ХАБАРИ ДОҒ

Очаи Алӣ ва Модари миллат

  • Чоршанбе, Нояб 23 2022

 

Алии Беҳудуд, ё худ Алӣ Беспределро дар Кӯлобшаҳр кам касоне ҳастанд, ки нашносанд. Амаи Садафро низ, ки модари Алист ва завҷаи бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ...

 Чаро аз Кӯлоб гирифтем? Зеро ноҷавонмардоне чанд, ки худро «журналист» мехонанду дипломи ин касбро бо дурбин ҳам надидаанд, маҳз ба Модарони Кӯлоб вақтҳои ахир часпидаанд ва дареғу вовайло, ки радиои амрикоии «Озодӣ» дар саргаҳи ин шӯру шар қарор дорад. Радиое, ки замоне профессионалтарин ниҳоди хабарӣ буд, савганд ба номи Модарони масъулинаш, ба сатҳи пасттарин фаромад.

Озодӣ чанде пеш навишт, ки гӯиё раиси ш. Кӯлоб аз симои модари худ тандиси «Дуои Модар»-ро ҳаккокӣ кардааст. «Ну и что?»- гуфти ҳамон Бобои Ғулом. Магар ҳайкалтарош бояд сурати очаи хабарнигорони Озодиро мекашид? Шахсан ман аз дастархони ин модар нон хӯрдаам. Мо кӯрнамак нестем. Мо нонро қадршиносӣ мекунем. 3-4 косалеси дигар, ки вожаи нави «лесак»-ро кашф кардаанду худ умре зери думбаи кабириҳоро мелесанд, ба афроде, ки зидди ин бадтарин падидаи аср-таҳоҷуми хабарӣ бар алайҳи модари тоҷик шӯридаву ин амали ноҷавонмардонаро маҳкум мекунанд, тавре бархӯрд доранд, ки гӯиё журналистон аз раис пуштибонӣ мекунанд.

-Мо аз раис неъ! Мо аз Очаҷонҳоямон пуштибонӣ мекунем. Садҳо факту далел дорам, ки лесакҳои дохилӣ ва аврупоӣ ба ҷанозаи модару падари худ нарафтаанд. Ҳарчанд падари бархе дар Урупо фавтида буд...

...Очаи ман мегуфт, «100 мушта ба худ бигиру дар майдон бош, 1 мушта ба кас надеҳу дар каҳдон набош!». Ва ташреҳ медод, бачам задандат-бизан! Назадӣ номард мешавӣ, дар коҳдон ҷой мегирӣ»... Шукри насиҳати Модар дар Армия ҳам ба ҳайси сарбоз хизмат кардаму дар «Сбор»-и афсарӣ низ ва дар ҷанги граждании Тоҷикистон ва ҳатто набардҳои хунини Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон ба ҳайси хабарнигор. Вале ному нангу номуси Тоҷикро ҳифз кардам! Мо Метавонем!!!

-Гови нар барои қурбонист!-Ин ҳам насиҳати модарони асили ориёист. Гови нар буққа аст, нар аст ва бояд умри дароз набинад. Миссияаш қурбонист, на зодану шир дӯшиданҳо. Имрӯз мо бачаҳои худро аз Армия мегурезонем, аз сарбозӣ метарсонем, аз ҷангу ҷадал меҳаросонем...

Бачаи кадом корманди Озодӣ дар Армия хизмат кардааст? Ҳарчанд 2-шаҳрвандӣ доранд ва БОЯД хидмат кунанд. Агар Очаашон дилу гурдаи Очаи Алиро медошт, ҳатман хизмат мекарданд. Мисле, ки туркҳо аз Амрикову яҳудиён аз Аврупо омада, 1-2 сол хизмати ватан карда, бозпас ба давлатҳои душаҳрвандияшон бармегарданд.

Воқеан ҳам, идея! Чаро ин корро Тоҷикистон ҷорӣ накунад? Касе паспорти тоҷикӣ дорад, бояд хизмат кунад, агар падараш террористи рақами 1 асту модараш журналисти амрикоӣ...

Ва ана акнун бармегардем сари амаи Садаф, зани бобои Ғулом ва модари Алии Беҳудуд. Алии Беҳудуд 2 сол дар Афғонистон ҷангидааст ва имрӯз низ омодааст ба марз рафта, бо душмани кишвараш биҷангад. Ҳарчанд ҳамагӣ 410 сомонӣ нафақа мегирад. Зеро тарбияташ ҷавонмардист!

13.11.2022. Соат ба вақти Душанбе 18:33 дақиқа. Алӣ Беспредел 1 қисса кард, ки маро ба навишти ин матлаб таҳрик дод. Шояд модарбахатоҳо ва падарбағалатҳо мантиқи ин гуфтаро дарк накунанд, ки проблемаи худашон аст. Алӣ гуфт:

-Аз касе пӯшида нест, ки дар даврони советӣ ман қиморбоз будам. Бештари вақт бурд мекардам, вале дунё аз пастиву баландиҳост. Вақте мебохтам, бо лабони кашол хона меомадам. Ва очаҷонам, барои он ки зиқ нашавам, шаб болои бистарам...пул мегузошт. Ӯ қаҳрамонмодар буд ва аз сари ҳар фарзанд 12 рубл мегирифт. Мегузошт, сарамро силла мекард ва мегуфт:

-Алӣ зиқ нашав, «Оча дорӣ-мағзи поча дорӣ!»

Аз чунин Модар агар қаҳрамон ба дунё наояд, аз очаҳои шумо меояд???

Дақиқан он нафароне, ки сӯи Ҳайкали Модар дар шаҳри Кӯлоб санг андохтаанд, на оча доштанду на мағзи поча! Модар, Оча, Нан, Она, Бува, Ача, Модар, Мазер, Мама, Мом... куллан 1 вожаанд, ки бо Худо ҳамрадифанд.

Зиёд дар аҷаб будам, ки чаро дар Қуръон зикри бонувон намеравад, ки биҳиштиянд ё хайр? Баъдан дарк кардам, вақте сари 1 мард 4 зан ба биҳишт меравад, пас куллан Модари ман, Очаи ту, Нани вай, Буваи мо, Мама, Мазер, Мому Ачаи мо биҳиштист. Бе суолу ҷавоб. Зеро Модар дар ин дунёи дун кореро иҷро мекунад, ки тибқи ривоёти динӣ Худо ҳазорсолаҳо фикр карда дарёфта буд:

-Таваллуди Одам!!!

Ин миссияро Очаҷонҳои мо дар 9 моҳ иҷро мекунанд...

Ман шахсан бо аҳли маърифату фарҳанг, милисаву мақомоти низомии ш. Кӯлоб, баъди он матлаби иғвобарангези Озодӣ, рафтаму 1 дона гул пеши пои Модари Миллат гузоштам (ниг. ба акс).

Ту низ рав, хонандаи ин сутур. Ва 1 дона гул гузор. Зеро ман ҳам мисли ту, кайҳост, сари гӯри Очаҷонам нарафтаам ва гуле нагузоштаам...

Пайкараи Дуои Модар дар Кӯлобшаҳр, ки ба таври бесобиқа бераҳмона мавриди ҳуҷуми иттилоотии радиои Амрико қарор гирифт, ки бояд аз ҷониби якояки мо ҳифз шавад. Ва он 2-3 сакалтуи ба ном фарҳангӣ, ки аз ин музахрафоти Озодӣ пуштигирӣ кардаву лесакҳои аслии хориҷиёнанд, агар модари худро иззат мегузоранд, БОЯД ба Кӯлобшаҳр раванд ва бо чашми сар бинанд, ки симои ин тандис симои барҳаққи ҳама Очаҳои мост.

Ва мо-Тоҷикон аз Модарони хеш пуштигирӣ мекунем. Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter