ХАБАРИ ДОҒ

Оғози раванди сулҳ

27 июн дар кишвари мо чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ин рӯз, 22 сол қабл тарафҳои даргири ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо миёнҷигарии СММ дар пойтахти Русия созишномаи сулҳро ба имзо расониданд ва ба ҷанги хонумонсӯзи 5-сола хотима доданд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз воқеаҳои мудҳиш дар таърихи кишвари тоза ба истиқлол расидаи мост ва тибқи омори расмӣ беш аз 150.000 кушта ва ҳазорон тани дигар бе ному нишон шуданд. Аз с.1998 ин рӯз чун ҷашни давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва бо қарори Парлумони миллӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст. Ба имзо расонидани чунин созишнома, он ҳам баъди қатлу куштори 5-сола ва ҳиҷрати зиёди мардум ба Афғонистон кори содае набуд. Бо вуҷуди ин, сарони ҳукумат ва мухолифин тавонистанд кинаҳоро канор гузоранду ба созиш бирасанд. Гуфтугӯҳои тарафайн аз апрели с.1994 оғоз шуданд. Майи с.1995 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари нерӯҳои мухолифин Сайид Абуллоҳи Нурӣ дар Кобул бо ҳам дидор намуданд ва раванди сулҳ оғоз шуд. Дар дидори аввал, тарафайн созишномаи оташбасро боз ба муҳлати 3 моҳ дароз намуданд. Дар маҷмӯъ то имзои созишнома ҳукумат ва мухолифин 9 бор бо ҳам дидор намуданд. Яке аз дидорҳои муҳим, декабри с.1996 боз ҳам дар Маскав ба вуқуъ пайваст. Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ санади воридшавии мухолифин ба ҳукуматро имзо карданд. Тибқи санад 4498 размандаи мухолифин вориди сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва 5377 тани дигар авфи мутлақ мешуданд. 

Комиссияи муштарак

Барои пиёда кардани Созишномаи сулҳ тарафҳо дар дидори 9-ум комиссияи муштараке созмон доданд, ки Комиссияи Оштии Миллӣ ном гирифта, дар раванди пиёда кардани сулҳ нақши бориз дошт. КОМ аз 26 нафар иборат ёфта буд, ки 13 тан намояндаи мухолифин ва 13 кас намояндаи ҳукумат буданд.

Ба КОМ С.Нурӣ аз ҷониби мухолифин сарварӣ ва Абдулмаҷид Достиев аз ҷониби ҳукумат ноиби аввали ӯ фаъолият мекард. КОМ дар навбати худ аз 9 зеркомиссия иборат буд ва тамоми кори он дар зеркомиссияҳо анҷом мегирифт. КОМ 4 зеркомиссия дошт. Дар зеркомиссияи сиёсӣ-Иброҳим Усмонов, Раҳим Масов ва Ҳомид Пулодов-намояндагони ҳукумат ва Ҷумъа Ниёзӣ, Абдунабӣ Сатторзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода-намояндагони мухолифин, дар зеркомиссияи масоили ҳуқуқӣ-Халифабобо Ҳомидов, Шермаҳмад Шоев ва Зариф Алиев-намояндагони ҳукумат ва Отахон Латифӣ, Қиёмиддини Ғозӣ ва Файзиддин Имомов-намояндагони мухолифин, дар зеркомиссияи масоили ҳарбӣ-Хайрулло Ҳайдаров, Тағой Раҳимов ва Абдуманнон Абдураззоқов-намояндагони ҳукумат ва Ҳабиб Сангинов, Абдураҳим Каримов ва Атобеки Амирбек-намояндагони мухолифин, дар зеркомиссияи масоили гурезаҳо Шукурҷон Зуҳуров, Бозгул Додхудоева ва Кароматулло Олимов-намояндагони ҳукумат ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Мансур Ҷалилзода ва Мирзомуҳаммад Мирзоҳодиев-намояндагони мухолифин буданд. Бо талоши КОМ бандҳои созишномаи сулҳ ба иҷро расида, тоҷикон бори дигар нафаси осуда кашиданд. 

Ҳукумати 30%-а...

Бо пешниҳоди мухолифин 33 намояндаи он ба вазифаҳои роҳбарикунандаи ниҳодҳои ҳокимияти иҷроия таъин шуданд. Дар сессияи махсуси Маҷлиси Олии ҶТ, ки 30.06.1999 дар Душанбе баргузор шуд, тарафҳо оид ба ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба Сарқонуни ҶТ ва гузаронидани Референдуми умумихалқӣ ба тафоҳум расиданд ва 26.09.1999 Референдуми мардумӣ доир шуд.

Яке аз аввалин қарорҳои КОМ Акти ҳамдигарбахшӣ буд. Тибқи он тамоми асирони ҳарбӣ озод ва ба ҳама иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандӣ кафолати озодӣ ва бехатарӣ дода шуданд. Дар радифи ин Акт КОМ инчунин Қонуни афви иштирокчиёни ҳаводиси солҳои 1992-97  кор карда баромад ва мухолифине, ки ҷиноят содир карда буданд ва алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, афв гардиданд. Тамоми нерӯҳои низомии мухолифин аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд ва 28.12.1998 мухолифини тоҷик расман эълон карданд, ки тамоми марокизи омодасозии нерӯҳои ҷангиро дар хориҷи кишвар барҳам медиҳанд. 3.08.1999 бошад, роҳбарияти мухолифин эълон карданд, нерӯҳои мусаллаҳи худро пароканда мекунад. То охири с.1998 тамоми гурезаҳои тоҷик ба ватан баргардонида шуданд ва ба зиндагии осоишта идома доданд. Дар расидани тоҷикон ба сулҳ кишварҳои беруна низ саҳм гузоштанд. Русия, Афғонистон, Туркманистон, Эрон, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳар кадом ба андозае дар ин раванд саҳим буданд. Маскав, Ишқобод, Кобул, Теҳрон, Алма-ато ва чанд шаҳри дигар борҳо мизбони тарафҳои даргири ҷанги Тоҷикистон буданд. Инчунин СММ ва ташкилотҳои байналмилалии зиёди дигар ҳам дар радифи барқарорсозии сулҳу амният дар кишвари тозаистиқлоли мо гомҳои арзанда гузоштанд. Аммо аз ҳама бештар иродаи сиёсӣ ва талошҳои зиёди президент Эмомалӣ Раҳмон миллатро сари музокира овард ва сулҳи деринтизор дар кишвар барқарор шуд. Сулҳи тоҷикон дар таърихи муосири ҷаҳон низ ҳодисаи нодирест, ки таҷрибааш ҳам барои миллати тоҷик ва ҳам барои кулли ҷаҳониён муфид аст. Имрӯз дар кишварҳои гуногуни дунё оташи ҷанг аланга мегирад ва тарафҳо, солҳои тӯлонӣ бо талоши зиёд ҳам наметавонанд ба сулҳ бирасад, чун роҳбаронашон иродаи кофӣ ва матонат надоранд. Сулҳ ва Рӯзи ваҳдатро ба якояки азизон табрик мегӯем!

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter