ХАБАРИ ДОҒ


Корпуси ҷангафрӯз
17.05.1918 корпуси чехословакӣ, ки мебоист тариқи Владивосток ба Фаронса интиқол дода мешуд, дар Сибири Русия зидди болшевикон шӯрид. Ин амалкардро бештари муаррихон чун рӯзи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар меноманд. Тобистони с.1918 корпус дар якҷоягӣ бо дастаҳои зиддиболшевикии рус тавонист, манотиқи назди Волга, Урал, Сибиру Шарқи Дурро аз дасти болшевикон гирад ва ҳукумати Шӯроҳоро дар ин манотиқ барҳам занад. Он дар ҳудуди Русия ҳанӯз солҳои Ҷанги ҷаҳонии 1 аз ҳисоби асирони миллаташон чех ва словакӣ артиши Австро-Венгрия таъсис ёфт. Асирон розӣ шуданд зидди Олмон ва Австро-Венгрия ҷангро идома диҳанд. Дар навбати худ, Фаронса ҳам дар ҳудудаш Артиши мухтори чехословакиро таъсис дод. Фаронса чун иттифоқчии Русия маҳсуб меёфт, фармондеҳии корпуси чехословакии Русия ҳам 15.01.1918 ба зимаи фаронсавиҳо гузошта шуд. Корпус ба диди созмондиҳандагони он, мебоист дар муборизаи озодихоҳонаи кишвари худ ширкат меварзид ва ҳокимони Чехословакия умеди зиёд ба он доштанд. Он шабу рӯз 2 дивизияи корпус дар Украина ҷойгир буду онҳоро бояд ба Фаронса интиқол медоданд. Лек баъди оғози ҳуҷуми немисҳо дар Украина, корпуси чехословакӣ ба ҳудуди Русияи Шӯравӣ ақиб нишаст. 26.03.1918 дар ш.Пенза намояндагони корпус ва ШКХ РСФСР қарордоде ба имзо расид, ки тибқи он асирони собиқ бояд тариқи Владивосток ба Фаронса интиқол дода мешуданд. Баъди чанде қатораҳои пур аз ҷанговарони чеху словак роҳҳои оҳани Русияи шарқиро, аз Пенза то Владивосток пур карданд. Теъдоди ҷанговарони корпусро ҳам муаррихин гуногун мегӯянд. Дар маъхазҳои шӯравӣ ҳайъати корпуси чехословакӣ 40-45.000 ҷанговар муаррифӣ шудааст.

Аммо тибқи маълумоти ситоди артиши сафеди Сибир, теъдоди ҷанговарони корпус августи с.1918 31 000 ҷанговарро ташкил медод. Он шабу рӯз гурӯҳҳои анбӯҳи корпус дар навоҳии Пенза, Сизран, Самара, Челябинск, Новониколаевск, Владивосток қарор доштанд.

Ҳамла аз пушт
Апрели с.1918 комиссари халқии корҳои хориҷаи РСФСР Г.Чичерин зери фишори немисҳо аз Шӯрои шаҳрии Красноярск хост, ҳаракати баъдии корпуси мазкурро ба шарқ мутаваққиф кунад. Чехословакҳо иқдоми ҳукумати болшевиконро ваъдахилофӣ номида, гумон мекарданд, болшевикон онҳоро ба Олмон бозпас месупоранд. 16 май дар Челябинск Анҷумани вакилони ҳарбии корпус доир шуд. Онҳо дар ин Анҷуман ба қароре омаданд, ки муносибатро аз болшевикон канда, мустақилона ба Владивасток ҳаракат кунанд. Дар ҷавоб Маскав 21 май фармони халъи силоҳи пурраи чехославокҳоро содир карда, 25-27 май дар як қатор мавзеи ҷойгиршавии корпус, миёни онҳо ва аскарони сурх задухӯрдҳо сар заданд. Дар оғози июни с.1918 дар наздикии Сизран болшевикон бо чехословакҳо шартномаи оташбас бастанд, аммо баъди чанде аз пушт ба онҳо дарафтоданд. Баъди ин фармондеҳии корпус пурра зидди болшевикон қиём кард.

Кумитаи Комуч
Оғози с.1918 маркази мубориза зидди болшевикон ба Поволже ва Сибир интиқол шуда, дар раъси талош ҳизби эссерон қарор гирифта буд. Эссерон ҳамвора чехословакҳоро барои шӯриш таҳрик медоданд, лек то майи с.1918 роҳбарияти корпус мавқеи бетарафиро дар даргириҳои Русия ихтиёр карда, танҳо мехост корпусро ба ватанашон баргардонад. Баъд аз воқеаи Сизран онҳо аз эссерон ҷонибдорӣ карданд ва дар натиҷа тобистони с.1918 дар манотиқи шарқии кишвар, аз Волга то уқёнуси Ором ҳукумати шӯроҳо сарнагун карда шуд ва ба ҷояш ҳукуматҳои эссерӣ таъсис ёфтанд. Чехословакҳо ба эссерон ёрӣ ва артиши худро таъсис дода, Фронти шарқии мубориза бо болшевиконро созмон медиҳанд. Аз Шарқи дур то Урал 2 ҳукумати эссерӣ – Кумитаи Комуч ва Ҳукумати муваққати Сибир қудратро соҳиб шуданд. Маркази Кумита ш.Самара шуду худро ҳукумати инқилобӣ эълон карда, ваъда дод, баъди пирӯзӣ бар болшевикон қудратро дар Русия ба Маҷлиси муассисон месупорад. Ба артиши нави Комуч подполковники Ситоди генералии Артиши подшоҳӣ Владимир Оскарович Каппел сарварӣ мекард. 21 июл Артиши Комуч Симбирскро ишғол ва нерӯҳои болшевикии таҳти фармони Г.Гайро торумор кард. Баъди чанде Каппел дар ҳамдастӣ бо чехословакҳо ш.Уфа ва Екатеринбургро тасхир кард. Июлмоҳ казакҳои Урал ва Оренбург ҳам ба нерӯҳои Комуч пайваста, дар натиҷа оғози августи с.1918 Артиши Комуч шаҳрҳои Сизран, Симбирск, Сингелей, Буглма, Белебей, Бузулук, Бирск ва Уфаро ишғол кард. 7.08.1918 нерӯҳои таҳти фармони Каппел болшевиконро дар дарёи Кама торумор ва Қазонро ишғол мекунанд. 

Чехҳо ва Колчак
Дастаҳои Комуч ва чехословакҳо дар пойтахти Тотористон қисмате аз захоири тилои императории Русияро ба даст оварданд, ки он 650 млн. рубли тилоӣ ва 100 млн. рубли коғазҳои қимматнок ва боигарии фаровонро ташкил медод. Дар Маскав бошад танҳо баъди аз даст додани Қазон ба худ омада, ба Шарқ рӯ оварданд. Сентябри с.1918 Сергей Каменев сарвари Фронти Шарқии болшевикон таъин шуд. Каменев моҳи сентябр дар наздикии Қазон ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, 10 сентябр Қазонро гирифт. Артиши Комуч ва чехословакҳо шикаст хӯрданд ва аллакай 12 сентябр болшевикон Симбирскро пас гирифтанд. Дар навбати худ нотавонии эссерон дар рафти ҷанг афсарони Артиши собиқи подшоҳиро норозӣ карда буд ва ноябри с.1918 дар Омск 1 гурӯҳи афсарон ҳукумати эссеронро пош дода, қудратро ба адмирали маъруф Александр Колчак супорид. Ӯ бо тахаллуси Ҳукуматдори олии Русия ба мубориза бо болшевикон идома дода, ғарбиҳо ҳам ӯро эътироф карданд. Лек эссерон баъди табаддулот Колчакро душмани аз Ленин ҳам батар эълон карда, бо сафедҳо ба ҷанг бархостанд. Чехословакҳо низ аз эссерон ҷонибдорӣ карданд. Тирамоҳи с.1919 байни дарёҳои Тобол ва Ишим, миёни нерӯҳои Колчаку Артиши Сурх ҳарби ҳалкунанда сар зад. Ӯ шикаст хурд ва ба Сибир ақиб нишаст. 15.01.1920 дар наздикиҳои Иркутск чехословакҳо ӯро қарида, ба ҳукумати эссерӣ интиқол доданд. Корпус бошад, бо ғанимати зиёди моддӣ ҷониби Владивосток ақиб нишаст. Аммо бори зиёд ҳаракати чехословакҳоро душвор мекард. Ахир чехҳо бо машаққат сентябри с.1920 ба Владивосток расида, аз он ҷо, тибқи ваъдаи ғарбиҳо ба Фаронса интиқол ёфтанд.

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев. Тел: 93 777 66 30.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter