ХАБАРИ ДОҒ



Аз Коба то доктори фалсафа
5.03.1953 Иосиф Сталин (Ҷугашвилӣ) олами фониро падруд гуфт. Ӯро метавон яке аз чеҳраҳои бонуфуз ва муттаноқизи қарни 20 номид. Зиёда аз 30 сол зимоми қудрати сиёсии СССРро дар даст дошт. Тарафдоронаш ӯро пешвои бузург, ки ҳамеша дар ғами халқ буду барои кишвар корҳои зиёде анҷом дод, медонанд. Душманонаш бошад диктатори бераҳм ном мебаранд.
Сталин аз хурдӣ ба хондан иштиёқи зиёд дошт. Бештар таваҷҷӯҳи ӯро “Падаркуш”-китоби адиби гурҷӣ А.Казбеги ба худ ҷалб карда буд. Казбеги дар китоб муборизаи деҳқонони кӯҳистонии гурҷиро барои озодӣ ва истиқлолияти хеш ба тасвир кашида буд. Хосса, яке аз қаҳрамонони асар-Кобаи нотарс барои Иосиф идеал қарор гирифт ва худро пас аз ин Коба муаррифӣ мекард. Сталин одатан 300 саҳифа адабиёт дар 1 рӯз мехонд. Савияи дониши ӯро низ мешавад бо теъдоди китобҳои хондааш баҳо дод.

Танҳо дар китобхонаи манзили Кремлии ӯ беш аз 40.000 нусха китоб мавҷуд буд. Бо ҳамин, дар кулли бӯстонсароҳояш китобхона дошту теъдоди китобҳои хондаашро касе наметавонад дақиқ шумарад. Тибқи меъёрҳои имрӯзаи касби дастовардҳои илмӣ, ӯ ҳанӯз с.1920 доктори фалсафа маҳсуб меёфт. Сталин комилан бо забонҳои гурҷӣ, русӣ ва славянии қадим ошно буд. Инчунин муҳаққиқони зиндагияш гуфтаанд, ки ӯ бо забонҳои англисӣ, немисӣ, венгерӣ ва фаронсавӣ балад буд. Арманӣ ва осетиниро низ мефаҳмид. Соли 1903 шомили ҳизби болшевикӣ шуда, солҳои 1906-07 дар Қафқоз ба ҷамъоварии маблағ барои ҳизб машғул буд. Соли 1907 кумитаи РСДРПро дар Боку таъсис дода, яке аз роҳбаронаш ба шумор мерафт. Ҳамеша аз Ленин тарафдорӣ мекард ва Илич с.1912 ӯро ба КМ ва бюрои русии КМ РСДРП пешбарӣ намуд. Баъди чанде боз зиндонӣ карданд ва ин бор ӯро инқилоби февралии Русия озод кард. Сталин баҳори с.1917 ба Петроград омада, аъзои Бюрои сиёсии КМ ва Кумитаи Ҳарби-инқилобӣ шуд. Инчунин дар нашру паҳни рӯзномаи болшевикон-“Правда” низ фаъолона ширкат варзид. Баъди пирӯзии инқилоб шомили аввалин ҳукумати болшевикон ва комиссари халқӣ оид ба корҳои миллатҳо таъин шуд. Лек тулӯи ситораи ӯ с.1922, вақте ӯро ба вазифаи ГенСеки КМ ҳизб баргузиданд, рост омад. Маҳз дар ин вазифа тавонист ҷойгузини воқеии Ленин шуда, зимоми комили қудратро дар императории собиқи рус ба даст гирад. Деҳқонбаччаи гурҷӣ ҳама мухолифони сиёсиашро канор зада, Русияро ба яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ табдил дод.

3 истеъфо
Дар 10 соли аввал дар зинаҳои болоии ҳизб Сталин 3 маротиба тақозои истеъфо карда буд, аммо ҳаммаслаконаш хоҳиши ӯро қонеъ накарданд. 2 бор солҳои 1945-48 барои гирифтани ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шуда буд. Инчунин маҷаллаи амрикоии "Taims" ӯро 2 дафъа Одами сол муаррифӣ кард. Бори аввал 1.01.1940 барои имзои Созишномаи ҳуҷум накардан бо Гитлер. Ба назари “Таймс” ин кори ӯ тавозуни қувваҳоро дар ҷаҳон тағйир дод. Бори дуввум, январи с.1943. Дар рафти ҷанг Сталинро 12 бор барои гирифтани рутбаи генералӣ пешбарӣ карданд, аммо ҳар бор ин қарорро бекор мекард. Иосиф то с.2004 шаҳрванди фахрии Будапешт ва то с.2007 шаҳрванди фахрии шаҳри Кошитсаи Словакия буду то ҳанӯз шаҳрванди фахрии шаҳри Чешке-Будеевитсеи ҷумҳурии Чех аст. Баъд аз марг аён шуд, ки солҳои тӯлонӣ аз бемории атеросклерози рагҳои мағзи сар азият мекашид. Марги Сталин 5 март, соати 21:50 дақиқа ба вуқӯъ пайваст. 6 март, соати 6-и субҳ марги ӯро эълон карданд. Тибқи гузориши расмии табибон марги ӯ дар натиҷаи хунравӣ ба мағзи сар иттифоқ уфтод. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ мотами серӯза эълон шуд. Мегӯянд, с.1943 дар 1 сӯҳбаташ бо Молотов ва А.Голованов гуфта буд: "Медонам, ки баъди маргам ба сари қабрам тӯдаи ахлот мерезанд, аммо боди таърих бераҳмона ин ахлотро пароканда мекунад".

Ихроҷ аз канори Ленин
Дар оғоз Сталин дар паҳлуи доҳии болшевикон В.Ленин дар Мавзолей дафн карда шуд, лек Хрушев баъди Анҷумани ХХ ба фикри берун андохтани Сталин афтод. Фармонҳои роҳбарияти болоӣ дар собиқ СССР ҳамеша зуд ба иҷро мерасиданд ва масъалаи берун кардани Сталин аз Мавзолей ҳам кор барқосо пеш рафт. Қарори рондани Сталин аз Мавзолей 30.10.1961 дар Анҷумани навбатии ҲКИШ қабул ва рӯзи баъд ин қарор ба иҷро расонида шуд. Хрушев нақшаро тавре кашид, ки бо ташаббуси берун кардани Сталин, аз поин баромад карданд. Ин пешниҳодро коргарони шаҳри Киров карданд ва котиби "обкоми" Ленинград-Иван Спиридонов онро дар Анҷуман матраҳ кард. Субҳи 31.10.1961 ин қарор дар "Правда" дарҷ ва бегоҳ амалиёти "ихроҷ" сар шуд. Вақте торик шуд, Майдони сурхро аз ҳар тараф иҳота карданд. Иштирокчиёни амалиёт баҳонаи хубе ҳам доштанд. Кишвар дар арафаи 7 ноябр-бузургтарин ид қарор дошт ва дар Майдони Сурх барои парад тайёрӣ мерафт. Барои ихроҷи ӯ аз Мавзолей комиссияи хос таъсис дода шуд, ки ба он роҳбари раёсати 9-и КГБ, генерал Николай Захаров ва комменданти Кремл А.Веденин сарварӣ мекарданд. Мегӯянд, ГенСек Захаровро пеш аз қабули қарор тавассути Анҷуман аз қазия огоҳ кард ва генерал пешакӣ нақшаи амалиётро кашида буд. Сталин пинҳонӣ дафн шуд. Муаррихин сабабҳои зиёдеро барои ин амалкард матраҳ кардаанд. Тибқи яке аз онҳо, Хрушев аз сар задани баромади оммавии мардум ҳарос дошт. Мегӯянд, с.1953 ҳангоми гӯронидани доҳӣ, дар майдони Трубнии Маскав то 1000 тан ҷони худро аз даст доданд. Коммунистон аз такрори ин ҳаводис бим доштанд. Барои Сталин дар назди девори Кремл пешакӣ қабре кофта, онро зери тахтаи фанерӣ пинҳон карданд. Худи амалиёт чанд соат тӯл кашид. Ҳангоми гузаронидани он дар назди Мавзолей 2 ротаи автоматдорон қарор доштанд ва касеро наздикшавӣ намемонданд. Мегӯянд, ҳангоми дафн тугмаҳои тиллоии сарулибоси маршалии Сталинро канда, ба ҷояшон тугмаҳои латунӣ часпонда, бо фармони шахсии Хрушев пагонҳои генералисимусии Сталин ҳам буррида шуданд. Ҷасади ӯро аз дари махфӣ берун оварданд. Албатта роҳи интиқол чандон тӯлонӣ набуд. Қабри нави Сталин 20 метр дуртар аз Мавзолей қарор дошт. Ҳамин тавр, дар ҳузури аъзои комиссия ва чанд афсар ҷасади Сталин ба хок супорида шуд. Танҳо с.1970 қабри доҳӣ мушаххас карда шуд ва болояш нимпайкараашро гузоштанд. Баъд аз гӯронидани Сталин кормандони техникӣ дар муддати кӯтоҳ навиштаи Ленин-Сталинро тағйир доданд ва мардуми ба парад омада болои Мавзолей танҳо навиштаи Ленинро медиданд.

Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter