ХАБАРИ ДОҒ

(Вокуниш ба навиштаи Диёр Шарифов, сокини деҳаи Ҳамид Бароти ҷамоати М.Вайсови н.Восеъ бо номи «Ба осоишгоҳи Муъминобод наравед!», ки дар шумораи №36 аз 08.09.2022 нашр шудааст).

«Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии Барқарорсозии Бемориҳои Дил» дар н.Муъминобод ба итиллои шумо мерасонад, ки он аз моҳи сентябри соли 2020 фаъолияти густурда дорад. Дар муассиса 100 кати хоб, ошхона, китобхона, бахшҳои гиёҳдармонӣ, физиотерапия, таҷҳизоти замонавии ултрасадо, «ЭКО-Х», сабти барқии дил ва ғайра мавҷуд аст. Беморон муддати 10 шабонарӯз дар шуъбаи барқарорсозии бемориҳои дил буданашон ҳама табобатҳои нақшавиро гирифта, ҳолаташон беҳтар шуда, бо табъи хуш ба хонаҳояшон бармегарданд.

Маркази мо то имрӯз 10 ҳазор нафар беморонро аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ қабул кардааст. Ва дар китоби арзу шикоятҳо зиёда аз 200 нафар табобатгирандагон аз шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар сар карда то ш.Турсунзодаю н.Ашт, ҳатто ВМКБ арзи сипосу миннатадории хешро сабт намудаанд. 110 нафар кормандони марказ мудом дар ҳифзи саломатии беморон хизмати шоиста менамоянд.

Муаллифи шикоят Диёр Шарифов дар ҳақиқат аз санаи 23.08.2022 дар муассисаи мо бистарӣ гардида, бо тариқи ройгон ба ӯ хизмат расонида шудааст. Ҳангоми дар инҷо табобат гирифтанаш он кас пайваста бе огоҳӣ шабона худсарона аз беморхона баромада, дар ҳолати мастӣ меомад. Аз тарафи табибони навбатдор оиди рафторҳои ношоистаи мавсуф гузориш низ пешниҳод шудааст. Суханони Д. Шарифов дар бораи хизматрасонии бад, набудани интизоми корӣ, ифлосии ҳуҷраҳо, ҳавлиҳои норӯфта, суҳбат кардан оиди камбудиҳо бо сардухтур У.Зарифов, ҳамеша баста будани ошхона, набудани ҳатто нон дурӯғи маҳз буда, аз ҳақиқату воқеят дуранд.

Умед Зарифов,

директори «Муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии Барқарорсозии Бемориҳои Дил» дар н.Муъминобод

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter