ХАБАРИ ДОҒ

СССР Ҷоизаи «Вазири мардумӣ»-ро ба Нуриддин Саид супорид!

  • Душанбе, Фев 01 2016

11.03.2016. Соат ба вақти душанбе 10:00 дақиқа.

Дар Рӯзи матбуоти Тоҷик, дар шароити тантанавӣ, бо ҳузури даҳҳо тан аз масъулини ин вазоратхона ва кормандони рӯзномаву маҷаллаҳои маърифатии расмии кишвар, Газетаи мардумии СССР ҷоизаи лоиҳа-озмуни «Мардумитарин вазири Тоҷик»-ро бо тӯҳфаи рамзии СССР ба Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид. 

 

Маросими ҷоизасупорӣ дар толори вазорати маориф ва илми кишвар сурат гирифта, дар оғоз Нуриддин Саид кормандони нашрияҳои вазорати номбурдаро бо иди касбӣ табрик кард ва зикр намуд, ки ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар тамоми матлабҳои танқидии матбуоти даврӣ, алалхусус  Газетаи мардумии СССР-ро вобаста ба соҳаи маориф ва илми кишвар қабул дорад ва барои ин гуна матолибҳо аз журналистони кишвар изҳори сипос ҳам менамояд. Ӯ дар суханронии хеш таъкид дошт, ки тамоми навиштаҳои матбуоти даврии ҷумҳуриро мехонад, меомӯзад ва ба намояндагони сохторҳои вазорати маориф ва илм тавсия медиҳад, ки зимни навиштани вокуниш ба матбуот ботакаллуф бошанду ба қалам арҷ гузоранд. Вазир таъкид кард, ки ҳини посух ба мақолаҳои газетаҳо кормандони ин ниҳод ба зиёдаравӣ ва дағалгуфторӣ даст мезананд, ки боиси нигаронист. Бо матбуот бояд аз дигар зовия кор гирифт ва посухҳои далелан муътамад навишт, то журналистонро наранҷонед-таъкид намуд Н. Саид.

Сайёфи Мизроб, сардабири Газетаи мардумии СССР низ зимни табрикоти хеш дар ҳузури ҳайати мушовараи вазорати маориф ва илми кишвар ва зерсохторҳои он қайд намуд, ки намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамеша саъю талош мекунанд, то мушкил ва он проблемаҳое, ки дар ин ё он соҳа мавҷуданд, ҳалли хешро ёбанд. Зимнан танқидҳои матбуотӣ созандаанд, на сӯзанда. 

Вобаста ба лоиҳаи-озмуни «Мардумитарин вазири Тоҷик кист?», ки аз 01.12.2015 то 03.03.2016 Газетаи мардумии СССР роҳандозӣ карда буд, Сайёфи Мизроб арз намуд, ки тамоми смс-паёмакҳо ва овозҳои мардум ба тарафдории Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ холисона дода шуда, худи сокинони кишвар аз тамоми манотиқи мамлакат Нуриддин Саидро тарафдорӣ намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 1.12.2015 мо Лоиҳа-озмуни «Мардумитарин вазири тоҷик кист?»-ро роҳандозӣ намудем ва ба мардуми Тоҷик имкон додем дар тӯли 3 моҳ аз байни 14 вазири кабинаи нахуствазири кишвар Коҳир Расулзода мардумитарин ва дастрастарин вазири хешро интихоб намоянд. Барои интихоб бошад редаксия тамоми шароитро муҳайё сохт: 

-Ҳар нафари хоҳишманд метавонист ба воситаи занги телефонӣ, СМС-паёмак ва купон-овоз ба ҷонибдории вазири интихобнамудаи хеш овоз бидиҳад ва ҳамин тавр ҳам шуд. 

Натиҷаи овоздиҳӣ ва интихоб бошад дар тӯли ин 3 моҳ ҳар ҳафта дар саҳифаҳои рӯзнома дарҷ гардида, паёму навиштаҳои сокинони кишвар дар бораи фаъолияти ин ё он вазир низ пайваста ба нашр мерасид. 

Ба назардошти ҷамъбасти СМС-паёмакҳо ва зангҳои телефонӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ бо гирифтани 2021 овоз дар лоиҳа-озмуни мазкур сазовори ҷои 1-ум гашт. Ҳалолаш бод!

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти СМС-паёмакҳо ва зангҳои телефонӣ сазовори 331 овоз гашт ва дар ҷои 2-юм қарор гирифт. Офарин!

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти ҶТ бо ба даст овардани 110 овоз дар мақоми 3-юм ҷой гирифт. Арзанда!

1 нуқтаро бояд зикр намоем, агар аз рӯи натиҷаи овозҳо вазирони номбурда дар ҷойҳои 1,2 ва 3 қарор доранд, вале дар асл ҳар 3 ҳам аз рӯи интихоби мардум мардумитарин ва дастрастарин вазирони кишвар маҳсуб меёбанд ва мо онҳоро бо чунин интихоб табрик мегӯем! 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter