Эътибори мову ту дар зиндагист,
Баъди мурдан ё биоӣ, ё нао!!!
Рӯзи марги Чилахон Холови нозанин, ки очерки портретии ман нашр шуда буд, бо Умари Шерхону Идибек Маҳмудҷонов газетаро бурдаву бар ҷанозахонон тақсим кардем. Аҳсанту офарини ҳозирин баланд мешуд ва аз ин кори кардаамон меболидем, ки Лутфуллои Давлат гуфт:
- То одам намурад, ту дар борааш наменвисӣ-а?!
Хандидем, вале баъдан сахт ба андеша рафтам! Хеле дуруст эрод гирифт, ҳунарманди нотакрори мо. Чаро чунин шудаем, ки «то одам намурд ба қадраш намерасем?! То одам намурд дар борааш наменависем? То одам зинда аст, ҳақорату дашному ғайбаташ мекунем! То одам намурд намегӯем, чӣ марде буду чӣ ҳунармандеву чи олиму чӣ инсоне?». Зимнан ман имрӯз, хатои усулии хешро ислоҳ карда, дар бораи Саъдии Маҳдӣ менависам! Ба зиндагияш. Мо метавонем!!!
Саъдии Маҳдӣ бо тамомии атрибуту талаботҳои ҷавонмардӣ мард аст. Метавонад ба дуэл барояд! Метавонад, бар даҳони арбадаҷӯ муште фурорад. Метавонад нафареро, ки ба фарҳанги миллӣ халал ворид карданист, шаттае бар фарқи сараш занад! Метавонад ҳар бодиеро, ки бар миллату ватан тавҳин мекунад, дар ҷояш шинонад.
Намедонам чаро, вале дар ҷамъияти имрӯзаи мо аксарияти кулл дар нисбат ба хору залилсозони Тоҷик бетаваҷҷӯҳ ва бе тараф шудаем. Ҳол он ки бетарафӣ модари хиёнатҳост. Ва агар пайғамбари охирзамон (с) майу шаробро уммулхабоис-модари палидиҳо ном бубарад, пас, ман бетарафиро модари хиёнатҳо унвон мегузорам. Мо Метавонем!
Саъдии Маҳдӣ бетараф нест! Ӯ филтри имону инсофи ҷамъияти мост! Бо гурӯҳи Ормонҳои Миллияш, ки чанд сол пеш таъсис дод, 25 соат дар 1 шабонарӯз дар набард аст (Ман ҳам медонам, 1 сутка 24 соат аст. Вале ӯ соате бештар бар ин «суткаи ҷангу набард» ёфтааст). Онгуна серкору сертараддуд мебошад, ки ҳатто навишти рисолаи докторияшро, ки дар арафаи анҷомёбист, харҷи таҳоҷуми иттилоотӣ мекунад. Аз Саъдии Маҳдӣ на танҳо душманони миллат, ки ҳатто мансабдорон метарсанд. Метарсанд, ки сухани хубу тавсифи ҷоизе дар нисбат ба ӯ нависанд, мавриди ҳуҷуми ЧИЗ ва Калтасагҳои урупоиву бевамардакҳои наҳзатӣ қарор мегиранд... Воқеан ҳам инро ЧИЗ бо думравонаш ва наҳзатиҳои шаурмахӯр низ нек медонанд ва ҳуҷумро сари нафаре шуруъ карданд, бо ҳақорату дашному фисқу фуҷур ва тӯҳмату ғайбат гузориши худро оро медиҳанд. Интернет ку дигар шаҳри бедарвоза аст ва масъулини ҳукумати мо метарсанд. Метарсанд, ки мавриди интиқоду ҳақорат қарор нагиранд. Калтаҳо ва ЧИЗ-ҳо бо ана ҳамин фишорҳои интернетӣ 1 давлатро дар ҳолати тарсу навмедӣ қарор додаанд...
Вале Саъдӣ дигар аст. Ӯро аз ин ғавғои сагони калтаи думбуррида, наҳзатиҳои наҳс ва дариюсу даюсакҳои урупоӣ пашор намебарад. Зеро медонад, ки ҳақ аст. Зимнан вақте дар бораи Саъдии Маҳдӣ дар Кӯлоби бостонӣ-зодбумаш мегӯянд, ки ӯ, яъне Саъдӣ «Бачаи пеши Кӯлоб» аст, маҳалгароёнро ғаш меояд. Воқеан ҳам дар бораи маҳалгароии Саъдӣ. Ин ки ӯ Кӯлоб - зодгоҳашро дӯст медорад, чӣ ҷои андеша аст? Кӣ, ким, кто зодбумашро дӯст намедорад? Ҳамин мардуме, ки усулан аз 1 маҳалланду думи Саъдиро зер мекунанд, оё намедонанд, ки маҳалчии ашадд худашонанд? Медонанд! Ещё как медонанд!!! Инҳо моҳе 1 бор ҳатман во хӯрда плану нақшаҳои ҳуҷуми иттилоотӣ сари намояндагони ин ё он маҳал мекашанд. Бо имзои мустаор, ки бавақт фоши мост, аз Калтаву ЧИЗ пуштигирӣ менамоянд, вале ҳар субҳ инсофашонро, виждонашонро, имонашонро сари қуббаи галстук мустаҳкам карда, ба кор меоянд ва мадҳиясароӣ мекунанд. Инҳо касеро мадҳ кардаанд, сарашро хӯрдаанд. Мисоли барҷастааш - Зайд Саидов, Ёқуб Салимов, Ғафор Мирзоев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Умаралӣ Қувватов ва дигарон. «Пешвояшон» мадҳиясаройи фардии Маҳмуд Худойбердиев аст, ки ахирӣ ба ватан хиёнат кардаву чандин тоҷики бегуноҳро кушта буд. Заҳрпечаканд инҳо ва бар бадани ҳар нафаре печанд, ҳатман аз роҳ мезананду хушк месозанд.
Саъдии Маҳдӣ аз ин зумра на танҳо нест, ки фисқу фуҷури ишонро фош мекунад. Ба маъние ӯ диссернети хиёнаткорони миллист. Ҳаргиз гузашт ва мувофиқаро намедонад. Дипломатияи гузашт бар хоини Ватан барои Саъдӣ бегона аст. Зеро сиришташ комилан аз гили ҷавонмардӣ шӯридаанд.
Олимест фарҳехта ва донишмандест вораста. Кам касоне медонанд, ки охирин Муфтии Бухорои Шариф аз табори ӯ будӣ. Падараш Махсуми Маҳдӣ аз ворастатарин пуштибонони мазҳаби Ҳанафия буданд, ки баъди инқилоби Октябрӣ, дар тӯли 4 даҳсола беш, нагузоштанд, ки парчами имону ислому мазҳаби ҳанафия поин шавад. Барои пуштибонӣ аз мазҳаб Махдуми Маҳдӣ чӣ азобу уқубатеро пушти сар кард, Худо медонаду худаш. Зимнан Саъдии Маҳдӣ низ аз пуштигирони мазҳаби расмии давлати Тоҷикистон аст ва ҳамеша бо салафияву ваҳҳобия ва ташаюъи 12-имома (фарқ гузоред аз Исмоилия!!!) дастобагиребон. Ва ин ки Саъдии Маҳдӣ зидди ҳамагӣ 1 неозардуштӣ - Абдуқодири Абдуқаҳҳор намешӯрад, низ аз ворастагияш дарак медиҳад. Ӯ бо ин рафтор гуфтанист, ки «Эй, бародарон, Исломе, ки ман мешносам, ба пуштибонии ману ту ниёз надорад!»...
Саъдии Маҳдӣ Шоҳномашиноси нотакрор низ ҳаст. Ва агар касе рисолаи илмии ӯро варқ занад, ба ин гуфта мувофиқат мекунад. Рисолааш дар бораи корбасти вожаҳои «кулоҳу худ» дар ин шоҳасар аст. Китоби «33-мақолааш», ки дар сайти интернетии СССР.tjҷойгир мебошад, гувоҳ аз ворастагии андешаи ин асилзода аст. Ин ҷо саре занед:http://cccp.tj/images/kitob/33makola.pdf
Онҳое, ки бо муаллим дар мавриди ба хатти арабиасос гузаштани расмулхатти давлатӣ баҳс мекунанд, намедонанд, ки арабиву форсиро ақаллан дар сатҳи ҳудудан 10% тавоноии устод Маҳдӣ балад нестанд. Зеро Саъдӣ ҳам Шоҳномаро бо ҳуруфи асл хондаасту ҳам қории комили Қуръон аст! Оре, Қруъонро медонад, вале мулло нест. Барои дарки ин мантиқ бояд мисли ӯ вораста буд!
Вежагии дигари Саъдӣ, ки уламои душанбегӣ ҳиҷ вақт намебахшандаш (!!!) ин ҳам ҳаст, ки ӯ дастпарварди факултаи филология, ё шарқшиносӣ ва ё журналистикаи ТГУ ба номи Ленин нест. Ӯ ПедИнститути Кӯлобро хатм кардааст. Ва дар тасаввури мо намегунҷад, ки 1 музофотӣ аз мо донишмандтар бошаду омада декани факултети журналистикаи ДМТ шавад. Ин низ 1 майдамаҳалгароии мо - олимони соҳа аст, ки фикр дорем, аз ҳама баақлтаракҳо ҳатман ин ҷо бояд мехонданд! Фикри комилан хатост. Зеро Саъдии Маҳди ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ ба Душанбеву Самарқанду Тошканд рафта, соҳиби медали тило мешуд ва гӯйи сабқат аз дасти мо дармерабуд.
Мо басо ибораҳои бехтае дорем, мисли Модари Миллат, Падари Миллат, Духтари Миллат... Ва агар аз ин ҳақиқати бебаҳс бархезем, пас Саъдии Маҳдӣ бе ҳеҷ шакку тардид Писари Миллат аст, зеро пуштибону пуштигири Миллат аст...
... Имрӯз Саъдии Маҳдӣ, фарди якрӯя, якҷиҳата, якфоқа ва ЯГОНА пуштигири ҷасур ва ҷавонмарди Миллат, бо имзои хусусӣ дар ҳазорхонаи Интернет, ба синни мубораки 55 мерасад. Муборакаш бод, ин қуллаи юбилей. Муборакамон бод, ки дар 30 соли ахир чунин пуштигири мазҳабу миллату Ватан дорем. Мо Метавонем!