ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷике, ки ҳамсояҳо дуздида будандаш...

  • Чоршанбе, Май 18 2016

Аз редаксия: Умари Шерхону Давлат Халил-пажӯҳишгарони ҶБВ сари 66 қаҳрамони иттифоқи советӣ дар ин набард ба мувофақа омадаанд. Вале Сайфиддин Раҳимов-доктори илмҳои таърих бар назар аст, ки 72 тан қаҳрамон аз РСС Тоҷикистон дар ҶБВ буданд. Дар даврони шӯравӣ ин шумораро 54 нафар мегуфтанд. Чаро? Зеро қаҳрамонҳои Тоҷикро медуздиданд. Аксариятро ӯзбек, қирғиз ва ё рус мебароварданд. Зеро миллати пуршараф бояд қаҳрамон бештар медошт. Тоҷикон бошанд, чун дигар фарзандони фарзонаи худ-қаҳрамонҳои Иттифоқи Советиро низ ҳамту ба ҳамсояҳо медоданд...

 

ДЕБОЧА

Беш аз 40 сол аст, ки дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ аз овони мактабхонӣ, муддавом меомӯзаму банди мутолиаам. Ҳоло ҳам омӯхтанро қатъ накардаам. Нисбати қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, хосса, пурдилони Тоҷикистонӣ огаҳӣ дорам. Тӯли 50 соли охир шумораи қаҳрамононро нахуст 57 ва баъдан 63 нафар мегуфтанд. Ҳини таҳияи китоби «Пурдил», дар натиҷаи омӯзишу таҳқиқ, дар бораи 3 тан қаҳрамони дигар маълумот ёфтам. Акнун шумораи онҳо то ба 66 нафар расид. Ин ҷониб то ба ҳамин наздикиҳо аслан дар хусуси Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Фатҳулло Аҳмадов, Ӯрунбек Ёқубов, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қарабоев, Ҳайдар Қосимов, Раҳимбой Раҳматов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Тӯйчӣ Эрйигитов бештар матолиб ба назар мехӯрд. Нисбати Исмат Шарифов (хидмати Муъмин Қаноат), Аҳмадҷон Қурбонов ва Амиралӣ Саидбеков (кӯшиши Бегназар Аҳмадов), Тохтасин Мирзоев, Тӯйчӣ Назаров, Азим Раҳимов, Олим Ҳакимов, Вилдон Ҳабиев (тавассути интернет) тадриҷан хабар ёфта, хулоса бурдам, ки ин шумора охирин аст, аммо саҳв кардаам. Ба тахмин 3-4 сол қабл дар плакате ба унвони қаҳрамоне вар хӯрдам, ки нисбаташ умуман чизе нахонда будам. Дар радифи дигар қаҳрамонон танҳо номи ӯ-Қудрат Қаюмов ва ба ҷои акс хати борики 4-кунҷа буду бас. Ба назар номи ошно, вале дар асл чизе ба ёд оварда натавонистам. Ба ман гуфтанд, ки ӯ аз Тоҷикони кӯҳистон аст, боқӣ ҳич.

Баҳри дарёфти шарҳи ҳоли пурдил нахуст ба китоби журналист ва муҳаққиқи Тоҷик Л.П.Сечкина «Твои герои, Таджикистан» («Маориф», 1985) рӯ овардам. Он ҷо нисбати Қаюмов маълумоти мухтасаре дарёфтам. Ба ёфтан ёфтаму, пас аз мутолиаи матлаб аз тақдир, қазои мубрами қаҳрамон сахт андӯҳгин шудам. Чи сарнавишти талхе. Дар ин китоб низ матлаб бе акс омада. Лаҳзае пас ба олами интернет ворид шудам. 8.04.2015 маълумоти мухтасареро дар бораи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Қудрат Қаюмов дастрас намудам. Он ҷо ҳам акси қаҳрамон набуд. Ба ҷангноманавис, номзади илми таърих, устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа Давлаталӣ Алимов муроҷиат кардам. Муаллим гуфт, ки куҷое акси қаҳрамонро дорад, аммо то имрӯз онро наёфтем. Журналисти шинохта Диловари Мирзо порсол матлабе ба табъ расонд, вале он ҳам бе акси қаҳрамон. Хуллас, порае чанд аз ҳаёти Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, фарзонамарде аз диёри кӯҳистони Тоҷик Қудрат Қаюмовро, ки баҳри дифои ватани паҳновари шӯравӣ ҷон дар рамақ гузоштааст, пешкаш менамоем.

ҚАЮМОВ-қаҳрамони гумнажод

Дар картотекаи махсуси шуъбаи мукофотонӣ ва бақайдгирии сарраёсати кадрҳои Вазорати мудофиаи СССР карточкае маҳфуз аст, ки дар он гуфта мешавад: «Қаюмов Қудрат, таваллуд 1922, узбек, узви комсомоли ленинӣ, сержант, фармондеҳи отделенияи полки 109-уми тирандози дивизияи 74-уми тирандоз. Барои адои қарзи Ватан аз комиссариати ҳарбии Қалъаи Лаби Об даъват гашт. Бо Фармони Раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР 16.10.1943 ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. 12.09.1943 ба ҳалокат расид».

17.10.1943 дар рӯзномаи «Красная Звезда» Фармони Раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР дар бораи додани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ба генералҳо, афсарон ва сарбозони Артиши Шӯравӣ чоп гашт: «Барои убури бомуваффақи дарёи Днепр-қисми шимолии Киев, истодагарӣ дар майдони амалиёти ҳарбӣ ва нишон додани ҷасорату матонат унвони Қаҳрамони СССР дода шавад: 

85. Ба сержант Қаюмов Қудрат.

Москва. Кремл. 16.10.1943».

Фармони фавқ 20.10.1943 дар рӯзномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «Тоҷикистони Сурх» ба чоп расид. 22.02.1944 дар газетаи «Коммунист Таджикистана» мақолаи «Қосимов Ҳайдар ва Қаюмов Қудрат қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ» нашр гашт, ки дар он гуфта мешуд: «Дар рӯйхати тиллоии қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ боз номи 2 фарзанди баобруи халқи Тоҷик-Қосимов Ҳайдар ва Қаюмов Қудрат, собиқ колхозчиёни артели хоҷагии қишлоқи «Сохтмони Вахш»-и ноҳияи Октябр (ҳозира н.Бохтари вил.Хатлон-У.Ш.) сабт ёфт. Барои иҷрои намунавии супоришҳои ҷангии фармондеҳӣ дар ҷабҳаи мубориза алайҳи истилогарони немис ва нишони ҷасорату мардонагӣ, бо Фармони Раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР ба онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Халқи Тоҷик бо ин фарзандони номдори тарбиятдидаи ҳизби Ленин-Сталин фахр мекунад».

Корнамоии қаҳрамон дар газетаи ҷабҳавии дивизияи 74-уми тирандоз аз 14.09.1943 муфассал баён карда шудааст: «Ҳангоми яке аз ҳамлаҳо аскари немис бо пулемёти калонкалибр пеши роҳи ҷанговарони шӯравиро гирифт. Узви комсомол Қудрат Қаюн(м)ов, вазъро санҷида, ба хулоса омад, ки дастаи пулемётро битарконад. Оҳиста-оҳиста ӯ дар маҳали зери борони тир қарордошта мехазид. Ҳар лаҳзаи ҳаёташ дар хатар буд, аммо бо вуҷуди ин, ӯ ба душман наздиктар мешуд. Ҳангоме ки то пулемёти душман масофаи кам монда буд, ба пояш тир расид. Пойҳояш вазнин гаштанд, дигар имкони хазидан надошт. Тамоми неруи худро ҷамъ намуда, Қаюн(м)ов ба зону хеста, норинҷаки зиддитанкиро ба сӯи дастаи пулемёт ҳаво дод, ки аз он нишоне намонд. Вай садои таркишро нашунид. Тири адӯ ба қаҳрамон расида, ӯро аз по афтонд. Аммо ҳамяроқон диданд, ки чи хел пулемёти душман бо соҳибонаш ба ҳаво хестанд. Ҷасорати комсомол Қаюн(м)ов ҷанговаронро рӯҳбаланд кард, онҳо душманро шикаст доданд».

Дивизияи 74-уми Армияи 13-уми Фронти марказӣ ин муҳорибаро дар деҳаи Оболонйеи ноҳияи Коропи вилояти Чернигов мегузаронд. 

На ман манам

Аммо тақдири қаҳрамон ҳанӯз ҳам норӯшан аст. Чунон ки мебинем, ҳатто насаби ӯ дар навишта таҳриф шудааст. Шояд ба ин сабаб нависандаи Узбекистон Зиннат Фатҳуллин гумон бурдааст, ки ин ҷанговар собиқ колхозчии колхози ба номи Коммунаи Парижи н.Фархори вилояти Самарқанди РСС Узбекистон Қудрат Суюнов аст. Дар асари худ (маҷаллаи «Звезда Востока» («Ситораи Шарқ»), №3, 1951) «Ҷовидон» аз ӯ чун Қуюмов Қудрат ном мебарад! Пас аз чопи повести З.Фатҳуллин барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала, ба сокинони деҳае, ки дар он Қудрат Суюнов ба дунё омадаву зиндагӣ мекард, муроҷиат намуд. Аён гашт, ки модари Суюнов-Шарофат аз марги писараш огоҳнома гирифта, вале аз қаҳрамон буданаш хабар надоштааст. Ҳол он ки аз тамомшавии ҷанг солҳо сипарӣ шуда бошад ҳам. Аз ин рӯ, оилаи Суюновҳо хоҳиш карданд, ки насаби қаҳрамон дар Фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР ба Суюнов Қудрат табдил дода шавад. Мукотиба ва ҷустуҷӯи ҳамяроқон беш аз 10 сол давом кард. Оқибат насаби қаҳрамонро тағйир доданд. 

Тоҷике, ки ӯзбек шуд...

Аммо агар маълумоти шарҳиҳолии Суюнов ва Қаюмовро муқоиса кунем, онҳо аз ҳам фарқи калон доранд:

Суюнов Қудрат соли 1914 дар деҳаи Ингичкаи ноҳияи Норпайи вилояти Самарқанд таваллуд ёфтааст. Дар карточкаи қаҳрамон Қудрат Қаюмов гуфта мешавад, ки ӯ соли 1922 ба дунё омада, ба ҷанг аз ноҳияи Қалъаи Лаби Оби вилояти Кӯлоб даъват шудааст. Узви комсомол. Суюнов Қудрат он ҳангом 29 сол дошт ва ӯ наметавонист узви комсомол бошад. Инчунин, маълум аст, ки Суюнов дар ҷанг бо финҳои сафед (1939) иштирок кардааст. Аммо дар ин бора дар карточка барои қаҳрамон чунин маълумот вуҷуд надорад. Дар китоби Ф.Салоҳуддинов ва М.Иоско «Фарзандони шарафманди Самарқанд» гуфта мешавад: «Қудрат Суюнов дар убури дарёи Днепр ва ҷанги озодсозии пойтахти Украина-Киев иштирок кардааст». Ин воқеа ба охири октябр-6.11.1943 рост меояд, вақте ки Киев озод шуда буд. Вале Қудрат Қаюмов, чуноне дар карточка зикр шудааст, 12.09.1943 ба ҳалокат расида, 16.10.1943 ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советиро (пас аз марг) сазовор донистаанд.

 РУҶӮЪ

Чунон ки мебинем, гиреҳи ин чигилро кушодан осон нест. Инчунин, пайвандон ва наздикони Қудрат Қаюмов дар қайди ҳаёт нестанд, ки ба тақдири қаҳрамон рӯшанӣ андозанд. Воқеан, аз рӯи ақидаи замони шӯравӣ чунин меандешиданд, муҳимаш, 2 нафар дар ин дунё ба сар бурда заҳмат мекашиданд, бо касе ҷангидан намехостанд. Лек ҷанги хонумонсӯз оғоз шуд ва ҳар 2 ба ҷабҳа рафта, баҳри ҳимояи Ватани хеш ва озодиву истиқлолияти он ҷони ширини хешро нисор карданд. Воқеан, ҳар 2 ҳам қаҳрамонанд, аммо замон дигар шуд. Кунун давлати паҳновари Шӯравӣ побарҷо намонд. Ҳар 1 ҷамоҳири собиқ истиқлолият ба даст овардаву ба сари худ мустақил гашт. Акнун замоне расид, ки бубоист ҳақ ба ҳақдор расад. Боз кӣ медонад, тафсилоти саҳеҳтари ҷонфидоии диловарписари Тоҷик Қудрат Қаюмовро?                          

Умари Шерхон,

адиб

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter