои оилаҳояшон ба қатл расонда мешуданд, лек ҳукумати Шӯравӣ бо "Декрети замин" бозии инҳоро барҳам дод. Моликияти хусусии замин бекор ва иҷозати меҳнати кироя низ мамнӯъ шуд. Ин амалкарди болшевикон кулакҳоро ба душмани қаттоли низоми нав табдил дод ва ахир дар авохири ҷанги гражданӣ қисмати бештари кулакҳо маҳв шуданд. Ба гуфти муаррихон то с.1922 кулакҳои тоинқилобӣ дар деҳоти Русия дигар боқӣ намонданд. Лек болшевикон мафҳуми ин калимаро каме тағйир доданд. Масалан, Ленин кулакро чунин маънидод карда буд: "Ҳар деҳқоне, ки ғалларо бо меҳнати худ ҷамъ овард, аммо онро руст кард, ба кулак табдил меёбад". Бо ин тақсимбандӣ дигар бештари аҳолии деҳоти Русия шомили синфи кулакҳо мешуд.

НЭП давраи тиллоии кулакҳо
Пас кулакҳои шӯравӣ аз куҷо пайдо шуданд? Бо ҷорӣ гардидани НЭП (сиёсати нави иқтисодӣ) давлати шӯравӣ 1 қатор муқаррароти сиёсати аграрии худро бозбинӣ кард. Соли 1922 КМИ қонуни нави истифодаи заминро ба тасвиб расонд. Тибқи ин қонун деҳқонони алоҳида (бо аҳли оила) ҳуқуқи дарёфти замин ва таъсиси хоҷагиҳои шахсиро ба даст оварданд. Онҳо баъди чанде ба деҳқонони доро табдил ёфта, чун барои рушд аз меҳнати кироя истифода мебурданд, боз тахаллуси кулакро гирифтанд. Бо ҳамин, ҳукумати инқилобӣ дар давраи НЭП сиёсаташро нисбат ба кулакҳо комилан тағйир дод. Соли 1922 болшевикон аҳолии деҳотии Русияро ба 3 даста тақсим карданд. Дастаи 1-ро кулакҳо (деҳқонони бой, ки аз меҳнати кироя истифода мекарданд), дастаи 2-ро деҳқонони камбағал (пеш аз ҳама коргарони кироя, батракҳо) ва дастаи 3-ро деҳқонони миёнаҳол (онҳое, ки аз нигоҳи иқтисодӣ дар миёни кулакҳо ва батракҳо қарор доштанд) ташкил медоданд. Соли 1925 ҳукумати болшевикӣ қарор дод қисмате аз заминҳоро ба моликияти деҳқонон табдил диҳад. Ин ақида аз ҷониби Сталин матраҳ шуд ва барои кумаки хоҷагиҳои шахсӣ равона шуда буд. Тибқи андешаи ӯ деҳқонон метавонистанд ба муддати 40 сол қитъаҳои заминро соҳиб шаванд. А.Риков низ дар конфронси XIV-и ҳизбӣ ба ҳайси сардори ҳукумат ақидаҳои ба ин монандро гуфта буд. Ба фикри ӯ рушди хоҷагиҳои шахсии деҳқонӣ аз вазоифи муҳимтарини ҳизбӣ ба шумор меравад. Апрели с.1925 Н.Бухарин низ зарурати тарафдорӣ аз деҳқонони бой ва кулакҳоро матраҳ кард ва гуфт: "Буржуазияи хурд дар шароити феълӣ метавонад ҳамроҳи мо дар сохтмони сотсиалистӣ ширкат кунад". Рӯзномаи меншевикони рус "Пайки сотсиалистӣ", ки дар Берлин чоп мешуд, вазъи СССРро дар давраи НЭП чунин тасвир карда буд: "Ҳукумат ба сӯи деҳқонони бой ва кулакҳо рӯ оварда, назарияи муборизаи синфӣ бо назарияи мутобиқати манофеи хоҷагиҳои бой ва камбағалони деҳотӣ ҷойгузин шуд". Аммо ин сиёсат дер напоид. Дар авохири с.1928 муносибати ҳукумат бо кулакҳо боз тағйир ёфт. Сталин қарор дод кулакҳоро чун синф аз миён бардорад. 21.05.1929 ШКХ Қарори махсуси худро "Оид ба нишонаҳои хоҷагии кулакӣ, ки дар онҳо Кодекси Қонуни меҳнат мавриди истифода қарор мегирад", чоп кард. Дар он бори аввал меъёрҳои қонунии муайян сохтани вожаи "кулак" возеҳу равшан баён шуданд. Тибқи ин қарор кулак шахсе буд, ки: ба таври доимӣ аз меҳнати кироя истифода мебурд, дорои осиёб ё дигар корхонаи хурд буд, техникаи хоҷагии қишлоқ ё биноҳояшро ба иҷора медод ва ба бизнес машғул буд. Дар авохири солҳои 1920 теъдоди умумии сокинони деҳот 80%-и аҳолиро дар кишвар ташкил дода, ин масъалаи деҳқононро ба яке аз асоситарин мушкилот табдил дода буд.

Колхозҳо ва кулакҳо
Дар Русияи подшоҳӣ асоси хоҷагии қишлоқро хоҷагиҳои хурди шахсӣ ташкил медоданд, лек хоҷагии хурд имкони харидани техникаро барои коркарди замин надошт ва наметавонист агроном ё байтор дошта бошад. Дар асл хоҷагидори хурд метавонист танҳо худро хӯронад ва моли бисёр каме ба фурӯш барорад. Аммо барои таъмини индустриякунонии кишвар мебоист оммаи васеъи деҳқононро ба истеҳсолот равона кард, ба таъбири дигар мебоист самаранокии хоҷагии қишлоқро боло бардошт. Маҳз ба ин мақсад дар кишвар колхозҳо таъсис дода шуданд, ки давлат онҳоро бо техника ва мутахассис таъмин мекард. Роҳандозии сохти колхозӣ, албатта хатоиҳои зиёдеро ба бор дошт, аммо дар умум хоҷагии қишлоқи СССР хело зуд аз рӯи самаранокӣ беҳтарин нишондодҳои Русияи подшоҳиро пушти сар кард. Роҳандозии оммавии колхозҳо, ки бо вожаи "коллективикунонӣ" маъруф аст, с.1929 сар шуд ва ба зиддияти сахти деҳқонони миёнаҳол рӯ ба рӯ шуд. Касоне, ки дорои хоҷагиҳои шахсӣ буданд, мароқи чандон барои ворид шудан ба колхоз зоҳир намекарданд. Зиддиятҳои сирф молӣ колхозчӣ ва хоҷагидори шахсиро зидди ҳам қарор дода, сабаби асосии барҳам додани кулакҳо шуданд. 30.01.1930 Бюрои сиёсии КМ ВКП(б) қарорро "Дар бораи чорабиниҳо оид ба барҳам додани хоҷагиҳои кулакӣ дар навоҳии коллективикунонӣ" қабул кард. Тибқи он кулакҳо дар СССР ба 3 даста тақсим карда шуданд: дастаи 1-фаъолони зиддиинқилобӣ ё шӯришгарон; дастаи 2-кулакҳои боқимондаи бой ва нимпамешикҳо, ки дар шӯришҳо иштирок накарда буданд; ва дастаи 3-кулакҳои боқимонда. Сардорони оилаҳои кулакҳои дастаи аввал ба ҳабс гирифта мешуданд ва корашон барои мурофиа ба "сегонаҳои хос" (котиби аввали райком, райисполком ва намояндаи ОГПУ) равона карда мешуд. Аъзои оилаи кулакҳои дастаи 1 ва 2 мебоист ба навоҳии ҷудогонаи СССР бадарға мешуданд. Кулакҳои дастаи 3 бошад дар ҷойҳои махсуси навоҳии худ сукунат дода мешуданд. Аз рӯи маълумоти муаррихон дар СССР беш аз 4 млн омад ҳамчун кулак ҳабс ва молу мулкашон мусодира шуд. Теъдоди дақиқи онҳоро касе намедонад. Беш аз 600.000 нафарашон дар маҳбасҳо ҷон доданд. Дар аввали с.1933 дар табъидгоҳҳои "кулакӣ" 1317000 одам нигаҳдорӣ мешуд. Дар бештари маворид деҳқонони камбағал ва миёнаҳол низ ҳамчун кулак ба ҳабс гирифта мешуданд. Ҳатто Сталин дар пленуми ҳизбии с.1937 иқрор шуда буд, ки деҳқонони бегуноҳро фақат ба хотири ворид нагаштан ба колхоз ҳамчун кулак ба ҳабс мегирифтанд. Ин сиёсати хашин то соли 1934 идома ёфт ва 24.05.1934 КМИ СССР бо қарори худ баъзе ҳуқуқҳои кулакҳои собиқро барқарор кард. Танҳо с.1954 ҳукумати Шӯроҳо бо қарори Шӯрои Вазирон аз 13.08.1954 таҳти №1738-789 cc. ба кулакҳои собиқ озодӣ бахшид.  


Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter