ХАБАРИ ДОҒ

Аз Меҳрубон Салимшоев: Узви Ихвон-ал-СССР Наврузи Одинамаҳмад, сокини ш.Турсунзода бо телефони 901 36 20 98 бо камина тамос гирифт ва гуфт, ки “ман кӯшиш мекунам, тамоми шумораҳои рӯзномаи шуморо дастрас намуда, мутолиа кунам. Хусусан, матолиби таърихии газета бароям писанд аст. Ман ба ҳамаи кормандони газетаи мардумии СССР саломи худро мерасонам ва хоҳонам, ки қаламашон доим ҳамингуна тезу бурро ва равон бошад...”.

Қафқоз, хусусан навоҳии шимолии он барои Русия ҳамеша 1 нуқтаи доғ ба шумор мерафт. Русҳо барои ишғоли Қафқози Шимолӣ заҳмати зиёд кашиданд. Муқовимати мардуми бумии Доғистон ва Чеченистон бо сарварии Шомили доғистонӣ солҳои зиёд идома дошт ва русҳо дар ин ҷанг талафоти аз ҳама сангин доданд. Чечену ингушҳоро бошад муллои гурҷӣ-Сталин ба Қазоқистон депорт ва заминҳояшонро миёни ҳамсоягонаш тақсим намуд. Ин қавм танҳо баъди мурдани Сталин дар замони Хрушев иҷозаи баргаштан ба ватани бобоиро пайдо кард. Пошхурии Иттиҳод ва насими истиқлол шояд ба чеченҳо бештар аз дигарон таъсир расонида буд. Ҳаводиси сиёсӣ дар ин ҷумҳурии кӯчак бо суръат ба вуқуъ мепайвастанд. Чеченҳо дар 1 муддати кӯтоҳ дар Эстония генерали чечен Ҷавҳар Дудаевро ёфтанд ва чанде баъд ӯ аввалин президенти Ичкерияи мустақил интихоб шуд. Истиқлоли Чеченистон ва баромадани он аз ҳайати Русия метавонист раванди манфиеро дар кулли манотиқи Қафқози Шимолӣ эҷод кунад. Борис Николаевич Елтсин қарор дод, ки бо роҳи зӯрӣ Ичкерияи мустақилро ба ҳайати Русия баргардонад.

Хонигарии ваҳҳобӣ

Аммо ҷанги аввали чечен барои русҳо ба нокомӣ анҷомид. Чеченҳо тавонистанд, ки бо муқовимати шадид русҳоро водор ба сулҳ кунанд. Русҳо дар ҷанги 1-ум наздик ба 6000 сарбозро аз даст доданд, 1200 сарбози дигар бе ному нишон шуд. Талафоти чеченҳо бошад 2-3 ҳазор куштаро ташкил медод. Аҳолии осоишта аз ҳама зарари бештар дид. Дар рафти ҷанг беш аз 80.000 аҳолии осоишта кушта шуда, 240 ҳазори дигар ҷароҳат бардоштанд. Билохира, ҷанг расман бо имзои созишномаи Хасавюрт ба поён расид ва чеченҳо ба орзӯи деринаашон- Истиқлолият расиданд. Аммо ҳаводиси баъди ба хубӣ собит кард, ки орзӯҳо на ҳамеша ба фоидаи коранд. Ислом дар муборизаи чеченҳо нақши калидӣ дошт ва баъди ғалабаашон боз ҳам ҷойгоҳашро мустаҳкамтар намуд. Аммо мутаассифона, исломе, ки ба Чеченистон омад, исломи маҳз ваҳҳобӣ буд. Ҳазорон Хаттобу Абу Муслим... ба ин кишвари кӯчак “таваллуд” шуданд ва соли 1996 дар асл дар Ичкерияи мустақил 1 навъ хонигарии ваҳҳобӣ бунёд ёфт, ки таърихаш имрӯз бар ҳама равшан аст. Ҷиноят ва беадолатӣ дар ин хонигарии ваҳҳобӣ чизи муқаррарӣ буданд. Баъзе аз муаррихини қайд мекунанд, ки чеченҳо бори аввал дар таърихи худ ба дуздидану баъдан ба пул фурӯхтани ҳаммиллатони худ, маҳз дар ин хонигарии ваҳҳобӣ оғоз намуданд. Нақши асосиро дар барканории ин хонигарӣ ҳам боз ваҳҳобиҳо бозиданд. Ин бор ваҳҳобиҳои Доғистон.

Дар аввали тобистони соли 1999 ваҳҳобиҳои доғистонӣ дар ноҳияи Цумадии Доғистон ҳокимияти шариатиро эълон ва мардумро ба ҷиҳод алайҳи русҳо даъват карданд. Вақте русҳо зидди ваҳҳобиҳо нерӯи низомӣ равона карданд, онҳо аз ҳаммаслакони чечении худ ёрӣ хостанд. Он шабу рӯз дахолат дар умури Доғистон 100% бар зиёни Ичкерияи мустақил буд. Дар Грозний инро ба хубӣ мефаҳмиданд. Президенти Ичкерия Аслан Масхадов зидди фиристодани нерӯ ба Доғистон баромад. Ба диди ӯ русҳо барои оғози ҷанги нав танҳо дар интизори 1 баҳонаанд ва рафтан ба Доғистон маънои оғози ин ҷангро дорад. Аммо ваҳҳобиҳо, ки Хаттоб ва яке аз машҳуртарин қумандонҳои чечен Шамил Басаев аз он намояндагӣ мекарданд, ба ҳарфи сарвари кишвар эътино накарданд. Шаби 7 август дастаҳои Хаттоб ва Басаев марзи Доғистонро убур намуда, вориди ин ҷумҳурӣ гардиданд. Русҳо дар якҷоягӣ бо милисаҳои доғистонӣ билохира дар авохири моҳи сентябр тавонистанд дастаҳои ваҳҳобиҳоро водор ба ақибнишинӣ кунанд ва чеченҳо ба ватан баргаштанд.

Юриши дуввум ба Қафқоз

Ин амалкарди чеченҳо барои роҳбарияти нави русӣ бо сарварии иҷрокунандаи вазифаи президент Владимир Путин, ки ташнаи интиқом буданд, баҳонаи хубе шуд. Русҳо дарҳол қад-қади сарҳадоти Чеченистон зонаҳои бехатарӣ таъсис дода, теъдоди нерӯҳояшонро дар оғози моҳи октябр ба 100.000 сарбоз расониданд. Ҷанги аввал барои русҳо таҷрибаи хубе шуд. Русҳо ин бор барои ишғоли Ичкерия 3 гурӯҳи низомӣ таъсис доданд. Гурӯҳи “Ғарбӣ” бо сарварии генерал майор В.Шаманов, гурӯҳи “Шимолӣ” бо сарварии генерал-лейтенант В.Булгаков ва гурӯҳи “Шарқӣ” бо сарварии генерал-лейтенант Г.Трошев. Ин 3 гурӯҳ дар оғози моҳи октябри соли 1999 аз 3 самт ба Ичкерияи мустақил ворид шуданд. Давраи аввали амалиёт барои русҳо бо муваффақият анҷом ёфт. Навоҳии ҳамвори Чеченистон таҳти тасарруф дароварда шуданд ва русҳо дар нимаи аввали моҳи декабр пойтахти Ичкерия шаҳри Грознийро иҳота карданд. Дар баробари ин нерӯҳои рус роҳи мошингарди Итум Қала-Шатилӣ, ки Ичкерияро бо Гурҷистон мепайваст, таҳти контрол гирифтанд ва ҷангиён дигар наметавонистанд аз Гурҷистон ниёзҳои худро таъмин кунанд. Ҷангиёни чечен ба кӯҳҳо ақиб нишастанд, аммо якчанд қумандони саҳроӣ, ки Хаттобу Басаев низ дар миёни онҳо қарор доштанд, дар пойтахти Ичкерия мавқеъ гирифта, қарор доданд то охир дар Грозний муқовимат кунанд. Грозний аз нигоҳи сиёсӣ низ барои тарафайн бениҳоят муҳим буд. Ҷангиёни чечен иддао мекарданд, ки пойтахти Ичкерияи мустақил ҳеҷ гоҳ аз ҷониби русҳо тасхир намегардад. Русҳо низ дар ҷанги аввал аз ҳама шикасти нангинро дар ин шаҳр хӯрда буданд ва барояшон тасхири дубораи он аҳамияти хос дошт. Инчунин қумандонҳои зиёди чечен мисли Басаев, Руслан Гелаев, Турпал-али Атгиреев, Хункар Исрофилов, Аҳмад Загаев, Арби Бараев ва қисмати зиёди ваҳҳобиҳои Хаттоб дар Грозний қарор доштанд ва русҳо мехостанд ҳамаи онҳоро дар ин шаҳр нобуд кунанд. Аз нигоҳи тактикӣ низ гирифтани Грозний амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Русҳо, ки ба қисмати кӯҳистонии Чеченистон баромада буданд, наметавонистанд дар ақибгоҳи худ қалъаи мустаҳкамеро бо чандин ҳазор ҷангии то дандон мусаллаҳу пуртаҷриба дошта бошанд.

Шикори гургон

Ҷангҳо барои Грозний 17.01.2000 оғоз шуданд, лек ин бор русҳо тактикаи қаблии худро дигар карданд ва нерӯҳои зиреҳпӯш вориди шаҳр нашуданд. Русҳо ин дафъа бештар аз тӯпхонаҳо ва нерӯи ҳавоӣ истифода мекарданд. Бо вуҷуди ин ҷангҳо дар шаҳр шиддати бештар мегирифтанд ва ҷангиён ҳар хонаро то вуҷуд доштани имконият дифоъ мекарданд. Аммо танқисӣ аз лиҳози лавозимоти ҷангӣ, хӯрока ва доруворӣ рӯз ба рӯз аз худ бештар дарак медод ва Басаеву Хаттоб ба хулосае омаданд, ки бояд ба ҳар васила шаҳрро тарк кунанд. Русҳо 23 январ нерӯҳои асосии полки таъиноти махсуси Гелаев “Борз”-ро торумор намуданд ва дигар дастаҳои ҷангиён низ талафоти сангин медоданд. Аввалин шуда Бараев даст ба иқдом зад ва тавонист ҳалқаи муҳосираи русҳоро рахна кунад. Ин иқдоми Бараев дигар қумандонҳоро умедвор мекард, ки нақшаашон ҷомаи амал мепӯшад. Рӯзи амалиёт 30 январ таъин карда шуд. Ҷангиён қарор доданд маҳз дар самти гузаштаи Бараев иқдом кунанд. Аммо фармондеҳи гурӯҳи “Ғарбӣ” нерӯҳои рус генерал Шаманов бар ин аст, ки роҳи баромади чеченҳо аз муҳосираи Грозний амалиёти пешакӣ тарроҳишудаи нерӯҳои федералист. Шаманов мегӯяд, ки онҳо пешакӣ медонистанд чеченҳо кай ва дар кадом самт ҳаракат хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд яке аз афсарони рус муваззаф шуд бо чеченҳо ба алоқа баромада, ба онҳо дар ивази 100.000 доллари амрикоӣ роҳи баромади бехатарро таъмин кунад. Ба андешаи ӯ чеченҳо ба ин афсар бовар карданд ва дар натиҷа ба доми пешакӣ гузошта афтиданд. Шаманов мегӯяд, амалиёт “Шикори гургон” ном гирифт ва нақши асосиро дар рафти ҷанги 2-ум ифшо кард. Дар натиҷаи амалиёт ҷангиёни чечен беш аз 300 тан кушта дода, 130 ҷангии дигар асир гирифта шуд. Қумандонҳо Леча Дудаев, Ханкар Исрофилов кушта ва Басаев бошад аз пояш захмӣ шуд. Басаеви маҷрӯҳро дар ҳаёти 1 боғ собиқ вазири тандурустии Ичкерия Ҳамбиев ҷарроҳӣ намуд. Аммо чеченҳо мегӯянд, ҳангоми баромадан аз Грозний ҳамаги 30 ҷангӣ ба ҳалокат расидаанд. Бо вуҷуди ин нерӯҳои рус натавонистанд ҷанбаи асосии амалиётро ба иҷро расонанд. Қисмати асосии нерӯҳои ин “хонигарии ваҳҳобӣ” тавонистанд аз Грозний берун оянд ва қумандонҳои асосӣ низ ҷон ба саломат бурданд. Ин қумандонҳо ва ҷангиён баъдан дарди сари зиёд барои русҳо дуруст карданд ва ҷангро ба дарозо кашонданд.

Меҳрубон Салимшоев, Муаррихи СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter