ХАБАРИ ДОҒ

 

Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Хатлон мақолаи дар  шумораи  №6 (647)-и СССР, аз  санаи 11- феврали  соли 2021  бо номи «Ёвон: сиёсати ғалат дар бахши муҳити зист» нашр шудааст, дар маҷлиси васеи худ  бо иштироки мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон И.Шарипов ва дигарон мавриди баррасию  таҳлили амиқ қарор дод.

Гурӯҳи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар раванди санҷиш муайян намуд, ки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон Мирзоалӣ Азизов, Сафармурод Нуралиев, Сафарбек Саидов, Миралӣ Забиров ва Гулҷаҳон Раҳмонова бо хоҳиши худ ариза навишта, аз кор озод шудаанд.  Ҳангоми пурсиш ва суҳбат бо кормандони болозикр муайян гардид, ки аз мудири бахш И.Шарипов шикоят надоранд. Онҳо иброз доштанд, ки аз онҳо иҷрои вазифаҳо дар доираи дастурамали коргузорӣ талаб карда мешуд. Дар ин хусус онҳо баёноти хаттии худро пешниҳод намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки муаллифи мақолаи  «Ёвон: сиёсати ғалат дар бахши муҳити зист» Сафаралӣ Бекмонов доир ба ин масъала бе далелҳои собиткунанда нисбат ба мақомоти ҳифзи муҳити зист эродҳо манзур намудааст, ки  ин амал метавонад ба нуфузи мақомот ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар  самти ҳифзи муҳити зист таъсири манфӣ расонад. Бояд зикр намуд, ки мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон И.Шарипов дар асоси Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии  (ротатсия) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти ҶТ аз 22-июли соли 2019, №1328 тасдиқ шудааст, бо Фармоиши Раиси Кумита аз 11 октябри соли 2019, №72 бо тариқи ҷойивазкунӣ мудири бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ёвон таъин гардидааст. Чунин ҷойивазкуниҳо дар мақомотҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ҷайҳун, Н. Хусрав ва Кӯшониён амалӣ гардидаанд.

Ш.Мусозода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter