ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Чанде пеш сайри чанд боғи пойтахтро кардам. Тамоми ин боғҳо ҷуз боғи Умари Хайëм қариб аз ҳама ҷиҳат якранганд. Пештар гарчи боғҳо нообод ҳам буданд, ҷойи сайру тамошо ва бозии кудакон ҳам мавҷуд буд.

Масалан, боғи Аҳмади Дониш на 1 дарвозае дораду на 1 ҳайкали худи маорифпарвар, ки гувоҳи ба номи ӯ будани боғро намояд, шабеҳи 1 гулгашт аст. Ë боғҳои Куруши Кабир ва Хайëм низ муҷассама надоранд, пас чӣ лозим ба номи онҳо мондан. Агар ин ҷо дигар боғҳоро чун Кӯли ҷавонон ва Айнӣ мисол орем, наметавон фаҳмид, ки он боғи фарҳангист ва ë ҷои бозиҳои кӯдакон.

Дар боғе, ки он ҷо марқади устод Айнист, ҷой додани гӯшаи «Афсона» ба тамом ҳусни боғро мекоҳонад. Ва ë Кӯли ҷавонон низ ҳамин гуна. Аммо ҳоли Боғи ҳайвонот аз ин ҳам дида табоҳтартар аст, 1 сӯ ҳамагӣ чанд ҳайвони боқимонда, аз дигар сӯ атраксионҳо ва аҷибаш ин ки дар ҳамин ҳол фуруши маҳсулоти ошхонаҳо низ амал мекунанд. Худ қазоват кунед, дар кадом боғи ҳайвонот ҷойи нишасту хӯрокхӯрӣ ҳаст?!

Даромади Боғи Хайём ва нишаст дар атраксионҳо ҳама тавассути кортанд, лек аҷибаш ин аст, ки бо корт ҳангоми даромад ва сайр дар олами тахайюлот ë худ атраксионҳо чӣ қадар маблағ гирифта мешавад, маълум нест. Ин ҳам мисли корти автобусҳост, ки яке мегузорӣ мегӯяд, маблағ кифоя нест!!! Даромади боғи Фирдавсӣ 2 сомонӣ!!! О, тамошои боғ ҳам пул металабад?

Ва аз ҳама ахир, дар Майдони навбунëди Истиқлол, ки ҳамагӣ ба истифодаи он нав 2 моҳ мешавад, аз ҳисоби нархҳои осмонии ба баландии маҷмаа хоси он, қариб, ки касе гаштугузор наменамояд. Бовари кас намеояд, ки барои тамошои дохили маҷмаа дар ошёнаҳои поёнӣ 40 сомонӣ ва болояш 70 сомонӣ бояд супурд. Магар дар чунин ҳол касе ба онҷо меравад.

Беҳрӯз Сайфуллоев,

ш.Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter