ХАБАРИ ДОҒ

Муссолинӣ-аз омӯзгорӣ то диктаторӣ

  • Чоршанбе, Апр 06 2016

Таваллуди фашист

Чи тавре маълум аст, фашизм бо номи Адолф Гитлер дар дунё машҳур шуд ва солҳои 1930-40 дунёро ба ларза даровард. Аммо аввалин созмон ба ҳизби фашистӣ аз ҷониби Бенито Муссолинӣ дар Италия ташкил шудааст. Аз ин рӯ, Муссолиниро падар ва Италияро ватани фашизм меноманд.

Бенито Амилкаре Андреа Муссолинӣ 29.07.1883 дар вилояти Форлӣ (Италия) таваллуд шудааст. Падараш Александро Муссолинӣ яке аз оҳангарони машҳури вилоят буд. Ӯ писарашро бо мақсади лидери сиёсӣ шуданаш ба номи либерали машҳури мексикоӣ Бенито Хуарес Бенито ном мегузорад. Давраи кӯдакии Муссолинӣ бештар ба ҷангу хархашаҳои кӯчагӣ гузаштааст.

Ӯ ҳамеша мекӯшид, то дар маркази диққати ҳамсабақонаш бошад. Фармонбардориро бад медид ва доим ба таври худ фармон медод. Боре ӯ бо ҳамроҳии рафиқонаш сангар сохта, чанд нафар муаллимони мактаберо, ки дар он таҳсил мекард, гаравгон мегирад. Ин хислатҳояш боис гардиданд, ки ӯро аз мактаб пеш карданӣ шуданд. Ногуфта намонад, ки Муссолинӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мантиқ, суханварӣ, мусиқанавозӣ майли беандоза дошт. Маҳз ҳамин қобилиятҳои ӯро ба назар гирифта, сарвари мактаб аз нияташ бармегардад. Касби падарашро хуб омӯхта буд, аммо модараш муаллима Роза Малтонӣ писарашро ба ин касб тарғиб мекард. Муаллимӣ касби дилхоҳи Муссолинӣ набуд. Ҳамин буд, ки пас аз гирифтани номаи камол ӯ муддати 1 сол муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор карду баъдан тарки касб намуд.

Муссолинӣ-лидери хурдакак

Ибтидои асри 20 авзои сиёсию иқтисодии давлати Олмон ба гирдоби бӯҳрон печид. Аҳолӣ баҳри дарёфти қути лоямут ба дигар кишварҳои Аврупо муҳоҷир мешуданд. Соли 1902 Муссолинӣ чун дигар ҳамватанонаш ҳамчун мардикор ба Шветсария сафар кард. Дар ин ҷо ӯ ба корҳои гуногун, ба мисли деворрезӣ, хиштчинӣ, муздурӣ, пешхизматӣ машғул ва соҳиби маблағ мешуд. Пули ёфтааш басанда набуд, аз ин лиҳоз бештар шабҳоро дар истгоҳҳову хилватгоҳҳои шаҳр рӯз мекард. Дар сар ақидаҳои бисёр бузург дошт ва доим дар ҷустуҷӯи ҳамақидаҳояш буд. Шабҳо бисёр гаштугузор мекард ва худро бекор бад ҳис мекард. Бо нутқҳои далеронаву ҷасуронаи худ байни муҳоҷирон ном бароварда буд. Пулис вайро чандин маротиба бадарға намуд, аммо ӯ бо роҳҳои гуногун  ва найрангҳои зиёд ба ҷои худ бармегашт. Соли 1907 полис ӯро ба муддати 5 моҳ зиндонӣ кард. Муссолинӣ дар зиндон бо лақаби «Пиколо Муссолинӣ» («Лидери хурдакак») ном баровард. Муссалинӣ аз соли 1990 таҳти таъсири падараш ба ғояҳои марксизм шинос шуда буд. Дар зиндон ба мутолиаи асарҳои К.Маркс, Ф.Энгелс, Каутский машғул шуд. Дар байни асарҳои хондааш консепсияи Фридрих Нитше дар ӯ инқилоби фикрӣ ба вуҷуд овард».

Муссолинӣ ва «Пополо д,Италия»

Моҳи ноябри соли 1907 Муссолинӣ ба Италия баргашта, узви ҳизби сотсиалистӣ ва бо сабаби ташвиқи иштироки Италия дар Ҷанги якуми ҷаҳон соли 1914 аз ҳизб ронда мешавад. Пас аз хориҷ шудан ӯ соли 1915 аз 150 гурӯҳ  иттифоқ ташкил мекунад, ки он то 10.000 аъзо дошт. Аз ин вақт Муссолинӣ тарки ақидаҳои сотсиалистӣ карда, ба тарғиби идеяҳои миллатчигӣ мепардозад. Барои ба мақсади ниҳоии худ расидан (қудрати асосиро ба даст гирифтан) ӯ 23.03.1919 созмони ҷангиеро бо номи Фишио ди комбаттименто» (Иттифоқи мубориза) ташкил мекунад. Истилоҳи фашизм низ ҳамин ҷо пайдо мешавад. (Сарбозони империяи Рим 1 навъи силоҳи ҷангӣ доштанд, ки ба табару қамчин монанд буд. Даста ва бандинаи ин навъи силоҳро фишо меномиданд, ки рамзи бозувони пурқувват ва мустаҳкамро дорад). Яъне, аъзои ин созмони нав ташкилёфта худро фашистон меномиданд. Солҳои 1920 дар Олмон рақобати аҳзоби сиёсӣ тезу тунд шуд. Соли 1921 аз ҳисоби қаноти чапи ҳизби сотсиалистии Италия ҳизби коммунисти ташкил шуд.

Муссолинӣ дар рӯзномаи созмон «Пополо д,Италия» ғояҳои миллатпарастӣ ва бегонабадбиниро паҳн менамуд. Ақидаҳои коммунистиро пайгири ва таъқиб менамуд. Коммунистони Италия А.Грамши ва П.Толяти аз душманони сарсахти Муссолинӣ буданд. Моҳи ноябри соли 1921 ӯ низ аз ҳукуматдорон иҷозатнома дар бораи таъсиси ҳизби фашистӣ талаб кард, аммо ҷавоби рад гирифт. Баъди ин ӯ ва пайравонаш даст ба террори намояндагони ҳизбҳои бегона, аз ҷумла коммунистӣ заданд. Чопхона ва рӯзномаҳои онҳоро оташ мезаданд. Чи тавре ки сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Италия Воровский навишта буд, «… дастаҳои фашистӣ дар тамоми Италия бетартибиҳо карда, манзилу макони пешвоёни ҳизби коммунистиро тороҷ мекарданд».

Монблан ба номи Муссолинӣ

Зери шиори  «Италияи тавоно, шукуфон, бузургу озод» Муссолинӣ тирамоҳи соли 1922 баҳри ба даст овардани ҳокимият дар шаҳри Рим намоиши 40.000 нафар ташкил кард. Дар натиҷа шоҳи Италия Виктор Имманиул маҷбур шуд, ки мансаби нахуст вазириро ба Муссолинӣ диҳад. Дар вақти гирифтани вазифа 306 вакили парлумон баҷонибдорӣ ва 102 нафар вакил муқобил овоз доданд. Ин рақам исботи он аст, ки аксарияти аҳолӣ тарафдори Муссолинӣ мебошанд. Муссолинӣ акнун ҳамчун нахуствазир ба ободии мамлакат шурӯъ кард. Ҳазорҳо километр роҳу хатҳои алоқа,ҷӯйҳо, мактабу хонаҳои фарҳангӣ сохта ба истифода дод. Оилаҳои серфарзандро ҳаматарафа дастгирӣ мекард. Барои тавлиди 1 фарзанди итолиёӣ модарро ҳавасманд мегардонд. Ба муҷаррадону бефарзандон ҷарима мебаст. Гурӯҳҳои моҷароҷӯй ва терроргаронро саркӯб намуд. Сафҳои фашистонро аз одамони шубҳанок тоза намуда, соли 1926 диктатураи фашистиро барқарор кард. Аз ҳамин сол сар карда, ба ҷони Муссолинӣ якчанд маротиба сӯиқасдҳо мешавад. Аз ин лиҳоз ӯ қонуни махсусе қабул намуд, ки тибқи он ба ғайр аз ҳизби фашистӣ ҳамаи дигар ҳизбҳо барҳам дода мешуданд. Ҳамин тариқ, ҳокимияти Муссолинӣ пурзӯр шуда, давоми солҳои 30 парастиши Муссолинӣ авҷ гирифт. Ба ифтихори ӯ суруду достонҳо эҷод намуда, пайкара ва нимпайкараҳои ӯро дар кӯчаҳои шаҳрҳо месохтанд. Ҳатто Папаи Рим Пийи XI Муссолиниро «… шахси аз ҷониби худо ба Италия фиристода шуда» эълон кард. Ба шарофати ӯ қуллаи кӯҳи Монблан номи Муссолиниро гирифт.

Империяи Муссолинӣ

Соли 1932 Муссолинӣ китоби худро бо номи «Докторинаи фашизм» аз чоп баровард, ки дар ин китоб итолиёвиҳоро нажоди олӣ ҳисобида, онҳоро баҳри ташкили империяи Италия даъват кардааст. Дар ҳақиқат, ин даъватҳои ӯ бенатиҷа намонд ва 9.05.1936 Муссолини Италияро Империя эълон кард. Таҳти роҳбарии ӯ қӯшунҳои Италия солҳои 1935-1936 ба Ҳабашистон, соли 1939 ба Албания ҷанг эълон намуда инчунин, бо ҳамроҳии Олмон дар интервенсияи зидди Испания солҳои 1936-1939 иштирок кард. Бо ҳамин минвол, Италия бо сарварии Муссолинӣ ба Ҷанги дуюми ҷаҳон дохил шуд. Моҳи октябри соли 1940 Италия ба Юнон, апрели соли 1941 ба Югославия ва 22.06.1941 бо СССР ҷанг эълон намуд. Дар рафти ҷанг Италия мувафақият ба даст оварда натавонист. Соли 1943 аз вазъи ноустувори фашистон истифода бурда, қӯшунҳои Англия ва ИМА Римро тасарруф карда, ҳокимияти Муссолинро сарнагун сохтанд. Пулиси Италия ӯро дар меҳмонхонаи «Кампо Императоре» маҳкам кард. Баъди чанд муддат ҷосусони Гитлер ҷои ӯро дарёфт намуданд. Отто Скорсони аз Гитлер супориши озод кардани Муссолиниро гирифта буд. Бинобар ин ӯ бо ниқоби бегона ба он ҷо ворид шуда, Муссолиниро ба воситаи ҳавопаймои сабуки якматора ба шаҳри Мюнхен овард. Дар ин вақт шимоли Италияро Гитлер забт карда гирифта буд.

Муссолинӣ ва Гитлер

Муссолинӣ аз ҷониби Гитлер роҳбарии Италияи шимолиро ба ӯҳда гирифт. Аммо ин дер напоид, чунки ӯ намехост тобеъ бошад. Аз сиёсат ва ҳокимият бисёр дилмонда ва рӯҳ шикаста шуда буд. Соли 1945 баъди ниҳоят бад шудани вазъи Олмони фашистӣ Муссолинӣ роҳи гурезро пеш гирифт, вале ӯро 27 апрел дар байни сарҳади Италияву Шветсария дастгир намуданд. 28 апрели ҳамон сол Муссолиниро бо ҳамроҳии занаш Клара Петачч, ки аз худаш 30 сол хурд буд, дар шаҳри Донго паррониданд. Дар асл гуноҳи завҷаашро авф карданд, аммо ҳангоми паррондани ӯ бо синааш шавҳарашро ҳимоя кард, ки боиси марги ҳар 2 гардид. Ҷасади онҳоро ба шаҳри Милан бурда, дар майдони Пясса-де-Ларето аз пойҳояшон овезон карданд. Ин замон Муссолинӣ 62 сол дошт. Тавре ки дидем Бенито Амилкаре Андреа Муссолинӣ ба мақсадҳои асосии худ расид. Яъне, ӯ тавонист қудрати асосиро дар Италия ба даст орад ва яке аз пешвоёни асосии Ҷанги дуюми ҷаҳон гардад. Аммо бояд таъкид сохт ки ҳокимияте ки бо зӯри силоҳ ташкил мешавад онро ояндаи фоҷиабор интизор аст.

Давлатшоҳ Маҳмудов, омӯзгори таърихи ДДОТ, ба номи С.Айнӣ



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter