Бори аввал олимони 2 кишвар октябри с.1970 дар Маскав бо ҳам вохӯрда, ин масоилро баррасӣ карданд. Аммо танҳо баъди 2 сол, апрели с.1972 намояндагони Академияи улуми СССР ва NASA-и ИМА тавонистанд бо ҳам масъаларо дақиқтар мавриди баррасӣ қарор диҳанд. 24.05.1972 бошад раиси Шӯрои вазирони СССР Косигин ва президенти ИМА Никсон "Созишномаи ҳамкорӣ дар таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ барои мақсадҳои сулҷӯёна"-ро ба имзо расониданд. Парвози муштараки шӯравӣ-амрикоӣ барои шаҳрвандони аввалин кишвари Шӯроҳо паёмади неки дигар ҳам дошт. Бори аввал дар мағозаҳои СССР нӯшокии "Пепси-колла" ва тамокуи тамғаи "Союз-Аполлон" пайдо шуд. "Союз-Аполлон" 1,50 тин арзиш дошт ва Пепси бошад 45 тин. Бо вуҷуди ин тамоку ва нӯшокии амрикоӣ дар СССР ҳаводорони зиёд доштанд. Яке аз чизҳое, ки парвози муштаракро ба таъхир меандохт ва садди бисёр муҳиме дар амалишавии лоиҳа буд, мушкили забонӣ будӣ. На кайҳоннавардони шӯравӣ забони англисӣ медонистанд ва на амрикоиҳо русиро. Мутахассисони амрикоӣ дар якҷоягӣ бо олимони шӯравӣ компютери забониро ихтироъ намуданд, аммо онро танҳо барои маърузаҳои хаттӣ мешуд истифода бурд. Аммо дар фазои кайҳонӣ бошад забони русӣ-англисӣ, ки онро амрикоиҳо "рустон" (баргирифта аз "рус" ва "Хюстон") номгузорӣ намуданд, ба кор бурда шуд. Тамоми навиштаҷотҳо низ дар ҳар 2 киштӣ ба 2 забон навишта шуданд. Тарафи СССР баъди таҳқиқи тӯлонӣ Алексей Леоновро ба ҳайси капитани киштӣ интихоб кард. Ин дар ҳоле буд, ки Леонов ҳатто 2 калимаро ба англисӣ намедонист. Лек Леонов-2 карат қаҳрамони СССР ба пиндори роҳбарият аз ҳама кайҳоннаварди ботаҷрибаи шӯравӣ буда, чандин бор аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳатто дар фазои кушоди кайҳонӣ, бо маҳорати баланд берун омада буд. Роҳбари илмии ҳайати шӯравӣ, президенти АУ СССР Мстислав Келдишев, ки дар интихоби Леонов саҳми асосӣ гузошт, инчунин аз маҳбубияти хоси ӯ миёни мардуми оддии шӯравӣ ба хубӣ огоҳ буд. Ин низ дар интихоби Леонов нақш бозид. Ӯ бо шитоб ба омӯзиши забони англисӣ пардохт ва ҳанӯз пеш аз парвоз, ҳангоми баромадаш дар ИМА тавонист бо англисӣ назди ҳозирин сӯҳбат кунад. Тайёриҳо барои парвози оянда 5 сол тӯл кашиданд. Дар ин муддат мутахассисони 2 тараф тавонистанд чандин садди техникиро бартараф кунанд. Аввалин садд махфӣ будани технологияҳои кайҳонӣ буд. Ҳар 2 самт, ки абарқудрати дунё буд, мекӯшиданд технологияҳои худро аз якдигар махфӣ нигаҳ доранд. Лоиҳа душманони зиёде дар ИМА дошт, ки ҳама мунтазири фурсат буданд. Тарроҳи асосӣ-Глушко саросема барои занг задан ба КМ рафт. Аммо вазири шӯравӣ Афанасев ба Глушко гуфт, ки фармони парвоз аллакай дода шудааст ва роҳи бозгашт нест! Бо вуҷуди ин кайҳоннавардони шӯравӣ тавонистанд дар рафти парвоз мушкили навбатии техникиро бартараф кунанд. Баъд аз васли киштиҳо аён шуд, ки амрикоиҳо низ ба мушкили техникӣ дар киштияшон дучор шуда, тамоми шаб онро бартараф карданд. 17.07.1975 соати 18:50 дақиқа "Аполлон" ба "Союз" ба масофаи 50 метр наздик шуд. Кайҳоннавардони шӯравӣ низ барои васл ризоият доданд ва вақте ақрабаки соат 9 соату 9 дақиқаву 9 сонияро нишон медод, киштиҳои кайҳонӣ ба ҳам расиданд. Аммо барои вуруд аз 1 киштӣ ба киштии дигар боз 3 соати дигар вақт гузашт ва танҳо баъди ин кайҳоннавардони шӯравӣ ва ҳамтоёни амрикоияшон тавонистанд дасти ҳамдигарро фишоранд. Аҷиб ин, ки дастфишории онҳо ҳамон лаҳзае сурат гирифт, ки "Союз-Аполлон" аз болои дарёи Элба парвоз мекард. Рӯде, ки 2 иттифоқчии собиқ баъди торумори Олмон дар соҳилҳои он бо ҳам вохурда буданд.
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР