Алоқаи ӯ бо 2 хоҳар то охири умр идома ёфта, баъдан ҳатто зани Карл Марксро низ ҳайратзада карда буд. Аммо Энгелс издивоҷро 1 унсури аз гузашта боқимонда шумурда, тарафдори муносибати озоди ҷинсӣ буд. Ӯ 1 рӯз қабл аз марги Мэри бо хоҳиши ӯ бо вай издивоҷ карда, 15 сол баъд тибқи ҳамин нақша хоҳари 2-ум, Лидияро низ расман ба занӣ гирифт.
Ошноӣ бо Маркс
Дар Лондон якумин гомҳои худро дар сиёсат гузошта, бо чартистони англис, аъзои ташкилоти инқилобии "Иттиҳоди адолатхоҳон" наздикӣ пайдо кард. Ноябри с.1843 ӯ силсиламақолоте дар рӯзномаи "The New Moral World" дар мавзӯи коммунизм дар қораи Аврупо ба чоп расонида, феврали с.1844 бошад, чанд номаи ӯ бо номи "Вазъияти Англия" ва "Қайдҳо ба танқиди иқтисоди миллӣ" дар "Солномаи олмонӣ-фаронсавӣ" чоп шуданд. 28.08.1844 дар яке аз қаҳвахонаҳои Порис Энгелси 24-сола бо ҷавони дигари ақидаи инқилобидошта вохӯрд. Ин ҷавон К.Маркс буд. Дар оғоз ба Энгелс таваҷҷӯҳе зоҳир намекард, аммо чопи мақолот ва мактубҳои ӯ Карлро водор кард, назарашро тағйир диҳад. Баъди дидор дар қаҳвахона, ҳар 2 хонаи Маркс рафта, он ҷо сӯҳбатро идома доданд. Ин сӯҳбат бо каме танаффус 10 рӯз тӯл кашида, дарк карданд, ки дар симои якдигар ҳамфикри идеалро ёфтанд. Ҳамин тариқ, тандеми сиёсии маъруфи асри XIX шакл гирифт. С.1847 2 дӯст ба "Иттиҳоди адолатхоҳон", ки баъдан "Иттиҳоди коммунистон" ном гирифт, шомил шуданд. Бо супориши "Иттиҳод" Энгелс матни "Лоиҳаи эътиқоди коммунистӣ"-ро таҳия кард. Маҳз ин "Лоиҳа" баъдан асоси "Манифести ҳизби коммунистӣ"-ро ташкил дод. Албатта ин 2 дар ҳоли ҳамфикрӣ аз нигоҳи шахсият бо ҳам тафовут доштанд. Маркс ҳамеша дар корҳои илмӣ ғӯтавар буд, лек Энгелс ҳаётро дӯст медошт: Ба шикор, шароби хуб, занони зебо ва дигар шириниҳои ҳаёт иштиёқ меварзид ва вазъи молӣ ҳам ин имконро барояш фароҳам мекарду донандаи хуби чанд забон буд: англисӣ, итолиёӣ, испанӣ, даниягӣ, полякӣ, руминӣ, русӣ, юнонӣ...
Сарпараст
Дар муқоиса бо ӯ Маркс аз вазъи молии хубе бархурдор набуд ва таъмини молии ӯро Энгелс ба зимма гирифт. С.1849 Аврупоро мавҷи инқилобӣ печида, дӯстон бо сару калла ба ин мавҷи инқилобӣ фурӯ рафтанд. Хоса, ӯ бе восита дар задухӯрдҳои кӯчагии Порис ширкат варзид. Баъди шикасти инқилоб тавассути Шветсария ба Англия рафт, ки онҷо аз хатари дастгиршавӣ аз ҷониби полиси олмонӣ дар амон буд. Ҳузураш дар инқилоб муносибати падарро бо ӯ сард кард, лек бо вуҷуди ин падар ба Энгелс пули зиёде ба мерос боқӣ гузошт. Энгелс дар Лондон корро дар фабрикаи падарӣ идома дод. Дар ин давра таъмини молии Марксро пурра ба зимма гирифта, на фақат бо пул таъмин мекард. Энгелс, ки аз мавқеияти фавқулоддае бархурдор буд, назарияпардози асосии марксизмро бо ахбори иқтисодӣ таъмин намуда, барояш таҳлили бозорҳои ҷаҳониро анҷом медод. Ба таъбири дигар, ӯро бо маводи истисноӣ барои таҳлил ва ҷамъбандӣ таъмин мекард. Бо мурури замон Маркс ба ин одат карда, ҳар бор назди дӯсташ вазоифи нав мегузошт. Барои мисол, аз Энгелс хост, то дар мавриди авзоъи Олмон силсиламақолоте бинависад. Ӯ мақолотро навишту аз муваффақияти бузурге бархурдор шуданд, аммо зери имзои Маркс ба чоп расиданд.
Генерал
Ӯ дар тарбияти фарзандони Маркс низ саҳм гузошт, зеро худ фарзанд надошту тамоми меҳри падариро равонаи фарзандони Маркс кард. Фарзандони Маркс Энгелсро сахт дӯст медоштанд ва ӯро ҳамеша "генерал" хитоб мекарданд. "Генерал" тахаллусе буд, ки дӯстонаш барои истеъдоди фармондеҳӣ ва таҷрибаи ҷангиаш ба Энгелс дода буданд. Ӯ ҳатто тарбияи фарзанди номашрӯи Марксро, ки аз хизматгорзане ба дунё омада буд, ба зимма гирифт ва эълон кард, ки падари фарзанд ӯст ва аз ҳисоби худ ин писарро бузург кард. Бо вуҷуди серкорӣ аз ҳамаи наздиконаш умри тӯлонитар дид. Хоҳарон Бернс ва Маркс низ қабл аз ӯ вафот карданд. Баъди марги Маркс дар с.1883 ӯ бо сӯзи дил навишт: "Имрӯз аз ҳама ақли бузурги ҳизби мо аз фикр кардан боз монд, аз ҳама қалби пурзӯр, ки ман медонистам, аз тапидан боз монд".
Баъди марги дӯсташ Энгелс ба навиштани "Капитал", ки асосгузори марксизм танҳо қисми аввалашро навишта буд, идома дод. Тавонист қисми 2-3-и ин асарро ба итмом расонад. Коре, ки Энгелс кард, чунин арзишманд буд, ки муаррихон мегӯянд, ин асарро бояд "Капитал"-и Маркс ва Энгелс номид. Баъди марги Маркс ӯ инчунин зиндагиномаи Марксро ба қалам оварда, дар ин кор бисёр муваффақ шуд. Ахир, Энгелс, ки муваффақ шуд дар зиндагӣ тиҷорат, одатҳои ашрофӣ ва фаъолияти инқилобиро тавъам гардонад, 5.08.1895 дар 74-солагӣ, дар Лондон аз саратони рӯда фавтид. Тибқи васияташ ҷасади Энгелсро сӯзонида, хокистарашро дар қаъри баҳр дафн карданд.
Масъули саҳифа: Меҳрубон Салимшоев Тел: 93 777 66 30