ХАБАРИ ДОҒ

Конфронси ХIX: Мехи аввал ба тобути СССР

  • Панҷшанбе, Июл 05 2018


Конфронси XIX-уми ҲКИШ аз 28 июн то 1.07.1988 дар пойтахти аввалин кишвари шӯроҳо-шаҳри Маскав баргузор гардид ва онро метавон мехи аввал ба тобути СССР унвон намуд. Конфронсро худи Михаил Сергеевич Горбачёв-Котиби генералии Иттиҳоди Шӯравӣ ифтитоҳ бахшида, бо маърӯзаи дуру дароз дар назди ҳозирин баромад кард.
Пленум ва "бозсозӣ"
11.03.1985 Михаил Горбачёв котиби аввали КМ ҲКИШ интихоб гардид. Баъди омадан ба сари қудрат ислоҳоти тозаеро оғоз намуд, ки асоситарин шиорҳояш бозсозӣ, ошкорбаёнӣ ва суръатбахшӣ гардиданд. 23.04.1985 дар Пленуми навбатии КМ ҲКИШ аз нақшаи ислоҳоти худ аъзои дигари ҳизбро огоҳ намуд. Маҳз дар ин Пленум бори аввал истилоҳи “бозсозӣ”-ро ба забон овард. Ҳамчунин дар Анҷумани ХХVII-уми ҲК, ки феврали с.1986 доир шуд, истилоҳи дигари маъруфи худ-“ошкорбаёнӣ”-ро эълон кард. Январи с.1987 ӯ дар пленуми дигари ҳизбӣ 5 самти асосии ислоҳотро дар соҳаи сиёсии давлат матраҳ намуд. Онҳо иборат буданд аз: 1.Табдил додани ҲКИШ аз сохтори давлатӣ ба ҳизби сиёсии воқеӣ; 2.Бештар кардани озодиҳои демократӣ дар дохили ҳизб; 3.Ширкати номзадҳои ғайриҳизбӣ дар интихобот;

4.Баргузории интихоботи Шӯроҳо дар асоси рақобат ва бекор кардани интихоботи пешина; 5.Табдил додани Шӯроҳо ба ниҳодҳои аслии ҳукуматӣ. Ва барои ҷанбаи қонунӣ бахшидан ба ин ислоҳот Горбачев қарор дод Конфронси умумиттифоқии ҳизбиро давъат намояд. Масъалаи даъвати як чунин конфронс ҳанӯз дар оғози с.1987 миёни доираҳои ҳизбии шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, аммо расман қарор дар бобати даъвати Конфронс июни с.1987 дар пленуми навбатии ҳизбӣ қабул карда шуд.Тайёрии бевосита барои баргузории Конфронс бошад, танҳо феврали с.1988 оғоз шуд. Таҷрибаи баргузории конфронсҳои ҳизбӣ ҳанӯз пеш аз инқилоби октябрӣ миёни болшевикон роиҷ шуда буд. Дар Конфронсҳо вақте зарурати тағйир додани роҳи сиёсии ҳизб пеш меомад, ки дар давраи миёни Анҷуманҳо доир мешуданд. То миёнаҳои солҳои 1930 ин суннат миёни болшевикон роиҷ буд ва кофронсҳо мисли Анҷуманҳои ҳизби тез-тез даъват мешуданд. Аммо баъд аз с.1934 дар аввалин кишвари Шӯроҳо танҳо 1 конфронс-Конфронси ХVIII-уми ҳизбӣ марти с.1941 барпо шуда буд. Акнун Горбачёв қарор дод ин суннати куҳани болшевиконро дубора эҳё кунад. Вазъият дар кишвар бо шиддат тағйир меёфт ва ин тағйирот дар зиндагии сиёсӣ ва иқтисодии мардум бештар хусусиёти ғайримуташаккилона доштанд. Дар дохили худи ҳизб мухолифине вуҷуд надоштанд, чун Низомномаи ҲКИШ созмон додани гурӯҳ ё фраксияҳоро дар дохили ҳизб манъ карда буд. Аммо ин ҳизб дигар 100% якраъй ва якфикр ҳам, ҳатто дар КМ ҲКИШ ва Бюрои сиёсӣ набуд. Худи ӯ аз мавҷудияти 2 ҷараён дар дохили ҳизб-ислоҳотчиён ва кӯҳнапарастон хабар дода буд. Дар асл бошад ҳолати сиёсӣ дар дохили ҳизб ба маротиб мушкилтар, печида ва номуайян буд. Дар бисёр маврид ин печидагӣ аз номуайянӣ ва норавшании худи ислоҳоти ба нақша гирифта вобастагӣ дошт. Маҳз ба ин хотир аксарияти аъзои ҳизб бар ин бовар буданд, ки даъвати конфронси ҳизбӣ ба фаъолияти ояндаи ҳизб равшанӣ меандозад ва самти ҳаракати ояндаро муайян мекунад. Мутаассифона, ин орзуи коммунистон ҷомаи амал напӯшид.
Тезисҳо барои конфронс
Тезизҳои КМ ҲКИШ барои Конфронси XIX дар Пленуми КМ ҲКИШ 23.05.1988 қабул гардиданд ва 27 май, яъне танҳо 1 моҳ пеш аз баргузории конфронс дар рӯзномаи “Правда” нашр карда шуданд. Тезисҳо барои конфронс натиҷаи заҳамоти ва гузаштҳои зиёд буданд, аммо масоили зиёди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар онҳо аслан инъикос наёфта буд, чун тартибдиҳандагони ин тезисҳо намедонистанд ин масоилро чи гуна тавсия бахшанд. Барои кормандони кадрии ҳизбӣ аз ҳама қисмати муҳими тезисҳоро, масъалаи иваз намудани мунтазами кадрҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ ташкил менамуданд. Ин пешниҳодот ҳанӯз дар замони  Н.С.Хрушёв дар анҷумани XXII-и ҲКИШ қабул шуда буданд, аммо баъди суқути Никита Сергеевич ба фаромӯшӣ рафт. Дар Тезисҳои нав зикр мешуд, ки ҳеҷ як аз роҳбарони ҳизбӣ аз 2 дафъа бештар, наметавонад ва ҳақ надорад дар мансаби худ боқӣ монад. Барои котибони КМ ҲКИШ ин давра ду 5-соларо ташкил мекард, лек котибони аввали вилоятӣ, танҳо 2 дафъа, 2-солӣ метавонистанд мансаби худро ишғол кунанд. Барои кормандони ташкилотҳои идеологии ҲКИШ аз ҳама қисмати муҳими “Тезисҳо”-ро масъалаи “гуногунандешии сотсиалистӣ” ташкил менамуд. Дар ин қисмат диққати асосӣ ба озодии сухан, матбуот, озодии баҳс ва маълумот, аммо дар чаҳорчӯби интихоби сотсиалистӣ дода мешуд. Касе ҳақ надошт асли сотсиализмро дар ин мубоҳисот зери суол барад. Аммо баҳсу мунозироти воқеӣ дар кишвар аллакай моҳҳои апрел-майи с.1988 аз чаҳорчӯби муайяннамудаи “Тезисҳо” берун рафта буд. Аммо аз ҳама қисмати асосӣ ва аз тарафе номуайянӣ “Тезиҳоро” талаби додани тамоми қудрати сиёсӣ дар кишвар ба Шӯроҳо ташкил медод. Ин шиор, ки шиори Ленинро дар с.1917 такрор мекард, чӣ маъно дошт, касе намедонист. Дар ин муддат сохтори ниҳодҳои Ҳукумати шӯравӣ комилан тағйир ёфта буд. Барои мисол, Шӯрои ш.Маскав (Моссовет) ба Шӯрои вилоятии Москвагӣ итоат намекард ва ин ҳар 2 низ ба Шӯрои Вазирони СССР итоат намекарданд. Шӯрои Олии СССР дар ин система, танҳо ниҳоди қонунбарор маҳсуб меёфт ва ҳеҷ имконияте барои идораи ҷорӣ надошт. Ниҳодҳои ҳизбӣ-аз райком то КМ ҲКИШ кайҳо боз вазоифи идоракунии давлатиро анҷом медоданд ва дар шароити давлати яккаҳизбӣ ва идеологӣ чораи дигаре набуд. Бо қарори КМ ҲКИШ интихоби вакилон барои ширкат дар конфронси ҳизбӣ бояд дар маҷлисҳои ҳизбӣ ё конфронсҳои ноҳиявӣ, аммо дар асоси ҷойгузинӣ (алтернативӣ) сурат мегирифтанд. Ин низ 1 навоварии дигар қаламдод мешуд. Пештар интихоби вакилон ба анҷумани ҳизб тибқи рӯйхат, ки дар дастгоҳи КМ ҲКИШ ва дар якҷоягӣ бо дастгоҳҳои вилоятии ҳизбӣ тартиб дода мешуданд, амалӣ мегардид. Ҳоло бошад рӯйхати ягона вуҷуд надошт ва ба ҳар як ҷои номзад 5-6 нафар довталаб номнавис шуданд. Ин имкон дод ашхосе низ, ки ба сиёсати ҳизбӣ зид буданд, ба ҳайси вакил интихоб гарданд. Барои мисол, дар яке аз конфронсҳои ҳизбӣ дар Свердловск Борис Николаевич Елтсин соҳиби чунин ваколатнома шуд. Дар Маскав ӯ ба ҳар сурат соҳиби ваколатнома намешуд, аммо дар Свердловск, ки маҳбубияти зиёде дошт, касе наметавонист бо ӯ рақобат кунад.
Оғози анҷом
Конфронс дар охирин рӯзи кориаш 5 қарор қабул кард, ки масоили демократикунонии ҷомеаи шӯравӣ, мубориза бо бюрократизм, муносибати байни миллатҳо, ошкорбаёнӣ ва ислоҳоти ҳуқуқиро дар бар мегирифтанд. Бештари муаррихин бар инанд, ки маҳз ин конфронс сабабгори асосии оғози шикасти системаи сотсиалистӣ шуд. Натоиҷи ин конфронс ислоҳоти Шӯрои Олӣ ва ворид намудани тағйиротҳо дар қонунгузории интихоботӣ гардид. Ба худи Сарқонун низ чанд дигаргуни ворид карда шуд. Яке дигар аз натоиҷи ин конфронс оғози раванди таъсиси Анҷумани вакилони халқӣ буд. Бо вуҷуди ин, Конфронси XIX натавонист ба усулҳои бунёдии сиёсати ҳизбӣ равшанӣ андозад ва ваҳдатро дар суфуфи ҳизбӣ таъмин намояд. Ҳар гурӯҳ ва ҳар ҷараён дар роҳбарияти ҲК дар ақидаи худ боқӣ монд ва дере нагузашта ин гуногунандешӣ сабаби пошхурии абарқудрате бо номи СССР гардид.

Меҳрубон Салимшоев

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter