Беномусие, ки дар Душанбе ҳаст, на дар Кӯлоб, на дар Вахш, на дар Помир, на дар Рашт, на дар Суғд нест: сӯҳбат сари мардони беномусест, ки дар шоҳроҳҳои пойтахт ба масале духтаронро гаранг мекунанд: танҳо дар пойтахт!…
Агар аҳамият додаед, хонанда, барои гулдухтарони мо роҳпоӣ ба «7 хони Рустам» баробар шудааст. Новобаста аз он, ки ин духтар чӣ либос дораду чанд сол… мошинҳо пешашон ист фармудаву «таклифи нишаст» мекунанд. Таклиф кори баде нест. Вале агар духтар ё даст бардорад ва ё ишора намояд. Ва он ҳам агар бону нишон дод, ки ба мошини бегона нишастанӣ нест, ронанда бояд оҷилан аз ӯ дур шавад. А, дар мо чӣ мегузарад? Духтар нахост, пеш ё қафо фирор намуд, ин беномусҳо мошинро низ қафову пеш карда, чун магас ба духтарони мо мечаспанд. Дар фикри ин бешарафон намегузарад, ки бонуи Тоҷик, мунтазири нақлиёт аст, мисли инҳо падару бародару амаку тағо дорад. Ҳамин соат, ки матлабро менавиштам, ҳамкорам Ҷамила Ҳусейнова гуфт, «шаби гузашта, аз тӯйи дӯсте, бо дугонаҳо, берун шудем ва дар қапи чунин ронандагони бешараф задем. Онҳо ҳатто истиҳола намекарданд, ки ману дугонаҳоям аз онҳо чанд сол калонем! «Пистачаҳо» шинед, мебарем, гуфта ба ҷону ҳоламон намемонданд»…
Чунин беномусӣ ва бешарафӣ дар ягон кишвари олам низ нест. Дар Амрикову Аврупо, Хитою Ҳинду Чину Мочин, Эрону Афғонистону Саудиву Аморат ҳаргиз дидаед, ки 1 ронанда, мисли магас, сари духтареро гаранг кардаву пасу пеш мошинашро кашаду таклифи «катайса» намояд? Дар давлатҳои пешрафта ин магасро ҷарима мебанданду дар кишварҳои осиёӣ дурраву чӯб мезананд; ба дилхоҳ ҷояш! Ва хуб ҳам мекунанд… Имрӯз танҳо 1 нафар ба хотири ҳифзи Шарафи Инсонии Занон боло шудааст. Афсонаи Акобиршо, ки нахост баъди таҳқири чанд бешараф узрашонро қабул кунад ва корро то суд кашид, бояд ба ин бетартибӣ ва бешарафии мо-мардон нуқта гузорад. Ӯ, ба масале, Роза Люксембурги бонувони Тоҷик аст, ки нахустин шуда зидди ин беномусӣ садо баровард! Аммо дигарон ҳамоно хамӯшанд…
Воқеан чун сухун сари кишварҳои арабиву исломӣ бурдем, ҷои зикр аст, ки «секс-туризм»-и эрониву арабу афғонҳоро ҳама медонему чашм мепӯшем. Гӯиё коре нашуда истодааст, ҳол он ки «даруни парда басе роз меравад». Агар бонувони моро ба Аморат ба секс-туризм баранд, афғонҳо ба кишвари мо усулан барои секс-тур меоянд. Дар Афғонистон 1 Тоҷик андешаи «занакабозӣ» кунад, дилхоҳ афғон чӯбаш мезанад. Зеро онҳо номусу шарафи занро болотар аз хеш медонанд. А, дар мо чӣ? Дар мо бархе миёнаҷонварон, ки худро «мардак» мехонанд (танҳо бо ин ҷузъиёт, ки баъзан-баъзан риш метарошанд), бо 2 дасти адаб ба дилхоҳ афғону эрониву арабу турк бонуи тоҷикро пешбарӣ мекунанд. Папа-розаҳо дар мо чунон зиёд шудаанд, ки имрӯз ё фардо ин миллат куллан занфурӯш мешавад!!! Ин бешарафӣ аз куҷо маншаъ мегирад?
Дар даврони шӯравӣ хориҷие ҳатто дар сар андешаи «комплимент» додани зани Тоҷикро надошт. Зеро ҷавонмардони бо ору номуси ин миллат гардани ишонро мешикастанд! Имрӯз метавон аллакай дар ин бора гуфт: Чилахон Холов сарояндаи номдори Тоҷик ҳини донишҷӯӣ, гӯшаш бод мебарад, ки хориҷие 1 духтари Тоҷикро «гап додаст». Ӯ рафта он афғони бетамизро ба ҳадде шаттакаш мекунад, ки ахирӣ аз Тоҷикистон фирор намуд!!! Мегӯед кори хубе накардааст? Кардааст! Инро марзи номуси миллӣ мегӯянд ва дар он даврон даҳҳо ҳазор Чиллахонҳо ин сарҳадро дифоъ мекарданд!
Соли 1984 Сафаров Сафар ном шарикдарсамон ба хобгоҳ омадаву бонг дардод, ки чанд русу осетин духтарони Тоҷикро дар назди кинотеатри Тоҷикистон таҳқир кардаанд. Тамомии бачаҳои Кӯлобу Вахшу Рашту Бадахшону Бойсуну Бухоро… сари по шуда, рафта он беадабонро, ки ба марзи номуси миллат-шарафи духтари Тоҷик иснод оварданӣ буданд, лату кӯб кардем. Ман дар сафи пеш будам ва то ҳанӯз бо он амалам ифтихор дорам! Имрӯз ин марзро кӣ ҳифз мекунад? Чаро ҷавонони миллат то ин ҳадд беномус шудаанд, ки худашон пайваста, ҳар лаҳза, ҳар сония ин марзро убур мекунанду Бонуи Тоҷикро таҳқир? Чӣ? Магар магасвор ба ҳар зан часпидани онҳо убури марзи номуси миллӣ нест? Ҳаст! 9 сол пеш меҳмони 1 тарабхона шудаву дидам, ки афғону эрониҳо кайфу сафо доранду гулдухтарони Тоҷик нимаурён ба онҳо хизмат мерасонанд. Шаби дигар моҷароро ба шаҳрдорӣ расонидаму ин тарабхона баста шуд. Баъдан фаҳмидем, ки ин секс-сайёҳони афғониву эронӣ «крыша» ҳам доштаанд… Имрӯз низ соат расидааст, ки шаҳрдории Душанбе ба набард бо ин беҳаёҳо, бешарафон ва беномусон бархезад:
Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб,
Беадабро ҳар куҷо ёфтӣ, бикӯб!!!
Бо ин бешарафон муборизаи ошкороро шуруъ кардан лозим. Бояд ин неоронандагони магасандеша фош, сабт, наворбардорӣ шудаву аз тариқи ТВ ба намоиш гузошта шаванд. Бигзор зану фарзанд, модару хоҳари ин бешарафон бо чашми сар бинанд, ки ҷигаргӯшаашон бо чӣ корҳо банд аст. Муҷозоти сахти пуливу молӣ бастан лозим ин сакалтуҳоро. Дар ин сурат шояд пеши роҳи ин бешарафӣ гирифта шавад. Дар сурати акс, бидон, хонанда, ки духтар, зан ва модарат ба кӯча баромад, ҳатман мавриди истинтоқи ин беномусон қарор мегирад ва марзи шарафи бонувони Тоҷик поймол мешавад… Мо Метавонем!
Номус, мошин ва зан
Марзи миллӣ-5
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар