Ҳарби Смоленск яке аз муҳимтарин ҷангҳои ҶБВ дар с.1941 буда, аз 10 июл то 10.09.1941 идома дошт. Задухӯрдҳо дар фронти 600-650 км ба вуқуъ пайваста, дар онҳо аз ҷониби СССР нерӯҳои 4 фронт (Фронтҳои Ғарбӣ, Марказӣ, Захиравӣ ва фронти Брянск) ва аз ҷониби немисҳо нерӯҳои артиши гурӯҳи "Марказ", қисмате аз нерӯҳои гурӯҳи "Шимол" ширкат карданд. Он инчунин яке аз хунинтарин даргириҳои ҶБВ аст ва талафоти Артиши Сурх дар он беш аз 700.000 нафарро ташкил намуд. Июли с.1941 фармондеҳии олмонӣ артиши худро вазифадор кард, то нерӯҳои шӯравиро дар соҳилҳои Двингаи Ғарбӣ ва Днепр муҳосира ва шаҳрҳои Витебск, Оршаву Смоленскро ишғол кунад. Ба ин васила роҳ ба сӯи Маскав боз мешуд. Ба артиши олмонӣ дар ин муҳориба фелдмаршал фон Бок фармондеҳӣ мекард. Фармондеҳии шӯравӣ аз ин нақшаҳои немисҳо огоҳ шуд ва ният дошт немисҳоро дар ин самт торумор карда, пешравиашонро сӯи пойтахти кишвар боз дорад. Гурӯҳи тонкии Гот ва Гудериан 10 июл бе кӯмаки нерӯҳои пиёданизом ҳуҷумро оғоз ва дар муддати кӯтоҳ Оршаю Кричевро тасарруф намуда, 16 июл ба Смоленск ворид шуданд. Аммо Артиши Сурх 21 июл ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, тавонист Смоленскро пас бигирад. Задухӯрд ранги тӯлонӣ гирифт. 8 август немисҳо дубора Смоленскро тасарруф намуданд.
Дар натиҷаи ҳуҷуми немисҳо 3 армияи Артиши Сурх (армияҳои 19, 20 ва 16) ба муҳосира афтода, пурра торумор шуда, беш аз 310.000 аскари сурхро ба асорат гирифтанд. Аммо немисҳо низ талафоти зиёд доданд ва нақшаҳояшон барои ишғоли Маскав ҷомаи амал напӯшид. Ҳарби Смоленск ба немисҳо собит кард, ки нақшаи Барбаросса амалӣ нахоҳад шуд ва ҷанг ба зимистон тӯл мекашад...
Меҳрубон Салимшоев,
Муаррихи СССР