ХАБАРИ ДОҒ

Патриотизм дар амал аст, на сухан!

  • Чоршанбе, Нояб 16 2022

 

Агар 100 сол зери санг бошӣ,

Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ!!!

Дар Армияи советӣ (АС) 1 вожаи хеле дурушт, вале нишонрас буд: «Штабные крысы»... Онҳоеро чунин ном мебурданд, ки корашон дар штаб нишастану делову парванда ҷамъ кардан сари сарбозону афсарони дигар буд. Ва агар хонандаи ин сутур кинофилмҳо дар бораи ҶБВ-ро дида бошад, ин тӯда ҳамонҳое мебошанд, ки сарбозони советии ба таври нохост ба асорат афтодаро лату кӯбу истинтоқ фармуда, сипас ё мепаронданд ва ё ба «штрафбат» мефиристоданд, то он ҷо дар навбати аввал фавтанд... Смаки ин филмҳо дар ин крысаҳо набуд, маззаи кино дар он буд, ки он «гунаҳкорони бегуноҳ» новобаста ба ҷабру ситами сарашон фуруд омада, боз ҳам қаҳрамонона меҷангиданд ва мегуфтанд:

-Ман барои Ватан, хонаву дар, зану кӯдаки худам меҷангам!

Усулан Ватан ҳам ин аст:

-Хона, ҳавлӣ, зан, фарзанд-агар бошанд! Вале агар набошанд, пас Ватан ин Модар аст ва модарро бояд аз таҷовузи бегонагон ҳифз кард...

Ҳоло дар бораи тақдири 3 қаҳрамони даврони худам менависам, ки Ватан барои ишон Модар аст ва Модар муқаддас мебошад.

1.    Мирзохӯҷа Аҳмадов (Белайдӯзӣ). Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки бо тахаллуси Белайдӯзӣ замони ҷанги гражданӣ маъруф буду бо фиреби наҳзатиён бар зидди бародарони хеш силоҳ гирифт, нахустин шуда, дар соли 1997 бо ҳукумат пайваст, силоҳро канор гузошт ва сароғоз ба ниҳодҳои қудратӣ ва сипас ба кори мулкӣ баргашт.

Баъд аз пайвастан бо ҳукумат сареҳатан гуфт, «Ҳеч гоҳ бо наҳзат набудам ва нестам» ва "Эмомалӣ Раҳмонро пешвои миллат мехонам!!!"

02.02.2008. Ин субҳе буд, ки Аҳмадов бори дигар аз худ дарак дод. Дар ин рӯз полковники милиса, сардори ОМОН ВКД ҶТ, Олег Захарченко, ки 4 сол қабл маҳз ӯ генерал Ғаффор Мирзоевро боздошт карда буд, дар Ғарм кушта шуд. Сардори УБОПи Рашт он замон Мирзохӯҷа Аҳмадов буд. Баъдан ӯ гуфт, «ин провокатсияи раёсати ВКД буд». Вақт собит сохт, ки вазири вақти ВКД Маҳмадназар Салихов воқеан ҳам хиёнаткор будаст.

17.06.2009. Ҳамагӣ 1,5 сол баъди ин моҷаро, прокуратураи генералӣ Салиховро барои чанд ҷинояти вазифавӣ, бо шумули «куштори мармузи Олег Захарченко» ордери ҳабс дод. Полковник А. Бузмаков барои ҳабси ахирӣ омад. Вале генерал Салихов пешдастӣ карда, худро парронд...

            Ҳарчӣ ҳам буд, ҳукумат Аҳмадовро боз бахшид, зеро бегуноҳ баромад ва боз ба зиндагонии мулкӣ пайваст, кишоварзи оддӣ шуд.

            14.09.2022. Қирғизҳо ба таври бесобиқа худсарона, чун Гитлер дар соли 1941, ба якчанд навоҳии Тоҷикистон юриш карданд. Мо бисёр дар бораи марзи Исфараву Б. Ғафуров навиштему гуфтем. Вале қирғизакҳои ҷангҷӯ ба Лахши Тоҷикистон, воқеъ дар водии Рашт низ ҳуҷум карданд ва ана дар ҳамин вазъият Мирзохӯҷа Аҳмадови деҳқон, бе даъвати касе, худ ба майдони набард рафта, 1 тонки қирғизро бо мушакандоз-гранатомёт тарконд! Қирғизҳо аз тарс ҷонҳавл гурехта, ҳатто навиштанд, ки «Тонки моро Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов-орифу муллои номӣ задааст!». Онҳо аз куҷо медонистанд, ки ҷанги беруна дар ҳама асру замонҳо Тоҷиконро муттаҳид мекард ва фармондеҳони собиқи оппозитсия, ки бо ҳукумат васл шудаанд, низ ба ҳифзи марзум буми хеш буланд мешаванд! Зиҳӣ, ин ваҳдати Тоҷикона бар қиболи душмани беруна!!!

            14.09.2022. Дигар қумандонҳоро низ ба майдон кашид:

 2. Лангариев Файзалӣ. Хонадони Лангариевҳо тӯли 30-соли ахир барои амну осоиштагии кишвар меҷангад: Лангарӣ Лангариеви раҳматӣ, Бахтиёр Лангариев ва Файзалӣ Лангариев. Агар Бахтиёр Лангариев бо писараш Лангарии хурдӣ дар апрели соли 2021 марзҳои Исфараро ҳифз карда бошанд, пас Файзалӣ Лангариеви «пенсионер» моҳи сентябр бо амри виждон ба саҳнаи корзор рафт! Ҳарчанд ӯ метавонист синну сол ва нафақахӯр шуданашро баҳона кунаду кунҷи хонаи салқин каҷпаҳлӯ занад. Назад! Зеро вақте Ватан дар хатар аст, дилхоҳ патриот ҷояшро дар окопи аввал мебинад. Брависсимо, генерал Лангариев!

3. Умар Алиматов. Дар бораи Умар Алиматов факту далели бисёр надорем. Танҳо медонем, ки яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар аст ва ба гуфти мардуми оддӣ «миллионер» мебошад. Ӯ метавонист, ба ҷабҳа наравад, мисли аксарияти кулли сарватмандони мо. Вале баракси инҳо, бе ягон амру фармон, бо тақозои дили ватанпарвардааш, корхонаву сарвату давлаташро канор гузошта, аз нахустинҳо шуда, ба ҳифзи марзи Исфара рафт! Зеро ин марз марзи номуси ҳар 1 тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёфт. Ҳарчанд овозаҳо ҳаст, ки Умарро бо гуноҳу ҷурми будаву набуда, чанд бор ҳабс ҳам кардаанд, вале ӯ ба ҷанг рафт. Просто, аҷиб аст, онҳое, ки ӯро тӯҳмат зада буданд, дар ҳамон шабу рӯзҳои даргирӣ дар куҷо буданд??? Зиҳӣ, Умар! Офарин бар дилу гурдаи Рустамонаат!!!

 Наворҳои набарду корузори Умар Алиматов, Файзалӣ, Бахтиёр, Лангарӣ (хурдӣ) Лангариевҳо, сабти тонкро сӯхтани Мирзохӯҷа Аҳмадов агар бар дили душман тарсу ларз ҷо карда бошад, пас таккондиҳандаи ҳазорон-ҳазор ҷавони ватандӯст гардид, ки мегуфтанд, «о, вақте пенсионерҳо метавонанд, чаро мо натавонем?!»...

Ва аз ҳама охир: 1 ҳушдор бар қирғизу паштуву дилхоҳ чашмтангу тангназар:

-Бо Тоҷик шӯхӣ накунед, ки гуфтаанд, «ба ҳама шӯхӣ, вале ба к...ори қозӣ шӯхӣ раво нест!». Пушаймон мешавед ва сахттт!!! Зеро Мо Метавонем!!!

           

Раҳи саҳрои расвоӣ гурез аст,

Калиди мамлакат шамшери тез аст!!!

(Муаллифи ҳар 2 байтро ёбед ва соҳиби китоб-ҷоиза шавед)

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter