ХАБАРИ ДОҒ

 

София Назарова, омӯзгори собиқадор ва нафақахӯр бо идора тамос гирифта (тел: 2385556), гуфт, ки аз 01.07.2023 нафақаи баъзе аз қишри ҷомеа 20 – 25% баланд шуд, вале ман нафаҳмидам, ки аниқ аз кӣ ва чи қадар баланд гардид.

   - Нафақаи заминавӣ ва иҷтимоӣ 20% афзуд, вале ман шахсан худам намедонам, ки нафақаи ман, ки аз рӯи сину сол, яъне 58 солагӣ баромадам, зиёд шуд ё не. Нафақаи ман ба кадом гурӯҳи нафақа медарояд: заминавӣ ё иҷтимоӣ? Ва чаро дар сомонаҳои расмӣ шарҳи муфассали он нест? Ман аз мухбирони газетаи мардумии СССР бисёр хоҳиш мекардам, ки барои мо - нафақахӯрон инро шарҳ диҳанд.

Аз редаксия: Хонандаи гиромӣ! Шумо танҳо не, аллакай чандин нафар занг зада, дар бораи нафақаи заминавӣ ва иҷтимоӣ суол карданд. Бо назардошти ин мо расман ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷӯмҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем, то ин ки мутахассисони ин ниҳод барои хонандагони мо боло рафтани кадом нафақаро шарҳ бидиҳанд. Дар шумораҳои наздик ҳатман дар ин бора муфассал хоҳем гуфту навишт!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter