ХАБАРИ ДОҒ

Боғи нави фарҳангӣ дар Хатлон

  • Чоршанбе, Май 17 2023

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Бохтар мақолаи «Бохтар кай обод мешавад?», ки дар газетаи СССР нашр шуда буд, дар ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр бо иштироки шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдорро муваззаф намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки ш.Бохтар маркази вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, баъди васеъ гардидани марзи маъмурии шаҳр аз ҳисоби ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён шумораи аҳолӣ аз 70 ҳазор нафар то ба 128 ҳазор нафар расид. Дар ин асно шумораи воситаҳои нақлиёти шахсӣ низ даҳчанд зиёд гардида, зиёда аз 10 хатсайри нав ба маҳаллаҳои воридгардида ба фаъолият оғоз карданд.

 Боиси қайд аст, дар ш.Бохтар лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» амалӣ гардида истодааст, ки сохтмони муассисаи наклиёти мусофиркашонии корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» идома дошта, баъди ба истифодадиҳӣ 39 адад автобус вориди шаҳр мегардад. Дар доираи ин лоиҳа 52 адад истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳр сохта, мавриди истифодаи умум қарор дода шудааст.

 Вобаста ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии ш.Бохтар иттилоъ медиҳем, ки он соли 1956 таъсис ёфта, масоҳаташ 1,21 гектарро ташкил медиҳад. Боғи мазкур соли 2019 бо ҷалби соҳибкорон пурра азнавсозӣ гардида, дар он 12 арғунчак, 2 адад лимпопо, 1 адад чархофалак ва 1 дукони тезтайёр фаъолият доранд. Дар робита ба ин масъала қайд менамоем, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр дар ҳудуди заминҳои корами обии назди беморхонаи клиникии ба номи Бурӣ Воҳидов дар майдони 48 га қитъаи замин барои сохтмони Боғи фарҳангӣ ва Маҷмааи варзишии пӯшида ба нақша гирифта шудааст.

 Биноҳои истиқоматии нави баландошёнае, ки дар шаҳр сохта истодаанд, тибқи нақшаи генералии шаҳр амалӣ гардида, бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»-и ш.Душанбе мувофиқа карда мешаванд.

 Доир ба безарраргардонии сагҳои дайду аз ҷониби масъулини КДФ Хоҷагии коммуналии шаҳр дар якҷоягӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр корҳои мушаххас гузаронида шуда истода, дар ин давра зиёда аз 577 адад сагҳои дайду дар маҳаллаҳо безарар гардонида шуда, масъалаи мазкур зери назорат қарор дорад.

 Боиси зикр аст, ки МИҲД ш.Бохтар ба рушди фарҳанг ва нигоҳубини муҷассамаҳои шахсиятҳои маъруфу машҳур диққати ҷиддӣ медиҳад. Доир ба ин аз ҳисоби маблағҳои буҷет ёдгории таърихии «Хотираи неки шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ» дар маҳаллаи Хатлон, ки соли 1994 сохта шуда буд, таъмиру азнавсозӣ гардида, соли 2022 муҷассамаи сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳ Рудакӣ бо дастгирии ҶДММ «Фароз» таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети шаҳр муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Академик Бобоҷон Ғафуров ба маблағи умумии 450 000 сомонӣ аз тарафи ҳайкалтарош Раҳимҷон Ҳамдамов сохта шуда, аз нав дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров гузошта шуд.

Баротзода Ф. Р,

и. в. Раиси шаҳр

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter