Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Файзобод маводи рӯзноманигор Ҳокими Сафар бо номи «Пеши сагҳои дайдуро кӣ мегирад?» - ро, ки дар ҳафтаномаи «СССР» рӯйи чоп омадааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Вобаста ба масоили мазкур иттилоъ медиҳем, ки аз тарафи маъмурияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия пайваста ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои несту нобуд намудани сагҳои дайду пешниҳоди санитарӣ ирсол мегардад. Давоми 2 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Ҷамоати шаҳраки «30-солагии Истиқлол» 78 сар сагҳои дайду несту нобуд ва дар ҷойҳои махсус гӯронида шуданд. Чунин амал дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад. Бояд қайд кард, ки ҳар ҳафта дар маҷлисҳои назоратии раиси ноҳия ин масъала мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ҳамзамон, дар дохили КВД «Бозори Истиқлол», воқеъ дар деҳаи Мискинобод ҳафтае 1 маротиба, рӯзҳои якшанбе соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф ба фурӯши маҳсулотҳои омехта машғул мешаванд. Нисбати кадбонуҳое, ки дар ҳавои кушод ба ном ошхона барпо кардаанд, аз тарафи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия низ чорабиниҳои маъмурӣ андешида шудааст.
Санаи 19.02.2023 кормандони маркази мазкур дар якҷоягӣ бо кормандони ШВКД дар ноҳия дар КВД «Бозори Истиқлол» санҷиш гузаронида, нисбати 14 нафар фурӯшандаи маҳсулоти хӯроки умумӣ чорабиниҳои маъмурӣ андешида, ба маъмурияти бозори номбурда барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳоди санитарӣ карда шуд.
Ҷ.Каримзода,
муовини раиси ноҳия