Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Бохтар вобаста ба мақола дар мавриди гаронии нарху навои маҳсулот дар бозорҳои ш.Бохтар итиллоъ медиҳад, ки дар байни намозгузорони 5 масҷиди ҷомеъ ва 25 масҷиди панҷвақта корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд. Инчунин дар ҳар 1 намози ҷумъа мавъизаҳои имомхатибон вобаста ба нарху навои аз инсоф берун, шунида мешавад.
Қайд кардан зарур аст, ки имомхатибон дар баргузории намози ҷумъа дар масҷидҳои ш.Бохтар, санаи 26.05.2023 марбут ба мавзуъи «Адолату фазилати хариду фурӯши маҳсулоти хӯрока дар бозорҳо» мавъизахонӣ карданд.
Дар ҳузури намозгузорони масҷиди марказии ш.Бохтар, сархатиб Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, моҳияти фазилату адолати хариду фурӯшро матраҳ намуд. Бо истифода аз ҳадису сураҳои қуръонӣ ва қиссаву ривоётҳои ҷолиб оид ба муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи мардум дар бозорҳо иттилоъ дод.
Қайд гардид, ки мутаассифона ҳанӯз ҳам дар бозорҳо нархи маҳсулоти хӯрока хеле зиёд гарон буда, мизони адолату инсофи баъзе аз фурӯшандагон ба талаботи қонунҳои шаръию инсофӣ посухгӯ нест ва бо баррасии дигар паҳлуҳои мавзуи зайл, савдогаронро лозим аст, ки дар мавриди фурӯши ҳаргуна молу маҳсулоти ниёзи мардум инсофу адолатро ҷонибдорӣ намуда, нархро то ҳадди имкон муътадил нигоҳ доранд.
Ходимони дин бо баррасии ин мавзуъ қаблан низ мулоқотҳо ороставу ҷиҳати пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастуру маслиҳатҳои судманд дода буданд.