ХАБАРИ ДОҒ

Султонобод не, Чуқуробод!

  • Чоршанбе, Нояб 16 2022

 

Салому дуруд ба шумо СССР-чиён! Чандин солҳо мардуми ноҳияи Ёвон аз 2 самти роҳ ҷабр медидем. Ҳоло бошад дар бо омадани 1 мутахассиси нав - Муродов Раҷабалӣ, сардори Муассисаи нигоҳубини роҳҳо шоҳроҳи Ёвон-Душанбе-Ёвон ва Ваҳдат-Ёвон-Абдураҳмони Ҷомӣ аз маркази ноҳия то сарҳади ин ноҳияҳо таъмир шуда истодааст. Мана мешудааст-ку!

Дигар ин ки номи мавзеи Султонободи н.Рӯдакӣ бояд ба Ҷуқуробод иваз карда шавад.

Вақте ки Душанбе равон шавам, аз ҷабри чуқурҳои беҳисоби роҳи Султонобод ба ташвиш меафтам. Масъулини н.Рӯдакӣ ғами  мардуми худро нахӯрад, лоақал ғами мардуми ҳамсояро дарк намекарда бошад?!

Сафаралӣ Бегмонов,

раиси ҳизби коммунисти ҷамоати Обшорон,

н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter