ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 04 2021

   20 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба н.Файзобод сафари кориро анҷом дода, бо  корҳои созандагию бунёдкорӣ ва натиҷаҳои назарраси ноҳия аз наздик ошно гашт. Роҳбари давлат ба соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар пешравию ободонии ноҳия саҳми худро гузоштаанд, арзи сипос намуда, барои бунёди шаҳраки 25-солагӣ дар деҳаи «Хоҷамард»-и Ҷамоати деҳоти «Ҷавонон» санги асос гузоштанд.

   Бунёди шаҳраки 25-солагии Истиқлолиятро соҳибкор Манучеҳр Каримов ба зимма гирифта, ба роҳбари давлат ваъда дода буд, ки шаҳраки 25-солагиро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бунёд мекунад. Аммо бо гузашти 2 сол на аз бунёди шаҳраки нав хабар ҳасту на аз санги асоси он-санги асос нест.  Ба ҷойи бунёди шаҳраки нав бинои фермаи комплексии деҳаи Хоҷамардро тахту ҳамвор карда, ба фурӯш гузоштанд. 

   Яъне ҳам ҳукуматро фиреб доданд ва ҳам мардуми ноҳияро, ки умед доштанд дар шаҳраки нав соҳиби хонаву дар мешаванд…

Ҳокими Сафар, 

н.Файзобод

 

Чоршанбе, Июл 28 2021

Салом ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Ман 1 чизро намефаҳмам: чӣ лозим иваз кардани рақами хатсайрҳо? Моҳе қабл хатсайри №33 ба рақами №55 иваз карда шуда, ин амал мо мусофиронро гаранг кард. Зеро дар истгоҳҳо мо микроавтобусҳои хатсайри №33-ро интизорему ба ҷойи он беогоҳӣ №55 меояд, ки ноошност. 

Дигар ин, ки мо мусофирони хатсайри №33 маршрутро хуб медонистем-он тавассути кӯчаи Соҳилӣ равуо менамуд. Ҳамакнун микроавтобусҳои №55 сарҳуй шудаанду тавассути дилхоҳ кӯчаву хиёбон рафтуомад мекунанд. Ман 3 маротиба шуд ба микроавтобуси №55 нишаста, сарсон мешавам-якум он маро ба ҷойи к.Соҳилӣ, тавассути к.Н.Қаробоев бурд, дуввум он ки дар гардиши Маркази автомобилӣ (Автосент) «дигар намеравам» гуфта, партофт, сеюм бошад, дар истгоҳи Маркази савдои «Садбарг» «ман Ваҳдат бор мекунам»-гуфта, мардумро фаровард. Аксари ронандагон то истгоҳи охирин-Чимтеппа намераванду аз назди бозори «Корвон» мегарданд…

Ин чӣ гап аст? Чаро хатсайри беҳтарини пойтахтро тағйири ному рақам карда, ба бадтарин табдил додед, муҳтарам масъулин? 

Муҳаббат Ализода, омӯзгор, 

ш.Душанбе

 

Чоршанбе, Июл 21 2021

Салом СССР-и азиз! Мо 1 гурӯҳ сокинони биноҳои №9-и к.Н.Қаробоев ва №118-и к.Мушфиқӣ аз дасти шахсоне, ки бидуни иҷозату муҷавиз ва розигии сокинон худсарона ба амалҳои нодуруст даст мезананд, шикоят дорем. 

Дар шафати бинои мо беш аз 20 сол аст, ки дӯкони фурӯши газетаву журнал фаъолият мекунад. Фурӯшандаи ин дӯкон зани тозакор буда, гирду атрофи дӯкон низ ҳамеша тозаву озода аст. Вале чанде пеш бо баҳонаи гузаронидани қубурҳои оби гарм ин мавзеро кофта, пас аз таҷдид дӯкони газетафурӯширо ба таги бино оварда монданд. Инаш дарди ба хайр аст, чун дӯкон ба касе зарар намеорад, вале баъзе ашхос бо истифода аз мансаб ба паҳлӯи дӯкон боз 2 дӯкони дигар-ошхонаи «Тез-тайёр» ва ларёки фурӯши меваю сабзавотро, ки ба Иттиҳодияи «Тоҷикматлубот» дахл дорад, гузоштанду мушкилоти мардум сар шуд.

Ошхонаи «Тез-тайёр» ва ларёки шафати он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, шояд тозагиро боре ҳам надидааст. Тамоми партови ин 2 дӯкон дар ҷӯйбори гирду атрофи бинои мо рехта, вазъияти эпидемикиро боз ҳам бадтар мекунад. Ҷойе, ки ин 2 дӯконро гузоштаанд, бояд сабзкорӣ карда шавад, вале ба ҷойи ободонӣ, баръакс пур аз ифлосист!

М.Ташрипова, С.Мирзоева, О.Мӯсоева, У. Бобоева, М.Давлатов, Х.Идрисов, Г.Умарова ва боз 7 нафари дигар

 

Панҷшанбе, Июл 15 2021

 

Дар замони шӯравӣ ва дур намеравем ҳатто дар солҳои аввалини истиқлолият вақте ба боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳия медаромадӣ, ҳатман ҷавонони зиёдеро медидӣ, ки саргарми бозиҳои варзишӣ буданд. Агар дар 1 тарафи боғ гурӯҳе волейбол бозӣ дошт, дар гӯшаи дигар шашкаву шоҳмот мезаданд, ҳоло чӣ? Чӣ насле ба воя расида истодааст, намефаҳмам! Ин насл на салом дораду на эҳтиром на хоҳиши таҳсилу касбомӯзӣ ва на ақлу идроку андеша ва на рағбати варзиш! Бо ин ҷавонон ба куҷо равонаем?

Алии Баҳманруд, хонанда ва мухлиси газетаи мардумӣ, н.Темурмалик

 

Чоршанбе, Июл 07 2021

 

Дар даврони СССР дар маркази ш.Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) корхонаи дӯзандагӣ бо номи «50-солагии СССР» фаъолият мекарду дар он беш аз 1000 нафар зану мард машғул буд.  Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ин корхона барҳам хӯрда, солҳои тӯлонӣ аз кор монд. Айни ҳол дар заминаи он сехи дӯзандагии ҶДММ «Меҳровар» кушода шуда, 35 нафар занҳои хонашинро ба ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин намудааст. 

Ҳоло мо нигарон аз онем, ки ширкатҳои хориҷӣ ва берун аз вилояти Хатлон омада бо тамоми муассисаҳои таълимӣ ва мақомотҳои қудратии вилоят бо ҳар роҳ шартнома мебанданд. Ман ҳамчун роҳбари ин коргоҳи дӯзандагӣ ба Агентии таъминоти амволи махсус барои ҳамкорӣ муроҷиат кардам, аммо натиҷае нест. Мақсади ман он аст, ки ин 35 зан бекор намонанд… 

Комил Сафаров, ш. Бохтар (тел: 90 500 50 75) 

 

Чоршанбе, Июн 30 2021

Баъди солҳои соҳибистиқлолӣ синамогарони тоҷик ба он муваффақ шуданд, ки чандин кинофилмҳои бадеӣ, таърихӣ, ҳуҷҷатиро пешкаши тамошобини пурбардошту пуртоқат намоянд. Чаро пурбардошту пуртоқат-савол ҷавоб мехоҳад. Дилхоҳ кинофилме, ки шабакаҳои ҷумҳуриявию вилоятию ноҳивӣ пешкаши тамошобин менамояд, саросар аз ғуссаю алам саршор мебошанд. Дар аксари филмҳои синамогарони тоҷик ҷаноза, мурдагуркунӣ, гиряю нола, фироқи бепадарию бемодарӣ пешкаши тамошобин мегардад. 

Дар филмҳои “Коса”, “Муаллим”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Марди мутаалиқи ду зан” ва ғайраҳо яъсу ноумедӣ, беҳуқуқии зан, гиряву нола, мурдан дар хорию зорӣ ба риштаи сужа кашида шудааст. Ин филмҳоро тамошобин дида, барои худ ғайр аз навмедӣ чизи дигаре эҳсос намекунад. Ҳоли қаҳрамононе, ки аз дасти замона , фарзандон, наздикон ба ҷабру ҷафо гирифтор шудаанд ва барои ҳаёти худ коре карда наметавонанд, тамошобинро ба гирдоби ғам мекашад ва хоҳ-нохоҳ ашки чашмаш мешорад. 

Масалан, падарро дар оғил ҷой кардан, аз сари китфи писар ба даруни қабр афтидани падар, зани бешавҳар бо кӯдаки хурдсол дар хона зиндагӣ намуда, зери фуш-фушҳои марди лаққӣ монда, навҳаву фиғони ятимбачагон ва ғ. ва ҳ.  ва амсоли ин ҳаракатҳое, ки касро ба яъсу навмедӣ мебарад. 

Ҳунармандонро низ мо куштем!

Дар давоми 1 соли охир ҳунармандони асил-Саврӣ Сабзалиева, Раҳмондӯсти Қурбониён, Марат Орифов аз дасти пирӣ ва касалӣ нафавтидаанд. Онҳоро ролҳои иҷронамудаашон, ки пур аз ғаму дарди қаҳрамонҳояшон буд, ба хонаи охират гусел кард. Дар айни камолоти эҷодӣ, ҳангоми додани овоз Назирмад Мӯсоев ба олам падруд гуфт. Бовар кунед, овози ӯ низ ҳамеша садои нақши гирёнчакеро ба гӯш мерасонид. 

Бо ин гуфтаниям, ки сенариянависҳою синамогарони тоҷик аз филмҳои маишии пур аз ғаму дард, ки пешкаши тамошобин мекунанд, худдорӣ намоянд. Вақти он расидааст, ки қаҳрамонии халқи тоҷикро, ки давоми солҳои истиқлолият ба даст омадааст, пешкаши тамошобин намоянд. Киноҳои мо пурраву комилан ба шаҳрвандони Тоҷикистон яъсу номуедӣ ва нобоварӣ аз фардо талқин мекунанд. Чӣ магар сенариянависони Тоҷик ба фардои кишвар бовар надоранд???

Бовар дорам, тасвири хушҳолиҳо ва ҳаёти осоиштаву пурумед ба дарозумрии ҳунармандон низ таъсири мусбат мерасонад ва иҷрокунандаи нақши қаҳрамонҳои олиҷаноб  сакта шуда намемуранд...

Зайнулобиддин Ҳусейнов, 

деҳаи Гулибодом, н.Ёвон.

 

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 66

Китобҳо

Flag Counter