ХАБАРИ ДОҒ

Таксии 7 сомона барои мардум

  • Чоршанбе, Нояб 03 2021

    21.10.2021. Соат ба вақти Душанбе 20:05 дақиқа. Шоматон ба хайр! Ман 1 ронандаи таксие мебошам ва мехоҳам ба шаҳрвандоне, ки ҳамеша шикоят мекунанд, бигӯям, ки шумо харҷи сузишвориро намедонед, нархи газ 1 сомонӣ арзон шуд, вале кормандони БДА моро бо мошини шахсӣ таксӣ кор кардан намегузоранд. Дар ҳар гардиш вақте бинанд, ки мусофир мегирем, боздошт намуда, 500 сомонӣ ҷарима мебанданд. Ба ғайр аз ин боз садҳо харҷи дигар ҳаст. Мусофирон барои нархи гарон танҳо аз гиребони мо мегиранд. Ман мошини ширкатӣ нестам гуфта, набояд мусофир кашонам, пас чи кор кунам? Ва мардум низ шароиташон ба он таксиҳои ширкатӣ намерасад, мо ронандаҳои таксиҳои 7 сомонӣ як дасти ёрием барои аҳолии қишри миёна!

Мустафои Қосим,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter