ХАБАРИ ДОҒ

 

Шоми 2 июл, соатҳои 19:00 ба вақти Душанбе дуди сиёҳи бозори Корвон хаймаи фалакро сӯрох кард. Сӯхтор дар бозори «Корвон”-бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон аз дарвозаи №7 сар шуда, қариб 4 соат тӯл кашид. Ба қавли туҷҷор, сӯхтор аслан дар қисмати либосфурӯшии бозор сар задааст. Дар ним соати аввал сӯхтор дӯконҳои тарафи дарвозаи №7-ро фаро гирифта, сипас ба дӯконҳои тарафи дарвозаи №6 ба тадриҷ кӯчидан гирифт. Сӯхтор асосан дар дӯконҳои атрофи маркази савдои «Мираж” рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидон, тоҷирон бо шитоб ба берун кашидани борҳои худ дасту остин барзаданд. Издиҳоми бузурги мардум ба «Корвон” рехта, мошинҳои зиёди сӯхторнишонӣ ҳам расиданд. Пожарникҳо баъди тақрибан 3 соат тавонистанд сӯхторро хомӯш кунанд. Мақомот бо баландгӯяк аз мардум хостанд, ки офат рафъ шуд ва акнун хона ба хона шаванд. Вале мардуми зиёд назди дарвозаҳои №2, 3, 4, 5, 6 ва 7-и бозор боқӣ монданд, ки “сонӣ чӣ мешавад?”. Журналист Завқибек Саидаминӣ аз бозори «Корвон” он вақту соат тариқи Фейсбук бо нашри чанд акс хабар дод, ки сӯхторнишонҳо ахир тавонистанд, пеши роҳи густариши сӯхторро бигиранд: “Дар назди дарвозаи 5 «гуфтаи мардак», «сӯзан партоӣ таҳ намезанад!». Ба назди дарвозаҳои 6 ва 7 рафта намешавад! Сӯхторхомӯшкунҳо ва кормандони мақомот зиёданд! Кормандони мақомот фурӯшандаҳоро тариқи баландгӯяк огоҳ доранд, ки ба хонаҳояшон раванд чун «сӯхтор хомӯш карда шудааст!» Фикр мекунам, 80%-и ин ҷо будаҳо тамошобинанд, на фурӯшанда! Чун одам аз ҳад зиёд аст! Ҳоло мардум пароканда мешаванд! Аз Корвон то Саховат роҳ пури одам аст! Маршрутҳои берақам аз фурсат истифода бурда, роҳкироро аз Саховат то Сирк 2 сомонӣ намуданд!...».


Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар сайти интернетияш навишт, ки бар асари сӯхтор дар бозори «Корвон» 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар диданд. ВКД тибқи хулосаи пешакӣ, сабаби сар задани ин оташсӯзиро, «расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ» эълон кард. ВКД ҳамзамон гуфт, ки дар ин ҳодиса касе ҷароҳат набардошта ва талафоти ҷонӣ ҳам сабт нашудааст. Ин ниҳод ҳаҷми хисороти ин оташсӯзиро эълон накарда ва гуфтааст, ки «зарари сӯхтор муайян карда мешавад.»
Баёнияи ВКД ҶТ дар ҳолест, ки тоҷирони «Корвон”, рӯзи 3 июл дар сӯҳбат ба агентии хабарии русии «Спутник” гуфтаанд, сӯхтори шаби 2 июл дар ин бозор ба оташзанӣ шабоҳат дорад. Ба гуфтаи онҳо, нирӯи барқро дар қаламрави бозор соати 15:30 хомӯш карда буданд, вале сӯхтор баъди соати 20-и шом, вақте оғоз ёфт, ки хатҳои интиқоли барқ таҳти фишори зиёд қарор надоштанд. Вале Мухтор-тоҷири бозори «Корвон” ба «Спутник” гуфтааст, дар инҷо ягон расиши кӯтоҳ набуд: «Дар бозор нирӯи барқро соати ними 4-и рӯз мекушанд, вале сӯхтор шом, баъди соати 20 рух дод. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки бозорро оташ задаанд. Мисли дафъаи гузашта, ки «Корвон” даргирифта буд.”
Соҳибкорон ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар ин ҳодиса асосан растаҳои фурӯши пойафзол ва дӯконҳои фурӯши шими «ҷинс» ба коми оташ рафтаанд. Ба гуфтаи соҳибкорон, субҳи барвақти 3 июл ҳамаи ҷабрдидаҳоро дар 2 автобус савор карда, ба ҳукумати шаҳр бурданд. Лаҳзае пас Ҳукумати шаҳр ҷузъиёти ҷаласаи таҳти раёсати Рустами Эмомалиро дар бораи сӯхтори бозори “Корвон” дар сайти интернетияш нашр кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар ҷаласа баробари масъулини шаҳрдорӣ инчунин беш аз 200 соҳибкори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Корвон» иштирок карданд. Дар пайи баррасии сабабҳои сар задани сӯхтор роҳбарони мақомоти умури дохилӣ, амният ва шаҳрдорӣ ва бозорҳо муваззаф шудаанд, растаю дӯконҳо, марказҳои савдо ва иншооти баландошёнаи Душанберо бо дастгоҳҳои огоҳкунанда аз сӯхтор муҷаҳҳаз кунанд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда то 1.09.2017 ахбор пешниҳод намоянд. Шаҳрдорӣ 22 адад нақлиёти сӯхторхомӯшкуниро дар пойтахт хеле кам хонда, қарор кардааст, ки дар муддати 1 моҳ барои хариди давлатии мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ таклифҳо ироа гарданд. Шаҳрдори Душанбе инчунин дастур додааст, ки аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор, бозори “Корвон”, бо ҷалби намояндагони соҳибкорон гуруҳи корӣ таъсис дода шавад ва ҳарчӣ зудтар ҳаҷми зарари ба ҳар 1 соҳибкор расидаро муайян карда, маълумотҳои заруриро барои андешидани тадбирҳо то 1.08.2017 пешниҳод намоянд: “Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур шумораи соҳибкороне, ки аз бонкҳои ҷумҳурӣ қарзҳо гирифта, молҳои онҳо дар натиҷаи сӯхтор қисман ё пурра нобуд шудаанд, муайян карда, бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Раиси шаҳр пешниҳод намоянд”.
Шоҳидон-корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук мегӯянд, ки то он шом худи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҷои ҳодиса омада вориди ин издиҳом нашуд, кормадони Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ дар интизори об нишаста буданд. Пас аз пайдо шудани Р.Эмомалӣ, ки наҳаросида ба сӯи оташ рафт, ба кӯмаки сӯхторхомӯшкунандагони Тоҷик ҳамтоҳои русашон аз дивизияи 201-ум расида омада оташро дар якҷоягӣ хомӯш карданд.
Дар ин нишаст Нуршед Машрабов-раиси “Корвон” довталабона изҳор доштааст, ки зарардидаҳо дар тӯли 2 сол аз супоридани маблағи чинакпулии ҳаррӯза ва пардохти иҷорапулӣ пурра озод мешаванд. Ӯ инчунин уҳдадор шудааст, ки дар муддати 1 моҳ пурра растаҳоро барқарор карда, дар ихтиёри соҳибкорон гузорад.

Сӯхтори 5 соли пеш барқасдона буд!
Хотиррас мешавем, ки ин аллакай дувумин сӯхтори азим дар ин бозори маъруфи пойтахт аст. Шоми 5.09.2012 “Корвон” ба коми оташ рафт, ки бар асари он 8000 метри мураббаъ ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуда, ба тоҷирон миллионҳо сомонӣ зиён расида буд. Бар асари он офат садҳо дӯкондор миллионҳо сомонӣ зарар диданд. Ҳатто гурӯҳи бузурги туҷҷор бо талаби кумак аз «Корвон” роҳии Кохи президент шуданд. Вале шаҳрдори собиқи Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев онҳоро дар минтақаи корхонаи бофандагӣ-»Текстил” бо ваъдаи қатъии расондани кӯмак аз роҳ баргардонд.
Он замон дар шабакаи Интернет наворе пайдо шуд, ки дар он чигуна оташ гирифтани қисмати яклухтфурӯшии «Корвон»-ро нишон медод. Дар ин видео дида мешуд, ки 1 зани сиёҳпӯш 1 гӯшаи бозорро оташ мезанад. Пасон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри 1 баёния гуфт, мутахассисон ошкор кардаанд, ки бозори “Корвон”-ро афроди номаълум қасдан оташ задаанд. Дар баёнияи додситонӣ омада буд, ки «бозорро фарди номаълум бо истифода аз солярка» оташ задааст. Баъдан, додситонӣ дар робита ба ин қазия бо 3 банди Кодекси ҷиноӣ, яъне вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор, хунукназарӣ ва тахрибкорӣ делои ҷиноӣ боз кард. Муфаттишони додситонӣ фарзияҳои оташсӯзӣ бар асари расиши ноқилҳои барқӣ, истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва газиро истисно карда буданд.


Дар пайи баёнияи Генпрокуратура, раҳбарияти бозори «Корвон» барои пайдо кардани омилони сӯхтор ҷоиза таъйин кард. Ба гуфтаи Нуршед-раҳбари бозор, сарфи назар аз кору вазифа, ҳар нафаре, ки гунаҳкори оташсӯзиро бо таъйид ва тасдиқи ҳамаҷониба пайдо мекунад, соҳиби ҷоизаи 150.000 сомонӣ хоҳад шуд. Аммо муҷрими ин сӯхтори бузурги 5 соли пеш то ҳол ноаён боқӣ мондааст.
Пас аз изҳороти Генпрокуратура, ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» эълом кард, ки омодааст, хисороти ворида ба тоҷирони бозори «Корвон»-ро ҷуброн кунад ва зиёни расида аз сӯхторро бипардозад...
Инак, суоли матраҳ ин аст, ки имрӯз ширкати давлатии Тоҷиксуғурта барои туҷҷори зиёнрасидаи Корвон аз ин сӯхтори шоми 2 июл чӣ кӯмаке аз худ нишон медода бошад??? Ва оё ҳар 1 фурӯшандаи бозори “Корвон” мисли кабинету коргоҳи идораҳои давлатӣ бима шудаанд, ё на??? Ва агар бима шуда бошанд ҳам, оё қудрати имдод расониданро дорад?


СССР


Вақте матлаб омода ба нашр буд, ВКД хабар дод, ки 1 гурӯҳи даҳнафараеро боздошт кардааст, ки шаби 2 июл бо истифода аз сӯхтор даст ба дуздии моли тоҷирон задаанд: Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад! Маркази матбуоти ВКД ҶТ навиштааст, ки тафтиши пешакӣ мушаххас кардааст, ки дар соатҳои сӯхтори шадид дар бозори азими молу маҳсулоти «Корвон», гурӯҳе талош дошт моли боқимондаи тоҷиронро ба яғмо барад. Бо гумони даст доштан дар дуздӣ 1 гурӯҳи даҳнафараи сокинон боздошт шуд. Сухангӯи ВКД ҶТ гуфтааст, ки дар сурати исбот шудани нақши ин афрод дар ғорати моли бозор, нисбати онҳо дело ҷиноӣ боз мешавад. Феълан ин гурӯҳ дар боздошт аст.

Дар ҳамин маврид
Овозаи СССР: Дар Корвон аз сӯхтор дарак доштанд?
Сӯхтори бозори Корвон дар ҳоле сар зад, ки 1 овозаи мардумӣ ба гӯши СССР расид. Гӯё раҳбарияти бозор моҳе пеш бо муҳофизони худ аз нав шартномаи корӣ ба имзо расонида, аз онҳо тибқи шартномаи ҷадид талаб шудааст, ки “дар сурати сар задани сӯхтор муҳофиз бояд тамоми молу амволи хонаашро фурӯхта ҷуброни зарарро бипардозанд...”.
Воқеият доштани ин овозаро садри бозори Корвон метавонад, ки тасдиқ кунад, ва ё рад?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter