ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: вайронкорон ҷазо гирифтанд!

  • Чоршанбе, Март 24 2021

(Вокуниш ба мақолаи Тоҷирони «Фаровон» зиддди солимии кӯдакон! ҳафтаномаи СССР №49 (638) аз 17.12.2020)

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз борҳо зиёд гардидани шумораи воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва тиҷоратӣ дар муқоиса ба солҳои пешин талабот ба хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо зиёд гардидааст. Вобаста ба масъалаи мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳо бо намояндагони МИҲД ш.Бохтар, намояндагони РМД «НАХЛ», минтақаи Бохтар гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар ин самт корҳои назоратӣ гузаронида шуд. Гурӯҳи корӣ бо раиси маҳаллаҳои Норинов ва Мирзоқодирови ш.Бохтар ва 1 қисми соҳибкорони бозори «Фаровон» вохӯрӣ гузаронида, оиди дар ҷойҳои муайян таваққуф намудан, яъне тибқи талаботҳо гузоштани воситаҳои нақлиёт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Бояд қайд намуд, ки қисми зиёди нақлиёти дар назди биноҳои мазкур буда, аксаран ба сокинони кӯчаҳои Норинов ва Мирзоқодирови ш.Бохтар таалуқ доранд. Зимни бурдани корҳои назоратӣ аз ҷониби мутахассисони Раёсат, нисбати 8-нафар ронандагони воситаҳои нақлиётӣ барои нодуруст таваққуф кардан, дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи 324 протоколҳо тартиб дода, барои баррасӣ ба ШБДА ВКД –и шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд.

А.Ғанизода, сардори Раёсати танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Бохтар

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter