ХАБАРИ ДОҒ

 

Бузургтарин набарди тонкӣ

12.07.1943 дар рафти муҳорибаи Курск, дар назди деҳаи хурди Прохоровка бузургтарин набарди тонкии ҷанги ҷаҳонии 2 ба вуқӯъ пайваст. Худи ин ҳарб яке аз муҳорибаҳои бузурги ҶБВ буда, 5.07.1943 оғоз шуда, то 23 август идома ёфт. Ин ҷанг дар таърихнигории шӯравӣ маъруф аст ва онро муҳорибае, ки ба куллӣ вазъияти ҷангро тағйир дод, ном мебаранд. Аз ҳар 2 тараф дар он 4 млн аскар, 69.000 тӯп, 13.000 тонк ва 12.000 тайёра ширкат варзиданд. Ба андешаи муаррихони немис, тобистони с.1943 ба Фюрер бори охирин муяссар шуд, дар Фронти шарқӣ ҳамаи нерӯҳояшро дар 1 мушти зарбазан ҷамъ орад. Он шабу рӯз дар ғарби Рейхи 3-ум вазъият муташанниҷ шуд. Нерӯҳои олмонӣ дар Африқои шимолӣ чун ҳеҷ кумаке аз Олмон намеёфтанд, тобистони с.1943 ба амрикоиҳо таслим шуданд ва нерӯҳои амрикоӣ-инглисӣ ба Итолиё таҳдид мекарданд. Сабаби дигаре низ вуҷуд дошт ва Гитлерро бисёр хавотир намуда буд. Баъд аз пирӯзӣ дар Сталинград Артиши Сурх (АС) нерӯи азиме пайдо карда буд ва Сталин ба ҳуҷуми навбатӣ тайёрӣ медид. Тибқи маълумоти немисҳо ин ҳуҷум маҳз дар наздикиҳои Курск бояд сар мешуд. Гитлер метарсид, ки ҳуҷуми ногаҳонии АС метавонад мисли тарма ҳама чизро аз сари роҳ бардорад. Лиҳозо, дар Берлин қарор доданд, барои пешгирии ҳуҷум худашон амалиёти таҳоҷумӣ гузаронанд ва аввалин шуда, зарба зананд. Амалиёти немисҳо дар ҳоли пиёда мешуд, ки нерӯҳояшон аз АС 3 баробар камтар буданд. Бо вуҷуди ин Фюрер ба амалиёт розӣ шуд. Гитлер ният дошт бо тонкҳои наваш хатти фронтро рахна кунад. Тонкҳои немисии "Паланг" (Тигр) ва "Юзпаланг" (Пантера) он шабу рӯз нерӯи азиме буданд. Дар Курск беҳтарин ва яккачинтарин қисмҳои тонкии олмонӣ, мисли дивизияҳои тонкии СС "Викинг", корпуси 2-уми тонкии СС ширкат варзиданд ва бештари тонкҳои нав низ дар ин қисмҳо тақсим гардида буд. 

 Мудофиаи беназир

Аммо немисҳо пеш аз оғози амалиёт намедонистанд, дар Маскав аз нақшаи онҳо огоҳанд. Нақшаи амалиёти оянда дар 1 тайёраи немисҳо ёфт шуд ва Жуков дар асоси ин нақша ба тарроҳии амалиёти ҷавобӣ сар кард. Вале дар Маскав низ назарҳо яксон набуданд ва Сталин тақозои баргузории ҳуҷуми навбатиро дошт. Бо вуҷуди ин генералҳо бо сарварии Жуков тавонистанд назари ӯро иваз кунанд ва АС барои муҳорибаи оянда мавқеъ гирифт. Жуков ҳини тарроҳии амалиёташ дар Курск хатти мудофиаи бисёрзинаие сохт, ки ҷаҳон назирашро надида буд. Маҳз ин хатти дифоъ ба нерӯҳои АС имкон фароҳам кард, пешравии тонкҳои немисро боздоранд. Яке аз машҳуртарин қисматҳои муҳориба задухӯрди тонкӣ дар назди деҳаи Прохоровка шуд, ки 12.07.1943 ба вуқӯ пайваст. Дар он нерӯҳои корпуси 29-уми тонкии АС ва аз сӯи дигар нерӯҳои корпуси 2-и тонкии СС ширкат варзиданд. Шумораи тонкҳои ҳар 2 тараф низ, ки дар ҳарб ширкат карданд, аз ҳамдигар фарқ доранд. Баъзе муҳаққиқони шӯравӣ то 850 тонк аз ҷониби шӯравӣ ва 800 тонк аз ҷониби Олмонро зикр кардаанд. Ба фикри онҳо дар ин ҷанг 400 тонки немисӣ аз кор бароварда шуд. Прохоровкаро дар СССР "қабристони тонкҳои немис" меномиданд. Аммо тарафи немисӣ дар ин бобат назари мутафовит дорад. Ба гуфтаи немисҳо дар ин набард 186 тонки немисӣ ва 672 тонки шӯравӣ ширкат доштанд ва АС 235 тонкро аз даст дод.

Немисҳо мегӯянд, тонкҳои корпуси 29-и шӯравӣ дар 1 ҳуҷуми камикадзеии худ ба дом афтоданд. "Палангҳо" ва "Юзпалангҳо" аз масофаи дур тонкҳои шӯравиро ҳадаф қарор медоданд, дар ҳоле, ки "Т-34"-ҳо танҳо аз масофаи наздик метавонистанд тонкҳои немисро ҳадаф қарор диҳанд. Дар ин ҳуҷум 219 тонки шӯравӣ ширкат варзида, "камикадзеҳои сурх" 172 тонкро аз даст доданд. Миёни онҳо 118 тонк ба пуррагӣ сӯзонда шуд. Талафоти немисҳо бошад 3 тонкро ташкил дод. Майдони ҷанг низ дар дасти немисҳо боқӣ монда, муҳандисони корпуси 2-юми тонкии СС шабона тонкҳои азкорбаромадаи худро ба ақибгоҳ кашида, тонкҳои шӯравиро тарконданд. Дар арафаи ҳарби Курск нерӯҳои англо-амрикоӣ ба Ситсилияи Итолиё фуруд омаданд ва Фюрер амалиётро мутаваққиф намуда, корпуси тонкии 2-и СС-ро ба Итолиё фиристод. Гарчи немисҳо наметавонистанд зуд ба Итолиё бирасанд, аммо Гитлер аз суқути Мусоллинӣ метарсид ва бо вуҷуди эътирози ҳарбиён тонкҳоро равонаи Итолиё кард. Бе нерӯҳои корпуси 2 немисҳо наметавонистанд амалиётро идома диҳанд ва АС боз ғалаба кард. Дар мавриди гардиши куллӣ бошад, тарафи немисӣ назари дигар дорад. Ба андешаи онҳо, лаҳзаи гардишӣ дар рафти ҷанг на Курск ва на Сталинград, балки муҳорибаи Маскав буд. Маҳз дар ин ҳарб тақдири ояндаи Рейхи 3-ум муайян шуд. Дар назди Маскав ҷанги барқосои "блитскриги" немисҳо ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва Олмон дар ҷанги тӯлонӣ бо СССР, ки ба он Амрикову Англия ҳам ёрӣ медоданд, ҳеҷ имконият надошт. Ба андешаи онҳо, ҳатто агар Олмон дар муҳорибаи Курск ғалаба ҳам мекард, боз ҳам ҷангро бой медод.

 

Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter