ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Дарвоз рав!!!

  • Ҷумъа, Июл 07 2023

Шералӣ Кабир - дӯсти пешини ман ва вазири имрӯзаи саноати кишвар, воқеан ҳам қобили ситоиш аст. Ҳарчанд медонам, аслан намехоҳад дар борааш нависем, то ба «осиёби бадбинон-ш об нарезад!», вале чигуна метавон дар бораи нафаре нанавишт, ки фарзанди содиқи сарзамини Тоҷикон аст? Ӯ корҳое барои зодгоҳаш мекунад (ватан аз зодбум шуруъ мешавад!), ки басо афроди сарватмандтар аз ӯ намекунанд. Дар ватандӯстӣ ва патриотизм чун Шералӣ мебояд буду шуд! Ин тақозои зодбум на, ки проекти хеле хубу монданӣ ва нотакрори Прездиенти ҶТ аст, ки дар СССР таҳти лоиҳаи «Деҳи ман-Ватани ман!» 2 сол пайгирӣ мешуд. Ва шояд ин матлаб ҷамъбасти маънавии ин лоиҳа аст?!

Хотиррас мешавем, тибқи ин проекти нотакрори олиҷаноби сарвари давлати мо, ҳазорон-ҳазор сармояву вазифадор кӯшиданд деҳа, қишлоқ, кӯча, ноҳия, шаҳри худро обод кунанд. Ва Тоҷикистон имрӯз гулгулшукуфон гардиду назаррабо!

Вале ба таҳқиқ кам касоне чун Шералӣ дар ин ободкориҳо даст дошта будаанд, ки ман дидам. Пештоз мегӯям, ман бо даъвати Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба Дарвоз рафтам ва ин ҳама пешравию камбуду ободкориву нуқсе, ки дидам, бо амри виждон ин ҷо мекорам, то мардум ба таҳрик ояд ва ватани худро обод кунад... Хонандаи бо ман ошно медонад, ки рост мегӯям.

Мо Метавонем!!!

 

15.06.2023. Соат ба вақти Душанбе 21:23 дақиқа.  Ҳамааш аз он сар шуд, ки Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки мехоҳад кунияти “Ориёмеҳри Зардушт” бигираду наметавонад (бюрократия!!!), занг задаву гуфт, пагоҳ Карон меравӣ... “Меравӣ” чун савол ё хитоб садо дод, нафаҳмидам...

16.06.2023. Соат ба вақти СССР 08:11 дақиқа. Абдуқодир бо Одилу Тоҳиру Шоира вориди редаксия шудаву гуфтанд:

- Чӣ шиштаӣ?

Гуфтам, “Барои он ки мебошад!!!”. Шумо бо ман мувофиқа накардаед, рӯзу соати сафарро.

Шӯре бархост! Ҷамилаву Идибеку, Умари Шерхону ҳатто А. Собир гуфтанд:

-Бубояд рафт! Редаксия супориш дод: Дарвоз рав!!!

Айби худам: оқибати демократия барои ҳар роҳбар чунин аст. Ва кулоҳро ба сар гузоштаву галстукро аз гардан раҳо карда... рафтам ба Дарвоз!!! Дар лифт аллакай мешунидам, ки бачаҳо ғирев доштанд (не, ки сабр кунанд ақаллан дар маҳкам шавад):

-Зинда бод озодӣ!!! Шеф нест-озодӣ ҳаст,,,

Шӯробод ва масҷиди ҷомеъ

16.06.2023. Соат ба вақти Кӯлоб 11:47 дақиқа. Дар Кӯлоб моро Алии Беҳудуд бо фатиршӯрбош интизор аст. Вале ҳамсафарон гуфтанд, ки “обед дар Дарвоз!”. Раҳакӣ шудем. Воқеан ҳам шӯрбои болаззати Алиро дар бозгашт, рӯзи 18.06.2023, соати 13:07 дақиқа хӯрдем, ки лаззаташ то ҳол дар коми ман аст!

16.06.2023. Соат ба вақти Шӯробод, ҳоло Шамсиддин Шоҳин расо 13:00 дақиқа. Аз мардум пурсида, масҷиди ҷомеъ даромада, намози ҷумъаро гузоридем. Воқеан ҳам дар ин ноҳия на масҷиде буду на баландошёнае дар тӯли 70 соли советӣ. Вале район тамоман дигар шудааст. Шоҳроҳаш мисли Шветсария! На каму на беш. Равед ва бинед. Биноҳои баландошёнаи зебо, тарабхонаву ошхонаҳои шик ва муҳимтар аз ин, масҷиди хеле зебову тамизи 2 ошёна. Эмом-хатибаш бо забони сирф Тоҷикӣ ... ХУТБАИ ҶУМЪАРО ИРОА КАРД. Аҷаб кайфийяте. Дар Душанбеву дигар шаҳрҳо низ БОЯД хутба тоҷикӣ садо диҳад, то мардум фаҳмад дар бораи чӣ ё кӣ гап меравад. Шахсан ман намедонам, ки мулло бо арабии шикаста чӣ мегӯяд. Намоз, оре, арабӣ бошад, вале хутба охир, бояд тоҷикӣ бошад ку?!

 

Дарвоз - диёри афсонаҳо

16.06.2023. Соат ба вақти Бадахшон 14:33 дақиқа. Оре, аккурат мо дар 1,5 соат ба Дарвоз расидем! Ҳол он ки 3-4 сол пеш дар 5-6 соат ва 30 сол пеш дар ягон асру замон тавассути Даштиҷум ба Қалаи Хумб наметавонистӣ бирасӣ. Шоҳроҳест, ки рашк аз роҳсозони Аврупо мебарад. Чӣ расад ба афғонҳое, ки бо даҳони воз роҳу мошинҳои моро наззора мекунанд. Коре, ки 25-30 сол пеш мо мекардем...

Моро дар меҳмонхонаи Карон ҷо карданд. Вориди ҳуҷра шуда, ростӣ, ба чашмонам бовар накардам, ки дар ҳутали Дарвозам ва ё Хаят Реҷенсии Вашингтон?! Тамомии шарту шурути шик, замонавӣ ва муосир. Бовари кас намеояд! Чанде пеш мо дар бузургтарин меҳмонхонаҳои Эрон будем, вале ба ин ҳадд шику муосир набуданд!!!

16.06.2023. Соат ба вақти Дарвоз 18:17 дақиқа. То ҷо ба ҷо шудему наҳор хӯрдем, рӯи дарёи Хумбоб, ки шом фаро расид. Воқеан ҳам ман дар даврони донишҷӯӣ ошиқи 1 дарвозидухтар будам, ки канори ҳамин дарё мезист ва шеъраке шогирдона, вале пур аз самимият ҳам гуфта будам:

Хумбоб туро об бидода,

2 зулфи каҷат тоб бидода,

Субҳонахӯрон ба гирди кӯят,

Ҳар 1 зи дида шароб дода...

Субҳона ба маънии похмель-хумор аст. Вале ин муҳаббат дар гузаштаи дуру дарозе буд. Воқеан ҳам ҳоло он духтар, ки ҳатман модару момо ҳам шудагист, куҷо бошад???

Хулласи калом, шом майдони Дарвоз тасфид. Баромада дидем, ки Алишер Қаноатзода-дӯсти газетаи СССР базми тараби Ваҳдат дорад. Кӣ гуфт рақс нарафтем? Рафтем! Рафтам!!! Ҳатто нафаре дар ФБ навишт, мастед чӣ? Оре, маст будем. Маст шудем. Бе майу шароб. Мастии дидори дарвозиҳои нозанин, ки аз чашмонашон меҳру муҳаббат мешорид, мастамон кард. Воқеан ҳам инҳо ба ун мардумаконе, ки дар лаб хандаву дар лаб заҳру дар чашм кина доранд...монанд нестанд. Барои мардуми Дарвозро баҳо додан, бояд меҳмони Дарвоз шуд! Мардуми дилсофу хеле самимиянд ва ба Президент содиқ! Инро дар кӯҳманзар дидем, ки чун шаб фаро расид, чароғакҳое рушан шудаву ба Эмомалӣ Раҳмон дуруд мефиристоданд! Дар оинаи телефони аксарият, ман акси Сарвари Давлатамонро дидам!!! Ин кор-ку маҷбурӣ нест?! Ва баъдан фаҳмидам, чаро онҳо то ин ҳадд Президенти худро дӯст медоранд...

...Дарвоз, ки канори рӯди Панҷ қарор дорад, дар арзу тӯли даҳҳо км бо Афғонистон ҳаммарз аст. Ҳамагӣ 60-70 метр убартар дарвозиҳои дигар, вале дар Афғонистон, зиндагонӣ доранд. Танҳо дидани либоси ғажду дарида, хонаҳои валангор, набуди барқу алоқаи мобиливу интернетӣ, адами роҳу ҷода, пиёдаравии садҳо бечораву мазлуми ун сӯи Омӯ...ҳар нафарро маҷбур мекунад, гиребон гирифтаву тавба кунад ва шукронаи давлати тинҷу ободу озод, ки Тоҷикистон ном дорад!

 

Базми орифона

16.06.2023. Соат ба вақти Дарвоз 19:57 дақиқа. Моро ба ошёнаи 6, ба забони имрӯза маъруф-Пентхауз даъват карданд. Ин ҷо устодони таърихдону адабпарвардагони Дарвоз ҷамъ буданду якояк дар хидмати мо. 1 базми ширу шакар шуд. Устод Алимуҳаммад Муродӣ, ки аз Гулистони Восеъ ба кортежи мо пайваста буд, доди сухан медоду Шоирабону суруд мехонду Ҷамила мерақсид, Одилу Тоҳир барандагӣ доштанд ва Абдуқодир дар қироати шеър гӯйи сабқат аз Ҷибриил дармерабуд! Ман чӣ кор мекардам? Аз ҳамсафарон пурсед...

 

Карон-Элдорадои тоҷикӣ

17.06.2023. Соат ба вақти Қалъаи Хумб 08:30 дақиқа. Бояд соати 7,5 ҷамъ мешудем. Вале Шоираро кӣ намедонад? Ҳоло хурсанд ҳам будем, ки ақаллан соати 11 нафаромад. Ҳатто субҳона (ин ҷо ба маънии наҳор) нахӯрда, сӯи Карон шитобидем.

Аз Дарвоз ун тараф роҳҳо харобу валангор. Зеро таъмири капиталии шоҳроҳ то Ванҷ шуруъ шудааст. Лаб-лаби дарё мерафтему ман ба ун суӣ Ому нигариста, гиребон мегирифтаму шукру тавба мегуфтам. Кадом кишвари хориҷие ба ин бечораҳо кӯмаки башардӯстона оварда буду аз кампу хаймаҳо рехта, мунтазири 1 каф орду 2 буррида хлеб соатҳо қатор истодаанд. Ин дам маро кампҳои гурезагони Тоҷик дар соли 1992 ёд омад... Худо он рӯзҳоро ҳич гоҳ ба миллати ман дигар нишон надиҳад. Илло ба 2-3 калтасаги урупоӣ, ки аз дур аф-аф доранд. Ана ҳамунҳоро Худо ба ин рӯз гирифтор кунад. Омин! То бидонанд, ки хуни мардум рехтану миллатро ба ҷанг кашидану ба Аврупо фирор карданҳо охири моҷаро нест. Шаттаи гови мурдаро Илоҳо, бихӯранд. Бигӯ, омин, хонанда...

Махсус барои гурӯҳи мо роҳи Карон, ки болои кӯҳ, дар баландии 1700 метр аз сатҳи Дарвоз қарор дорад, бо булдозер тоза шуд. Сипос ба Олими Санг, бародар ва роҳбалади мо, ки ин роҳро барои мо ҳамвор карда буд.

Дар ин буландӣ моро Ҳайдаршоҳи Акбар-олими болобаланди хубтарҳе интизор будӣ. Устод Ҳайдаршоҳ, ки ҳоло роҳбаладии таърихии моро бар душ дошт, Шахсияти таърихист. Дар собиқ раиси н. Дарвоз ҳам буданду Вазири кишоварзӣ низ. Депутати Шӯрои олии РСС Тоҷикистон, иштирокчии Сессияи тақдирсози 16-ум дар Хуҷанд...

Ӯ моро бо Карон ошно мекарду ман ба дил мегуфтам:

-Барои исботи шаҳри қадимаи Карон будани ин баландӣ, ба Тоҷик боз чӣ намерасад? Оре, маҳз барои Тоҷик...

 

Зодбуми Зардушт

Устод Юсуфшо Ёқубов даъво дорад, Зардушт маҳз дар Дарвоз ва маҳз дар ана ҳамин Карон таваллуд шудааст. Салимшо Ҳалимшоев зодбуми Зардушт Кӯлобро мегуфт. Дар саргаҳи Карон Оташкадаи Бузурге то ҳанӯз побарҷост, ки онро на боду борон, на лашкари Искандару Қутайбаву Ланг хароб карда натавонистаанд. Коре, ки чанд рамабону гӯсфандпараст ҳатман хоҳанд кард. Дар поин шарҳ медиҳам ин моҷароро...

Карон дар эраи Санг сохта шудааст. Гувоҳи ин иддао қасру кушку ҳавзу манораву варзишгоҳест, ки аз табақсанг сохта шудаанд. Воқеан ҳам  Давраи Нави Санг, яъне НЕОЛИТ аз 6 то 2 ҳазор солро дарбар мегирад. Дар давраи охири неолит аввалин олоти мисӣ паӣдо шуд. Олимон ин марҳилаи мису сангро давраи ЭНЕОЛИТ меноманд. Бозёфтҳое, ки ин ҷо ҳаст гувоҳи бевоситаи умри то 7000 сол қабл аз ин рӯз доштаи Карон мебошанд. Ва дур нест, ки Зардушт маҳз дар ин шаҳри покон таваллуд шуда бошад.

Карон ҳавзҳои бузург, оташкада, мавзеи қурбонӣ (мегӯянд чорво забҳ мекарданд, аммо Ю. Ёқубов ҳадс мезанад, ки ин қурбонгоҳи то даврони Митроӣ, яъне исторапарастист ва дар ин ҷо духтарони дӯшизаро қурбонӣ мекарданд...Шахсан ман ба ин иддао мувофиқам!), майдони чавгонбозӣ, Кохи Шоҳ, посбонгоҳҳо, дижбонӣ, лӯлаҳои обгузар, ҳавзҳои захираи об барои чандин куб, ҳаммом, дахма... яъне атрибутҳои 1 шаҳри қадима мавҷуданд.

Тамомии биноҳо бо тахтасанг, яъне санги табиии зеркардашуда (пачақсанг) бунёд ёфтаву дар байни деворҳо ҷо-ҷое чӯб низ мондаанд. Акнун рӯ биорем, ки дар ин бора таърих чӣ мегӯяд? Бостоншиносон менависанд:

-Асри санг — қадимтарин давраи таърихии ташаккули инсоният, ки воситаҳои асосии кору меҳнат аз санг тайёр карда мешуданд. Агарчи дар имтидоди ин вақти бузург (аз 3 млн то 4 ҳазор сол қабл) чӯб ва устухон низ истифода мешуд, вале чун истифодаи олоти сангӣ бар ҳама ғолиб буд, он ба давраи санг номгузорӣ шуд...

Тахтасангҳоро аз мавзеи 40 км дуртар аз Карон бо аспу аробаву пилу уштур мекашидаанд. Зеро он даврон маданияти хиштрезӣ шуруъ нашуда буд ва бо тахтасангҳои табиӣ қасру кушк месохтанд!

Дигар чӣ ҷои шакку тардид? Ин исботи қадимият ва маҳз шаҳр будани ин баландист. Ва дар ҳолате, ки куллияи таъриху бостоншиносони хориҷӣ ин версия, ин иддаоро иззат мегузоранд, таърихшиносони Тоҷик зид баромад мекунанд. Онҳо 1 факт доранд-фактори маҳалл... Яъне чаро Карон дар Дарвоз бошаду дар қишлоқи инҳо не???

Ҳайфи шумо. Бархе мурда рафтанду ба гардан нигарифтанд, шогирдон пофишорона то гӯр ҳарб хоҳанд кард, ки Карон дар Дарвоз нест! Ҳайфи мо...

Ба пиндори сирф фардии ман, Тоҷикистон бояд Каронро ба расмият, аввал худ бишносад ва сипас ба ЮНЕСКО пешбарӣ намояд. Ва ин корро ҳарчӣ зудтар бикунад... Мефаҳмонам чаро...

 

Раиси Дарвоз куҷо менигарад???

Дуруст аст, ки на танҳо Карон, ки куллияи Дарвозро фарзанди шӯҳратёри ҳамин сарзамин-Шералӣ Кабир ободу зебо кардааст. Корҳои ҳафриётӣ низ бо сарпарастии ҳамин Шахсияти фарҳангу таъриху миллатдӯст поин омадаанд. Вале раиси н. Дарвоз бо чӣ коре банд аст, ки ин ҳафриёт футур мераваду парвое надорад?

Дар Карон расадхонаест, ки тибқи шуниди мо 64 адад Ситораи Довуд ё худ Гексаграмма дар он ҷой дорад, ки аз тамаддуни фарҳангу инсонсози ҷадди мо дарак медиҳад. Вориди расадхонаи гилин шуда, дуд аз димоғамон баромад. Бозёфтҳои нодирро ин ҷо ҷой кардаанд. Вале бар асари набуди назорат ва мавҷудияти посбонон гову хару бузу гӯсфанди мардум ин мавзеъро оғилхонаи худ қарор додаанд. Бузу хар-ку чӣ медонанд, ашёи нодир чист? Подабон-ку подабон аст дигар. Вале масъулини ноҳия магар муҳиммияти ин мавзеъро дарк намекунанд???

Расадхонаеро, ки дар он қадимтарин Гексаграмма дарёфт шудааст (ниг.ба акс), чӯпонҳо ба оғилхонаи гову бузу гӯспанд тадбил кардаанд... Ва медонед чаро? Зеро ҳукумати ноҳия коре намекунад. Чӣ магар Юсуфшо Ёқубу Ҳайдаршо Акбару Шералӣ Кабир омада ин ҷоро посбонӣ кунанд?

Раиси ш. Дарвоз муҳтарам Саидбурҳон Абдураҳмонзода наметавонад 2 посбон ҷудо кунад, то ин мавзеъи муҳими таърихӣ аз вандализми чӯпону подабонҳо эман монад?

 

Осорхонаи Қаноат хароб мешавад!

17.06.2023. Соат ба вақти Дарвоз 09:23 дақиқа. Ба Осорхонаи Муъмин Қаноат, шоири шӯрида омадем. Пайкараи баланди устод, ки зарҳалин аст, бо ҳамон шукӯҳу шаҳомате, ки соҳиб дошт, қомат задаву даст ба осмонҳо ишорат дорад. Вале...ҳарфҳо рехтаву навиштаҳо бехта ва рақамҳо валангор (ниг.ба акс). Атрофи осорхона зарду хазон! Ва ин дар ҳоле, ки бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ ҳамагӣ 20 метр поинтар аз ин осорхона мешорад ва Дарвоз лабшори чашмаҳои кӯҳист...

Бобои Маҳадбек Давлатбеков, ки ба тозагӣ посбони ин осорхона шудааст, фиғон мекашад, ки об нест ва гулу гиёҳ мехушканд. Маоши ин мӯсафед 500 сомонист, ки ҳич ба рӯзгораш намерасад. Меояд, қурси ноне таги каш, то гурусна намонад. Ҷои хоб чӣ, ки ҷои шишт надорад!

Муҳтарам раиси ноҳия Саибдурҳон Абдураҳмонзода, шумо боре ба ин осорхона омадаед? Ё аз пешаш гузаштаед?О, наход набинед, ки атрофи он пурра сухтаву хазон гаштааст???

Намедонам чаро, вале ба фикрам, соли раёсатӣ низ зиёд шуд, мисле, ки солхӯрдагон дигар парвои зиндагонӣ надоранд, бархе раисҳои “дарозумр” низ дигар парвои маъсулият надоранд. Ин ҳамтушба, инфо барои андеша. Мо Метавонем!

 

Чорчаман-биҳиште, ки одам сохтааст!!!

17.06.2023. Соат ба вақти Дарвоз 12:00 дақиқа. Ба мо Олими Санг амр мекунад, ки “барбандед маҳмилҳо!!!”. Ба Чорчаман меравем...

Ростӣ, тавсифу тасвири ин мавзеъ дилхоҳ килкро мешканад. Зӯри ман низ намерасад, ки ин зебоиро ба ту, хонандаи ин сутур қисса кунам. Зимнан даъват мекунам, ки ҳатман рав ва Биҳиштро дар рӯи Замин бо чашми сар бубин: Редаксияи газетаи дӯстдорат супориш дод: Биҳишти сунъӣ рав!

Гулу гиёҳу раёҳин, буттаву сабзаву дарахтони бисёрсола... обҳои фаровони паррон, шаршараҳои табиӣ ва сунъӣ, кушку коху тарабу меҳмонхонаҳои замонавӣ ин ҳамаро дар 1 мавзеъи кӯчаке, ки садсолаҳо вайронгаҳе буду имрӯз ҷавлонгаҳ аст, сохтану бунёд кардану ба сайёҳони ватаниву хориҷӣ пешкаш кардан, ҚАҲРАМОНИСТ!!!

Дар Кохи шишаҳо

Шом чун даррасид, дар “Кохи Шишагин” моро сюрпризе мунтазир буд. Чун базму тараб ва суруду шеърхонӣ ба нуқтаи авҷ мерасид, нохост Устоди устодони санъати миллӣ Ҷӯрабек Муродов бо писараш Ҷонибек ва дӯсташ Шукруллоҳ вориди базмгаҳ шуданд. Устод бо нидои “аз артисти халқии СССР бар сардабири СССР салом!” маро ба оғӯш гирифт ва баъдан базми ширу шаккар, дуэли мактаби Ҷӯрабеку мактаби Акашариф Ҷӯраев шуруъ шуд. Муғанниҳои дарвозӣ 2 байт бо сабки Акашариф мегуфтанду устод 2 байт бо усули мактаби вежаи хеш месуруд. Ҳай зебо буд ин шаб, ки шахсан ман дар умри худ камтар аз чунин маҳфиле дар хотир дорам...

17.06.2023. Соат ба вақти Чорчаман расо 23:30 дақиқа. Устод гуфт, ки вақти хобашон даррасидааст ва “дар синни ман бояд аз гапи духтур бадар нарафт!” ва сӯи табибашон-Ҷонибек Муродов табассум кард. Аҳсанту офарин бар устод, ки ҳини хайрухуш бо якояки ҳозирин сар аз муғанниву меҳмон то пешхизмату фаррошу ошпазҳо дастфишорӣ карданд. Аҳсант, ба Ҷонибеки Мурод, ки падари хешро чун гавҳараки чашм ҳифз ва нигоҳбонӣ мекунад. Чунин фарзанд доштан орзуи ҳар падар аст...

 

Фарзанди нек боғи падар

Чун дар бораи фарзанд сухан рафт, намешавад 1 нафари дигарро нагуфт. Дар бораи Шерзоди Кабир-шоҳписари Шералӣ Кабир, ки падари бузургвор асло намехост, дар бораи писараш (ва тем более худаш) ҳарфе занем... Вале мешавад инро нанавишт?

Шерзод ба тозагӣ, 2 рӯз пеш, Университети Амрикоро хатм кардаву омадааст. Қабл аз ин 7 сол дар Швейтсария мехонд ва толиби воқеии илму маърифат аст. Ончунон миллист, ки билотасвир. Ӯро дидаву гуфтам, иншооллоҳ, ин миллат, бо инчунин ҷавонон  шикастнопазир ва ҷовидонист! Новобаста ба шалпариву лакотӣ,  ӯ чун фаҳмидаст, ки гурӯҳи адибону журналистон ба Дарвоз омадаанд, моро пазироӣ ва ҳамсафарӣ ва хидмати писарона мекард...

Дар бораи Шерзод танҳо 1 чиз мегӯям:

-Ҳоло хонанда, ҳатман номи ӯро хоҳӣ шунид. Зеро иқтисоддони қавӣ ва файласуфи донишманд аст. Аз ӯ бӯи Муъмин Қаноати сонӣ ба машом мерасад...

 

Сӯи пойтахт...

18.06.2023. Соат ба вақти Чорчаман 09:30 дақиқа. Бо дили кашол ва хотири малол, ки Биҳиштеро тарк мекунем, сӯи Душанбе бор бастем. Шоирабонуи нозанин табиист, ки бо ҳар баҳона ин фироқро аз Чорчаман тӯл доданӣ буд, вале рафтан лозим аст, Шоира! Меравем...

Чун фироқи Биҳишти сунъӣ ногузир гардиду мошин аз Чорчаман берун мешуд, нохост ин 4 мисраъ ба хотирам расиду баланд гуфтам:

Ё Раб, ки зи дӯстон ҷудо бод фироқ,

Пайваста ба душман ошно бод фироқ!

Ҳар лаҳза асири 100 бало бод фироқ,

Яъне ба фироқ мубтало бод фироқ!!!

То дидор Чорчаман! То боздид Карон!! Рӯзгорат ба хайр, Дарвоз!!!

Мо метавонем!!!

С. Мизроб

Душанбе-Кӯлоб-Шуробод-Дарвоз-Карон-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter