Лек Сталин, ки ба донишу заковати Чичерин арҷ мегузошт ва медонист, ки ӯ қудратталаб нест, ҳамеша бо ӯ боадабона муносибат мекард. Чичерин с.1930 аз вазифаи комиссари корҳои хориҷӣ истеъфо дода, 7.07.1936 аз олам чашм пӯшид. Мушовири сафорати Олмон Густав Хилгер дар бораи ӯ гуфта буд: "Ин одами хурдакак аз манфиатҳои кишвари худ дар конфронсҳои байналмилалӣ чунон бо виқору сухандонӣ дифоъ мекард, ки ҳатто душманонаш ҳам ӯро ҳурмат мекарданд".
Лоиҳаи ритсари инқилоб
Нақши Георгий Василевич Чичерин дар тақсими миллӣ-маҳаллии Осиёи Миёна калон аст. Болшевикон дар қатори тақсимоти миллӣ, инчунин тақсимоти иқтисодиро низ дар назар гирифта буданд ва тибқи назарияи дуввум дар ОМ мебоист 2 ҷумҳурии аз нигоҳи иқтисодӣ пурзӯр таъсис дода мешуд. Чичерин дар ҳамкорӣ бо ховаршиносони маъруфи рус лоиҳаи мустақими худро ба Бюрои сиёсӣ пешниҳод кард. Тибқи лоиҳаи ӯ, ки бар асли тақсими иқтисодии ОМ барпо гашта буд, дар ҳудуди собиқ аморати Бухоро ва қисмате аз хонигарии Қӯқанд мебоист РСС Тоҷикистон таъсис меёфт. Мутаассифона, дар Маскав ба ин лоиҳа ризоият надоданд ва он танҳо дар коғаз боқӣ монд. Муносибати ӯ бо Сталин низ чандон хуб набуд.
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар