ХАБАРИ ДОҒ

Балҷувон: ҳоли мактабҳо табоҳ нест!

  • Чоршанбе, Нояб 17 2021

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон мақолаи дар ҳафтаномаи “СССР” аз 20.05.2021,№20 зери унвони «Балҷувон: ҳоли мактабҳо табоҳ», нашр намудаи ҳафтавори мазкурро баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад.

Дар бораи мактабҳое, ки муаллиф номбар намудааст, муассисаи таълимии деҳаи Олучадара, ки муассисаи таҳсилоти умумии асосии №26 мебошад ва дар деҳаи Олучадараи ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим ҷойгир аст. Бинои муассисаи таълимӣ соли 2007 иборат аз 3 синфхона ва 1 утоқи корӣ сохта шудааст. Ҳоло бошад сохтмони 4-синфхонаи иловагӣ аз тарафи кумитаи падару модарон, соҳибкорон ва МИҲД н.Балҷувон идома дошта, аз руи нақша дар арафаи соли нави таҳсил мавриди истифода қарор мегирад.

Муассисаи таълимии №14, ки воқеъ дар деҳаи Чашмасор (Қайрубак)-и ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев мебошад, соли 1945 ҳамчун муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда буд ва соли 1985 ба зинаи таҳсилоти асосӣ (мактаби 8 –сола) гузашт. Дар ҳақиқат соли 1985 бо сабаби норасоии синфхонаҳо бо тариқи ҳашар аз тарафи аҳолии маҳал дигарбора сохта шуд. Инчунин бинои таълимии муассисаи мазкур соли 2008 бо маблағузории бонки Рушди Осиё барои 200 нафар хонанда азнавсозӣ карда шуд, ки аз 6-синфхона, 2 утоқи корӣ иборат мебошад. Соли 2013 муассиса зинаи таҳсилоти миёнаро гирифта, соли 2019 бо дастгирии омӯзгорон, кумитаи падару модарон боз 2 синфхонаи иловагӣ тариқи ҳашар сохта шуд. Айни замон бошад муассиса дар 2 баст фаъолият менамояд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18, ки муаллиф деҳаи “Боғи Зоғар” ном бурдааст, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор, деҳаи Боғи Зоғон мебошад. Соли 2003-2004 бо маблағгузории Бонки исломии рушд барои 240 ҷойи нишаст 10 синфхона ва 2 утоқи корӣ сохта шудааст. Ҳамзамон ҷиҳати аз хонаи шахсӣ баровардани филиали муассисаи таълимии №18 дар деҳаи Сари Хосори ҷамоати деҳоти Сари Хосор, дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.

Дар бораи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ – комуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ҳаминро қайд менамоем, ки барномаи мазкур айни замон барои соли 2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Балҷувон 136% иҷро гардида, дар умум (солҳои 2018-2021) 80%-ро ташкил медиҳад. 

 

Ш.Ҷалилзода,

раиси н.Балҷувон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter