Баъзе аз муаррихин оғози ин равандро ба солҳои 1960 ва бо ба сари қудрат омадани Турсунбой Ӯлҷабоев рабт медиҳанд. Ӯ 5 сол ба РСС Тоҷикистон роҳбарӣ кард ва бо чанд тан аз ҳаммаслакони наздикаш тавассути Хрушев аз вазифа сабукдуш шуд... Албатта зиёиёни кишвар бедор буданд ва дар толорҳои театрии он шабу рӯз моноспектакли Маҳмудҷон Воҳидов-"Гуфтугӯ дар танҳоӣ" шуҳрати зиёде оварда, мардум ин намоишномаро як навъ бозгашт ба асли худ қабул мекарданд ва рушди забон яке аз асоситарин вежагиҳои ин асл будӣ. Таркиши дигари фарҳангӣ нашри китоби академик Б.Ғафуров-"Тоҷикон" шуд. Он ба хотири номаш дар ҷумҳурӣ бисёр гарм истиқбол шуд ва ба ҳама собит кард, ки таърихи Осиёи Миёна бо таърихи тоҷикон сахт гиреҳхурда аст ва бе ин қавм ин сарзамин таърихе надорад.
Сарқонун ва моддаи 150
Сарқонуни СССР, ки с.1977 қабул шуда буд, мақоми ҳеҷ забонеро дақиқан мушаххас накарда буд. Дар асл забони расмӣ-забони байналмилалӣ, ки миллатҳои ин Иттиҳод мебоист бо он миёни ҳам такаллум мекарданд, русӣ буд, аммо расман дар ҳеҷ санаде ин асл зикр нашуда буд. Дар Сарқонуни с.1977 танҳо дар боби ХХ "Суд ва арбитраж", дар моддаи 150 он 1 навъ силсиламаротиби забониро нишон медод ва дар он гуфта мешуд: "Фаъолияти судӣ (мурофиаҳои судӣ) бо забони маҳаллии ҷумҳурии шӯравӣ ё автономӣ, вилоят ё бо забони миллати аксарияте, ки дар он ҳудуд зиндагӣ мекунанд, бурда мешавад”. Ба таъбири дигар дар ҳар ҷумҳуриҳои собиқ СССР танҳо фаъолияти судӣ, он ҳам дар ҳадди баргузории мурофиаҳо бо забони маҳаллии он ҷумҳурӣ бурда мешуд. Аммо новобаста ба ин, дар ҳудуди СССР, аз ҷумла, Тоҷикистон, солҳои тӯлонӣ бо сабаби суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, қариб ҳеҷ мушкиле дар муносибати миёни миллатҳо эҳсос намешуд. Вазъ замони омадани Горбачев ва хусусан миёнаҳои солҳои 1980 ба куллӣ тағйир ёфт. Ҷомеаи шӯравӣ дар оғоз демократикунонӣ ва ошкорбаёниро фоли нек гирифта, қариб дар саросари СССР миллатҳо яке пас аз дигаре бедор мешуданд. Тоҷикон низ дар ин раванд истисно набуданд. Ҷолиб ин ҷост, ки қабули қонуни забон шояд аз камтарин мавориде бошад, ки ҳукумату мухолифинаш дар якҷоягӣ пиёда карданд. Тоҷикистони с.1989 кишваре буд, ки забони тоҷикӣ қариб комилан аз саҳнаи сиёсии кишвар берун монда, иддаи зиёде аз намояндагонаш аз таъриху фарҳанги худ бехабар монда буданд ва фарҳанги русиро ба ҳайси намуна ихтиёр намуда буданд. Хушбахтона зиёиёни кишвар бонги хатар заданд ва миллат тавонист ин мушкилро бе ҳеҷ бесуботие пушти сар кунад.
Ҳадяи Маскав
Дар Осиёи Миёна аввалин бонги изтироб руйдодҳои Алма Ато шуданд, ки декабри с.1986 дар пойтахти Қазоқистон сар зад. Яке аз эътирози онҳо дар Қазоқистон масоили забонӣ буд ва як қатор ҷумҳуриҳо қарор доданд ҳарчи зудтар худро аз ин хатар эмин гардонанд ва қонуни забонро қабул кунанд. Ба амри тақдир тоҷикон дар ин марҳила пешсаф буданд. Дар оғози с.1989 гурӯҳи анбӯҳи ҷавонон назди бинои Шӯрои Олии РССТ ҷамъ шуда, аз ҳукуматдорон талаб карданд "фарҳангӣ куҳанӣ Тоҷикистонро эҳё кунанд". Ин кор дар шароити онрӯзаи РССТ ғайриимкон менамуд ва роҳбарияти он рӯзи кишвар ҳатто тасаввурот надошт ба ин навъ эътирозҳо чи гуна бояд посух диҳад. Ахир, масъулин ҷавононро ором карда, гирдиҳамоӣ пароканда гашт. Шояд ба шарофати ҳамон ҷавонон РСС Тоҷикистон имрӯз фахри инро дорад, ки аввалин шуда, қонуни забонро дар қаламраваш қабул кард ва забони миллӣ, забони расмии кишвар эълон шуд. Роҳбари он шабу рӯзи кишвар Қаҳҳор Маҳкамов қабули қонуни забонро "қадами нахустин барои эҳёи фарҳанги миллӣ дар сатҳи давлатӣ" номида буд ва яке аз дастовардҳои муҳими ҳукумати худ медонист. Ҳатто дар ҷое зид будани худашро барои қабули он баён мекунад, аммо бо вуҷуди ин мегӯяд, фаъолони ҷомеа тавонистанд ӯро қонеъ кунанд: "Гарчи худи ман қабули ин қонунро ҳоло бармаҳал мешуморидам, аммо ба ҳарфи фаъолони мӯътабари ҷомеа-М.Осимӣ, М.Қаноат, А.Турсунов, М.Шакурӣ ва Лоиқ Шералӣ гӯш додам ва мо яке аз аввалинҳо шуда дар собиқ Иттиҳод ин қонунро қабул кардем”. Аммо бархе мунаққидони ҳукумати ӯ, мисли А.Соҳибназар қабули ин қонунро аз ҷониби ҳукумати вақти Душанбе 1 ҳадяи Маскав ба коммунистони тоҷик муаррифӣ мекунад. Соҳибназаров мегӯяд: "Пеш аз ирсоли қонун барои муҳокима ба Шӯрои Олӣ Қ.Маҳкамов ризоияти Маскавро ба даст оварда буд ва ин қонун 1 навъ муоҳидаи сиёсӣ миёни Маскаву Душанбе ба шумор мерафт”.
Аз Комиссиюни забон то Қонуни №150
Баъди ин ирсоли Қонун ба Шӯрои Олӣ назди ин ниҳод комиссиюни махсуси забон таъсис дода шуд. Комиссия мебоист қонунро кор карда мебаровард Сабаби таъсиси комиссияро ҳукумат "муроҷиат аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимон, шоирон, инчунин шарвандони алоҳида, дар хусуси ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ" арзёбӣ мекард. Комиссия аз 42 тан иборат ёфта буд, ки миёни аъзои он ғайритоҷикҳо низ шомил буданд. Бештари аъзои комиссияро роҳбарони донишгоҳҳои олии кишвар, деканҳои факултаҳо, роҳбарони кафедраҳо, шоирону адибон ташкил медоданд. Таҳиякунандаи аслии қонуни забон аз ҷониби комиссия академик М.Шакурӣ буд. Худи Шакурӣ мегӯяд: “Таҳияи қонун ба зиммаи ман вогузор шуд. Онро омода кардам, аммо нусхаи мо танҳо баъди баррасии тӯлонӣ ва ворид кардани тасҳеҳу иловаҳои зиёд пазируфта шуд ва дар натиҷа забони тоҷикӣ дар РСС Тоҷикистон мақоми забони давлатиро соҳиби шуд”. Яке аз тарафҳои ҷолиби дигари ин қонун ҳазфи калимаи РСС дар санади ниҳоӣ шуд ва аз Тоҷикистон чун Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурда мешуд. Инчунин барои аввалин бор дар ин қонун аз "ҳуруфи арабӣ" ёдоварӣ ва омӯзиши он дар макотиби олӣ ва миёнаи кишвар ҳатмӣ шуд. Умуман, қонуни забони с.1989 кӯшиши ёфтани ҳадди миёна буд. Душанбеи расмӣ мехост дар қатори тақвияти ҷойгоҳи забони "миллати таҳҷоӣ" мавқеи забони русиро низ коста нагардонад. Барои мисол, Қонун кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тандурустӣ, маданӣ, муссисаҳои савдо ва соҳаи хизматрасониро муваззаф мекард, дар қатори забони давлатӣ забони русиро ҳам дар ҳаҷме, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои касбиашон зарурист, бидонанд. Инчунин Қонун дар Анҷуманҳо ва конфронсҳо ба иштирокчиёне, ки забони давлатиро намедонистанд, кафолати тарҷума медод. Мутахассисони хориҷӣ, ки ба кишвар меомаданд, тибқи ин Қонун 4 сол вақт доштанд, то забони давлатиро омӯзанд. Дар матбуоти кишвар низ Қонун муҳокимаи зиёд шуд. Бештар "Вечерний Душанбе" будӣ, ки ин қазияро пайгирӣ мекард Дар саҳифаҳои он баҳси доғе миёни тарафдорон ва муътаризони Қонун ба вуқӯъ пайваст. Танҳо дар 2 моҳ май-июни с.1989 идораи "Вечерний Душанбе" 673 нома аз шаҳрвандони гуногун гирифта, муаллифон дастмуздашонро ба Фонди рушди забони тоҷикӣ", ки ҳамон шабу рӯз таъсис шуда буд, ирсол мекарданд. Ахиран, Қонуни забон таҳти №150, 22.07.1989 аз ҷониби Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қабул шуд ва забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Дар он шароит барои Тоҷикистон ин рӯйдод пирӯзие буд, агарчи ҳаводиси баъдӣ дар кишвари мо шаҳди онро талх карданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР