ХАБАРИ ДОҒ

 

Ин ном ба аксарият ошност! Ба вежа дар журналистикаи ҳирфаии телевизионӣ. Зеро А. Собир дар соли 1992, аз нахустин нафароне шуд, ки суратгиракашро ба дурбини наворбардорӣ иваз карда, бо даъвати Эмомалӣ Раҳмонови 40-сола, сарвари ҷавони ҶТ, ба Душанбе омад, то мурвати ТВТ-ро тоб дода, ба оламиён бонги сурури пирӯзии нирӯҳои сафедкорро занад!

 Шарифи Мисайзод, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Мираҳмади Амиршоҳ, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Раҳими Ашроф, Ҷомӣ Каримов, Пӯлод Мадалиев, Саъдулло Ятимов, А. Собир...

Инҳо қаҳрамонҳои даврони худ буданд. Зеро вақте дар Душанбе тиру хун мерехту ҳатто қудратиҳо дилу гурдаи ба пойтахт омадан надоштанд, ин ҷавонмардони мард бо сарварии Бобоҷон Икромови нозанин, нахустин шуда, ба Душанбе даромаданд. Радиову ТВ валангор, дару тиреза рехта, долонҳо пур аз хуну халаф. Дастгоҳҳо шикаста ва муҳимтар аз ин ҳар силоҳбадаст раиси билоивази ин 2 даргоҳи адабу фарҳангу хирад...

Кӣ ёд надорад ситами Мулло Ғаффори наҳзатиро сари журналистони Тоҷик?

Кӣ фаромӯш кардааст, ситами Хуҷа - командирро, ки худро телевизионшики №1 меҳисобид?

Рӯзе не рӯзе дар ин бора ҳатман кормандони ин даргоҳ хоҳанд навишт.

 Ман танҳо инро гуфтаниям, ки 3 рӯз дар ин Кумита кор кардам. Ва 3 рӯз маро куштанӣ меомаданду бачаҳо кӯмакам мекарданд. Ҷои таърифу тавсиф нест, 1 мисқол аз онҳо наметарсидам, вале бо маслаҳати «аз бало ҳазар!», маро раёсати Кумита аз кор «ронд»... Ин бар нафъи худи ман буд. Воқеан ҳам чунин рафтори раёсати давр пур аз ҳикмат будӣ. Зеро бо ҳамин «ронданҳои муваққатӣ» хелеҳо ҷон ба саломат бурданд...

 Соли 1993. Январ. Аз осмон тиру хун меборид. Касе дилёб намешуд, ба минтақаи доғтарини кишвар ва валангортарини он - Қурғонтеппа равад. Дар Вахшу Октябру Шаҳритусу Қубодиёну Қумсангиру Панҷ куллан анархия ҳукмрон буд. Ба ибораи дӯстдоштаи Батка Махнои револютсионер «анархия мать порядка» буду шеваи ҳукмронии ҳабибтарини қумандонҳо. Қатлу куштор ба ҳадде авҷ гирифт, ки ба гуфти Бобои Ғулом «тухми тоҷикро доданд!». Ин замон Ёқуб Салимов вазири вақти ВКД буд. Ӯ даъват кард, ки журналистон рафта, воқеиятро инъикос кунанд, то қатлу кушти мардуми водии Раштонзамин хатм ёбад. Касе розӣ нашуд. ...

             Вале А.Собир хесту гуфт ман меравам! Ва рафт. Бо 2 журналисти дигар (бандаи камтарин, ки ҳамагӣ 25 сол доштам, Мираҳмади Амиршоҳ ва садрамон Ҳаким Қурбонов - полковники милитсия). Чизе ки мо дидему А.Собир сабт кард, айни манзараҳои пурдаҳшату харобкориҳои ДИИШ ё худ ҷангиёни ба ном Давлати Исломӣ дар Шому Ироқ буд. Афғонистон пеши ин мавзеъ Порисро мемонд! Афғонҳое, ки ҷанги 22 соларо паси сар кардаанд, ин манзараҳоро дида, ангушти ҳайрат бар ситамкории тоҷикони мо мегазиданд.

3 воқеа аз пеши назарам ҳеҷ дур намешавад:

1.    Гурӯҳи дузду ғоратгари силоҳбадастро дидем, ки мардумро ғорат мекарданд. Чун камераи А.Собирро диданд, сӯяш давида, хоҳиш карданд...ки онҳоро ба навор гирад ва дар ТВ нишон диҳад... То ин ҳадд мардум нотарс шуда буд!

2.    Қумандоне таппончаашро ба кор дароварда (заряжат карда), дар пешонии ман монд, ки ҳозир мепарронамат! Силаҳшӯронаш «Қумандон ором, Тигр ором» гуфта, нав дасташро аз пешонаам дур карда буданд, ки А. Собир пурсид, «Сайёф, ба фикрат ҳамин одам туро мепарронд?». Аз сари ҷавонӣ буд ва ё адами тарсу ҳарос, ки гуфтам, «Неъ, А.Собир, барои паррондан гурда лозим!». Қумандон дубора мили таппончаро ба пешонаи ман монда, ба чашми ману А.Собир нигариста, дарк кард, ки аз ӯ наметарсем... Ва моро он шаб зиёфат дод!

3.    Тоҷиконро қатли ом мекарданд, дигар ақвоми силаҳшӯр. Ин ҳангом ба доди ин мардум Раҳмону Қурбон Чоловҳо ва Сайидшо Шамолов расиданд. Чоловҳо тоҷикони раштонзамину дарвозтаборони Панҷро ҳимоят карданду Шамолов бадахшониву ғармиҳои Қумсангирро. Одам бояд фаромӯшхотир набошад. Аввал Худо ва баъдан Чолову Шамолов намешуданд, ба таҳқиқ дар ин водӣ 1 тоҷик зинда намемонд. Вале сабагори омадани ишон ба доди тоҷикони бегуноҳе, ки бо айби ҲНИ мавриди тазйиқу қатлу кушт қарор гирифта буданд, маҳз ... камераи А. Собир шуд, ки ин ҳама бедодиро сабт ва пешкаши оламиён намуд.

 

Профессионал

Воқеан ҳам тақдири коргардону наворгир аст, ки ҳаргиз худаш ҷое дар навори таърихӣ пайдо нест. Ана ҳамун валангориву хонаҳои сӯхтае, ки мебинед имрӯз дар оинаи нилгун, нисфаш заҳмати А.Собир аст...

 Ӯ ҳатто Хонаи Худо бо камерааш рафт!!! Ҳам ҳаҷ карду ҳам кор. 2х1. Яъне А.Собир наметавонист, Каъбаро тани танҳо бинад, зимнан сабт ва ба 9 млн нафар ба намоиш гузошт...

Бо ин ҳама ҷонфидоие, ки барои таҳкими Сулҳу Субот кард, гуфти худаш, баъди «30 сол дар ТВТ кору фаъолият намудан, аз ҳисоби худам 1 ҷома хариданду бо тантана ба нафақа бароварданд». Ба фикратон ранҷид? Ҳаргиз на! Ҳарчанд ин амал барои 1 Кумитаи давлатӣ айб аст, ки наворгири даврони ҷанги гражданиро қадршиносӣ накард...

Хесту рост ба СССР омад. Зеро медонист, ин ҷо ҳампаймону ҳамсангарҳояш ҳастанд. Ва аз соли 2022 ба редаксияи газетаи мардумӣ пайваста, масъули Ютубканали СССР ТВ дар олами интернетист.

... Шоҳмотбози моҳир, варзишкор, шӯх, зиндадил, дастурхондор, ҷавонмард, профессионал ва намакпараст. Ин вежагиҳои А. Собир аст, ки ин ҳафта ба синни мубораки 65 мерасад. Ба акси ӯ нигариставу ҳеч намегӯӣ, ки ба «салтанати пирӣ» расидааст. Хеле ҷавон менамояд.

 

125

 Вале ҷавонии ӯ маҳсули заҳмати Янгаи меҳрабон ва чароғи хонадонаш аст, ки гуфти худи А. Собир «аз миёни 1500 номзад дар Кӯлоб ин дарвозидухтарро интихоб намудам!!!». Таббох, дӯзанда, машшота, ороишгар, қаламзан, чакандӯз, зебо ва чаққон. Ин хислатҳои ҳасанаи Зуҳро Ҷалолова, бонуи хонадони А.Собир аст, ки ҳаргиз, дар ягон давру замон, дар пастиву баландӣ, гирифториву гуруснагиву талхиву ширинии зиндагонии пурмуаммо сӯи шавҳар нигоҳи каҷ накардааст...

Воқеан ҳам Зуҳробонуи меҳрабон, аввали ҳафта ба синни мубораки 60 расид. 60+65=125. Яксаду биступанҷсолагии ин 2 дилдода, ки то ҳанӯз ошиқи ҳамдигаранд, муборакамон бод. Кош дар ҳама оилаҳои Тоҷикистони азиз чунин муҳаббату самимият ҳукмфармо бошад, ки дар хонадони инҳост.

Мо метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter